ТАРТИБОТИ «ФАЗОИ КУШОД» РАҚОБАТРО ПУРЗӮР МЕГАРДОНАД, НАРХҲОРО КОҲИШ, МИҚДОРИ САЙЁҲОНРО АФЗОИШ МЕДИҲАД

Тартиботи «Фазои кушод» чӣ маъно дорад?

Тартиботи «Фазои кушод»   чӣ маъно дорад? Агар ин низом ҷорӣ карда шавад, оё ба фаъолияти ширкати ҳавопаймоии миллӣ таъсири манфӣ намерасонад? Ба мусофирон чӣ гуна имкониятҳо дода мешаванд, оё нархҳо поин хоҳанд рафт?
Хабарнигори ӮзА ба мақсади посух гирифтан ба ин суолҳо бо муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷасурбек ЧОРИЕВ суҳбат кард.
— 12 июни соли 2020 вазири нақлиёт оид ба ҷорӣ намудани «Фазои кушод» дар ҳамаи фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон фармон содир кард. Фармони мазкур мувофиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 феврали соли 2019 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан такмил додани системаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи нақлиёт» ва 13 августи соли 2019 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ба мақсади баланд бардоштани самаранокии ислоҳоте, ки дар соҳаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ ва сайёҳӣ татбиқ мешаванд, таҳия шудааст.
Аз 1 августи соли 2020 сар карда тартиби «Фазои кушод» ба муддати ду сол то охири мавсими «зимистони 2022/2023» бо имконияти дароз кардан ё тағйир додани шароити Созмони байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ ҳангоми татбиқи қонуни «озодии панҷуми ҳаво» дар 10 фурудгоҳи минтақавии Ӯзбекистон ҷорӣ карда мешавад.
Мувофиқи фармон дар фурудгоҳҳои Қаршӣ, Нуқус, Тирмиз, Бухоро, Навоӣ ва Урганҷ режими «Фазои кушод» бидуни ягон маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар фурудгоҳҳои Андиҷон, Фарғона, Намангон ва Самарқанд — бо ба ҳамаи  ширкатҳои ҳавопаймоии давлатҳои аъзои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ ҳуқуқи ба амал баровардани парвозҳои мусофирӣ дар ин аэропортҳо бидуни маҳдудкунии басомад бо назардошти имконоти техникии онҳо, аз он ҷумла озодии панҷуми ҳаво, бинобар хатсайрҳое, ки дар онҳо мусофиркашонони Ӯзбекистон истифода намебаранд, фароҳам оварда мешаванд.
Дар фурудгоҳи Самарқанд тартибот пас аз ба анҷом расидани таъмир ҷорӣ карда мешавад. Мувофиқи он ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ҳуқуқ  барои иҷрои парвозҳои боркаш то озодии ҳафтуми осмон дар фурудгоҳҳои Навоӣ ва Тирмиз дода мешаванд.
– Тартиботи  «Фазои кушод» чист?
– Дар соҳаи авиатсияи шаҳрвандӣ, низоми «Фазои кушод» озодгардонии шароити истифодаи фурудгоҳҳои кишварро барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар назар дорад. Озодгардонии парвозҳои ҳавоӣ маънои тадриҷан васеъ кардани қоидаҳои идоракунии ҳаракати ҳавопаймоиро дорад, ки дар «Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи авиатсияи шаҳрвандӣ» соли 1944 пешбинӣ шудааст ва ташаккули тартиби махсуси авиатсиониро бо номи «Фазои кушод» ифода мекунад. Ҳамагӣ 9 дараҷа мавҷуд буда, барои мо қулайтаринаш дараҷаи «озодии панҷуми ҳаво» мебошад.
Ворид шудани ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба мамлакати мо ба иқтисодиёти мо бисёр фоида меорад. Масалан, самолёти ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, ки ба фурудгоҳи Самарқанд фуруд меояд, барои дар хатти парвоз қарор доштанаш,  барои ҳар соате, ки дар фурудгоҳ истод, сӯзишворӣ гирифтан ва дигар хизматрасониҳо пардохт мекунад. Мусофирони ҳавопаймо инчунин аз терминали фурудгоҳ, нақлиёти автомобилӣ истифода бурда, дар меҳмонхона истиқомат мекунанд. Ҳамин тавр онҳо ҷараёни молиявиро зиёд мекунанд.
– Оё ин фаъолияти ширкати миллии авиатсионии моро маҳдуд намекунад?
– Дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки аз тартиботи «Фазои кушод» истифода мебаранд, ба фаъолияти ширкати ҳавопаймоии миллии мо халал намерасонанд, балки кӯмак хоҳанд кард. Мо мушоҳида кардем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии миллии кишварҳое, ки дар онҳо ин тартиб ҷорӣ шудааст, боз ҳам рушд карданд. Тартиботи «Фазои кушод» рақобатро афзоиш медиҳад ва ба  рушди ширкати ҳавопаймоии мо такон мебахшад.
– Тартиботи «Фазои кушод» ба мусофирон чӣ гуна имкониятҳо медиҳад? Оё нархҳо коҳиш меёбанд?
– Ӯзбекистон бозори нави ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро боз мекунад. Ин ба мусофирони мо имкон медиҳад, ки тавассути ҳавопаймоҳои дигар ба самтҳои нав сафар кунанд. Ба сайёҳоне, ки ба мамлакати мо меоянд, барои сармоягузорон қулайӣ фароҳам меорад. Шаҳрвандони мо метавонанд мустақиман ба кишварҳои дурдасте раванд, ки ба он ҷо ҳавопаймоҳои ширкати мо парвоз намекунанд.
Масалан, мусофир аз Бухоро то ки ба Истанбул парвоз кунад, бояд ба Тошканд равад. Пас аз ба кор андохтани тартиботи «Фазои кушод» мусофирон аз хидматҳои ширкатҳои ҳавопаймое, ки бевосита ба Истанбул парвоз мекунанд, истифода мебаранд. Агар дар як самт хидматҳои якчанд ширкатҳои ҳавопаймоӣ расонда шавад, пас рақобат ба вуҷуд меояд. Пас, дар мусофир имкони интихоб намудан пайдо мешавад. Бо васеъ шудани хидматҳо, эҳтимол аст, ки нархҳо коҳиш ёбанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд бо пешниҳоди нархҳои арзон хидматҳои иловагӣ нишон диҳанд.
– Чаро тартиботи «Фазои кушод» маҳз аз 1 августи соли 2020 ҷорӣ карда мешавад?
– Парвозҳои мунтазам аз ду фасл – зимистон ва тобистон амалӣ гардонда мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки аз ташкил ва истифодаи парвозҳо дар хатсайрҳои нав манфиатдоранд ва ё мехоҳанд шумораи парвозҳои мавҷудбударо зиёд гардонанд, бо назардошти ин фаслҳо омодагӣ мегиранд. Табиист, ки ҷараёни омодагӣ низ вақти муайянро мегирад. Ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки хоҳиши дар қаламрави Ӯзбекистон фаъолият карданро доранд, ба Агентии «Ӯзавиатсия»-и назди Вазорати нақлиёт ё ки  департаменти рушди нақлиёти ҳавоии он бояд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд. Мехостам махсус қайд намоям, ки ҳамаи парвозҳо тибқи қоидаҳои карантинӣ анҷом дода мешаванд.
– Ҳамин тавр, тартиби мазкур ба рушди минбаъдаи  соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
– Ҳадафи ҷорӣ намудани ин низом — зиёд гардондани миқдори сайёҳон ба ҷумҳурӣ  ва баланд бардоштани иқтидори он ҳамчун маркази минтақавии авиатсионӣ мебошад. Агар ҳар як сайёҳе, ки ба мамлакати мо меояд, таассуроти хуб пайдо кунад, вай албатта боз ба Ӯзбекистон меояд. Ӯ дигаронро низ ба ин даъват менамояд. Барои ин инфрасохтори фурудгоҳҳои ҳар як минтақа такмил хоҳад ёфт. Дар фурудгоҳҳо барои ҳама шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Тартиботи «Фазои кушод» нерӯи иловагии корӣ ва хидматҳоро тақозо мекунад. Роҳбарон дар маҳалҳо барои афзун намудани миқдори сайёҳон агентиҳои сайёҳиро ҷалб намуда, намудҳои нави хидматрасониро ҷорӣ мекунанд. Фурудгоҳҳои минтақавӣ мустақилона фаъолият нишон дода, бо назардошти имкониятҳояшон  барои ҷалб намудани шумораи бештари мусофирон кӯшиш мекунанд. Ҳар як фурудгоҳ аз ҷорӣ намудани намудҳои нави хидмат барои ҷалби сайёҳон манфиатдор мебошад.

Суҳбатнигор Х. ҚОДИРОВ,  
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: