БИНОИ НАВИ МАРКАЗИ ХИДМАТҲОИ ИҶТИМОӢ

Мувофиқи қарори Президент аз 28 сентябри соли 2023 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани низоми расондани хидматҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ» дар ноҳияи Пешкӯ бинои нави маркази хидматҳои иҷтимоии «Инсон»-и назди Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ба истифода супорида шуд.

Дар натиҷа дар ин ҷо маҷмӯи хидматрасонии иҷтимоӣ ба фаъолият сар кард. Кормандони марказ ба аҳли маҳалла 23 намуди хидмат расонда, бештар аз 70 масъала аз қабили кумаки моддӣ, хидматҳои иҷтимоӣ, таъмини шуғл, дастраскунии субсиду кредит ва ғайраро ҳаллу фасл мекунанд.
Дар маросими тантанавии кушодашавии марказ собиқадорони меҳнат ва аҳли ҷамоат иштирок карданд.

Амрулло АВЕЗОВ, хабарнигори  
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: