БА ОЯНДАИ ФАРЗАНДОН БЕФАРҚ НАБОШЕМ

Оянда ва истиқболи ҳар як оила ба мустаҳкамии он вобастагии қавӣ дорад.

Ин дар навбати худ истиқболи халқ ва ҷамъиятро низ муайян месозад. Давлат ва ҷамъияти мо ба таҳкими оилаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад. Бо вуҷуди ин дар соҳа ҳанӯз муаммоҳо ҷой доранд. Алалхусус, дар байни оилаҳои ҷавон зиёд будани ҳолатҳои қатъи никоҳ касро ба ташвиш меоваранд. Зеро ин иллат боиси афзоиши миқдори кӯдакони зиндаятим мегардад. 
Халқи мо аз азал оиларо муътабар мешуморад, шаъни оиларо барои худ орият медонад, онро аз чашми бад ҳифз мекунад. Дар дунё барои фарзанди одам аз оила муқаддастар ҷое нест, зеро ҳаёташ аз оила ибтидо мегирад. Маълум аст, ки дар байни халқамон одатҳое ба ҳукми анъана даромада ҳам ҳастанд, ки сабаби заволи оила мешаванд.
Чунончи, ҳангоми хонадоркунии писар ё худ ба шавҳар додани духтарон ба бегонагон не, балки бештар ба хешу таборони наздики худ майл мекунем. 
Духтари амакам, ҳамин бегона нашавад, ба писарам хонадор кунам, мегӯему дар хусуси бахту саодати ояндаи ин оила андеша намекунем.  
Ба маркази мо бисёр занону духтарон бо ҳар гуна масоилу муаммоҳо муроҷиат мекунанд. Мо ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ медиҳем, кумаки амалӣ мерасонем. Чунончи, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз шаҳрвандон 250 муроҷиат гирифтем. Аз ин 220 муроҷиат дар ҷойҳо пурра ҳаллу фасл шуданд. Ба 75 нафар бонувони камбизоат, ки ба мо муроҷиат карда буданд, касби дӯзандагиро аз тариқи мутахассисони бомаҳорат омӯзонидем. Ба 10 нафар оилаи ночор аз тарафи марказ кумаки моддӣ расонида шуд. Ба 30 оилае, ки дар арафаи ҷудошавӣ қарор доштанд, маслиҳатҳои муфид дода, аз ҷудошавӣ нигоҳ доштем. Аз ҳама муҳимаш пеши роҳи 15 оилае, ки бояд дар асоси никоҳи хешутаборӣ бунёд мешуд, гирифта шуд. Зеро аз таҷрибаи тиббиёти замонавӣ медонем, ки никоҳи дар асоси хешутаборӣ бунёдёфта, ба фоҷиаҳои ғайричашмдошт оварда мерасонад. Собит шудааст, ки аксари кӯдакони маҷрӯҳу ногиро аз чунин оилаҳо ба дунё омадаанд.
Дар натиҷаи никоҳи хешутаборӣ кӯдакон нафақат ногирону маъюб таваллуд мешаванд, балки касалиҳои наслӣ ҳам мунтазам аз насл ба насл сироят карда, ба оила ва ҷамъият зарари моддӣ, ҷисмонӣ ва маънавӣ мерасонад.
Воқеаеро, ки ҳанӯз ҳини таҳсил дар Самарқанд рух дода буд, ёд дорам. Ҳар гоҳе тақдири шуми он оила ба хотирам ояд, дилам ба дард меояд.
Дугонаам фақат як бародар дошт. Баъди хатми таҳсил масъалаи дарёфти арӯси муносиб барои бародари ӯ ба миён омад. Ҳар кас номзадеро пешниҳод кард. Дар оила бино бар писари ягона буданаш падару модари дугонаам духтари додари падараш – Дилоромро интихоб карданд. Илова бар ин онҳо давлатманд буданд. Падару модари писар намехостанд, ки ба ин сарват каси  бегона соҳиб шавад. Дилором хеле зебо ва соҳиби маълумоти олӣ буд. Ин хоҳиши падару модар ба бародари дугонаам низ маъқул шуд. Тӯй хеле бодабдаба ва гуворо гузашт. Падару модар хурсанд, арӯсу домод низ бахтёр. Аз миён соле сипарӣ гузашту арӯс ҳомила шуд. Хурсандии ҳамагон ҳадду канор надошт, хусусан арӯсу домод. Вақту соаташ расиду кӯдак ба дунё омад, вай заиф буд ва бар замми ин дилаш нуқсон дошт. Аз хурсандии аввала асар ҳам намонд. Аз байн фурсате гузашту ҳама ба ин ҳолат одат карда монданд. Лекин рӯзи модар фақат дар шифохона барои табобати кӯдак мегузашт. Солҳо сипарӣ шуданд, арӯс боз ҳомила гашт. Ин навбат низ ҳама иштиёқи шунидани хушхабар буданд. Кӯдак таваллуд шуд, аммо ҳар ду чашмаш кӯр буд. Шифокорон хулоса бароварданд, ки ҳамаи ин оқибати издивоҷи хешутабории арӯсу домод аст. Оила ба ғамхона табдил ёфт...
Хуллас, аз никоҳи хешутаборӣ ба дунё омадани фарзандони ҷисмонан ва маънан комилу солимро касе кафолат дода наметавонад.
Дар ин бора мутасаддиёни маҳалла ва ходимони шуъбаҳои ақди никоҳ, кормандони тиббиёт бояд ҳамҷиҳатона корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бубаранд. Наслу насаби ҳар ду ҷонибро ҳаматарафа ва мукаммал омӯхта, одобу ахлоқи номзадҳоро санҷида, баъд ба ин кори хайр даст задан ба мақсад мувофиқ аст. Зеро маълум аст, ки кишвари фарзандонаш солим пурқудрат хоҳад буд.

Манзура АБДУЛЛОЕВА, 
роҳбари шуъбаи вилояти сурхондарёгии Иттиҳодияи занону
духтарони ҷумҳурӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: