Бо фаъолони ноҳияи Чилонзор вохӯрӣ баргузор гардид

Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва шахсони масъул оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Чилонзори Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.

Президент Шавкат Мирзиёев бо иштироки раисони маҳаллаҳо, ҷавонон ва шахсони масъул оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Чилонзори Тошканд ҷамъомад баргузор намуд.

-- Имрӯз мо бояд "нуқтаҳои рушд"-ро дар ноҳияи Чилонзор зоҳир намуда, вазифаҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти он, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муайян кунем, -- гуфт сарвари давлат.

Дар ноҳия 51 маҳалла мавҷуд аст. Нӯҳ фоизи аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол бекор ҳастанд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи Тошканд ду маротиба камтар аст.

Дар ин робита захираҳо дар маҳаллаҳо омӯхта шуда, барномаи дусолаи рушди маҷмӯии Чилонзор таҳия карда шуд. Он ҳафт самти асосиро дар бар мегирад.

Барнома татбиқи 298 лоиҳаи сармоягузориро дар соҳаҳои хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиё, сохтмон, дорусозӣ, заргарӣ ба маблағи 10 триллиону 238 миллиард сӯм пешбинӣ мекунад.

Ғайр аз ин, вазифаҳои таъхирнопазир оид ба рушди соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмири роҳҳо ва шабакаҳои муҳандисӣ, татбиқи ислоҳот дар соҳаи тиб ва маориф ва коҳиши ҷинояткорӣ муайян карда шуданд.

-- Агар кор дар ҳар як маҳалла ташкил карда шавад, мардум адолатро эҳсос хоҳанд кард, -- қайд кард Президент.

Сарвари давлат фикру мулоҳизаҳои намояндагони ҷавононро гӯш карда, пешниҳодҳои онҳоро дастгирӣ намуда, ба масъулин дастурҳои дахлдор дод.

-- Дар Тошканд системаи нави кор бо ҷавонон фароҳам оварда мешавад. Форуми ҷавонони шаҳр баргузор мешавад. Ҷавонони пойтахт бояд пешсаф бошанд, -- таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

Зарурияти дар ноҳияҳои Тошканд бунёд намудани "фабрикаи лоиҳаҳо" ва кӯмак ба ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои тиҷоратии онҳо қайд гардид.

-- Мо Ӯзбекистони ояндаро бо меҳнати худ бунёд мекунем. Кӣ ин корро карда метавонад? Одамони фидокоре, ки Ватанро дӯст медоранд! Мо як роҳ дорем: ба халқ софдилона хидмат кардан, чунин кореро анҷом дод, ки мардум аз кори мо қаноатманд бошанд, -- хулоса кард Президент.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: