Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия азми худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба тасдиқ карданд

  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия азми худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия азми худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия азми худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба тасдиқ карданд
  • Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия азми худро ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба тасдиқ карданд

Дар Кремл мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар доираи маҳдуд доир гардид.

Дар оғози мулоқот Шавкат Мирзиёев ба Владимир Путин барои истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, инчунин ба вазъи кунунии муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ баҳои баланд дод.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Русияро қайд намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба сафари кунунӣ як қатор чорабиниҳо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла ҷамъомади чоруми Комиссияи муштарак дар сатҳи сарони ҳукуматҳо, анҷумани тиббӣ, форуми ректорон ва минтақаҳо бомуваффақият гузаронда шуданд.

Кооператсияи саноат бо суръат инкишоф меёбад, ҳаҷми сармоягузории Русия ба Ӯзбекистон меафзояд.

Президентҳо дар бораи муҳим будани рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни минтақаҳо таъкид намуданд. Дар натиҷаи анҷумани сеюми ҳамкории байниминтақавӣ, ки 4 октябр дар Қазон баргузор гардид, созишномаву қарордодҳо ба маблағи 3,5 миллиард доллар ба имзо расид.

Дар бораи омода намудани «Харитаи роҳ»-и алоҳидаи кооператсияи саноатӣ дар қисмати минтақаҳо бо ҷадвали ташкили сафарҳои мутақобила дар давоми сол мувофиқа ҳосил шуд.

ӯамчунин дар рафти мулоқот масъалаҳои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандони мо, ки дар Русия кор мекунанд, муфассал баррасӣ шуданд.

Ба қарибӣ дар Маркази намоишгоҳҳои умумирусиявӣ низ ифтитоҳи павилони навшудаи Ӯзбекистон баргузор гардид.

Президентҳо ба ҳамкориҳои ғанӣ ва гуногунҷанбаи фарҳангиву гуманитарӣ баҳои баланд доданд. Чорабиниҳои муҳими фарҳангӣ: нахустнамоиши балети миллии «Лазгӣ» дар Маскав, Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон, чорабиниҳои лоиҳаи «Мавсимҳои русӣ» дар мамлакати мо ташкил карда шуданд.

Сарони ду давлат дар мавриди қабули барномаи ғании ҳамкории фарҳангӣ барои солҳои 2024-2025 ба мувофиқа расиданд.

Президентҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мебошанд, мубодилаи афкор намуданд.

Дар хотимаи мулоқот, ки дар муҳити самимӣ ва дӯстона гузашт, ҷонибҳо бори дигар азми худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ тасдиқ намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: