БОЗТОБИ ОЛАМИ МАЪНАВИИ ИНСОН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ПАЙМОН

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон адибони тоҷиктабор ба таълифи асарҳои пурмазмуну гуногунжанр машғул шуда, дар рушди адабиёти тоҷикӣ ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Онҳо бо масъулият ба кори эҷодӣ даст зада, бо ёрмандии давлату соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру вилоятҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Сурхондарё, Фарғона, Намангон ва дигар марказҳои тоҷикнишин ҳар сол даҳҳо китобу маҷмӯа аз нашр мебароранд. Онҳо бо ороиши зебо ва теъдоди муайян интишор шуда, ба мактабҳои тоҷикӣ, китобхонаҳо ва марказҳои милливу фарҳангии тоҷикон тақсим мешаванд. Асарҳои бадеии тозанашр барои ғанӣ гардонидани донишу малака ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонони ҳар ду халқ хидмат карда, дар ташаккули тафаккурашон нақши арзанда мебозанд. Дар ҳамин доира, ба қарибӣ нашриёти «Адабиёт»(Тошканд) ҷилди аввали «Девон»-и шоири шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Паймонро аз нашр баровард, ки падидаи тоза дар адабиёти муосири тоҷик ба шумор меравад1. 
Паймон яке аз шоирони муваффақи тоҷик дар Ӯзбекистон мебошад, ки ашъорашро  дӯсторони шеъру сухан бо завқ интизорӣ мекашанд ва бо офаридаҳояш кайҳо боз ошно мебошанд. Ӯ аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба майдони адабиёт ворид шуда, дунёи мураккаби инсонро бо дид ва андешаи хеш тасвир менамояд. Дар ашъори шоири эҳсосманд рӯзгори мардуми одӣ, табиати дилфиреби зодгоҳ, ҳаёти рангини одамони гуногунсол, бузургиву тавоноии инсони ҳамзамон, ишқи поку беолоиши ҷавонони хуштолеъ ва эҳтироми анъанаву суннатҳои миллӣ бо шаклу шеваи хос бозгӯ мешаванд. Махсусан, дар ғазалҳои Паймон на танҳо мавзӯи ишқ, балки бисёр масъалаҳои иҷтимоиву ҳаётӣ тасвир ёфта, шоир дар ин жанри анъанавӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуда, дар умри бобаракати хеш ғазалҳои ноби ғиноӣ таълиф кардааст.
То аввали асри бист асосан шоирони классик осори худро дар шакли девон чоп менамуданд ё шогирдону дӯсторони ашъорашон онҳоро рӯйнавис мекарданд. Аммо Паймон ташаббус нишон дода, ғазалҳои солҳои гуногун таълифнамудаи хешро дар як маҷмӯа мураттаб сохта, онҳоро дар шакли «Девон» аз чоп баровадааст.
Дар миёни ҷинсҳои лирикӣ ғазал ҷойгоҳи хос дорад. Ба он аксари шоирони бузург, аз ҷумла устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Абдулқодири Бедил, Шамиддини Шоҳин, Туғрали Аҳрорӣ, устод Айнӣ, Лоҳутӣ ва садҳо шоирони дигар рӯ оварда, намунаҳои олии ғазалро таълиф кардаанд. 
Дар адабиёти муосири тоҷик низ ғазал мавқеи хос касб карда, аксари шоирони лирик ба жанри мазкур бо шавқ майл намуда, намунаҳои олии ғазали хушоҳангу пурмазмунро таълиф кардаанд. Махсусан, хидмати шоирони баркамолу муваффақи тоҷик устод Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Убайд Раҷаб, Ғоиб Сафарзода, Усмон Шарифзода, Қутбӣ Киром, Камол Насрулло ва дигарон шоистаи таҳсин буда, бо кӯшиши онҳо жанри маъмулии ғиноӣ рушд ёфта, дар адабиёти даврони соҳибистиқлол пайравони хело зиёде пайдо кардаанд. Устод Паймон ҳам дар идомаи анъанаҳои неки шоирони лирик ба жанри ғазал дилбастагии хос дошта,  дар рушди он ҳиссаи муносиб гузоштааст. 
Паймон қонунмандии таркиби жанри ғазалро амиқ омӯхта, дар интихоби мавзӯъ, тарзи баён, ифодаи эҳсосу андеша, шаклгирии мантиқии матн, риояи вазну қофия, таносуби байту мисраъҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад ва аз баҳрҳои мухталифи арӯзи тоҷикӣ истифода карда, намунаи беҳтарини ғазлҳои равону дилкашро таълиф кардааст. Дар ғазалҳои Паймон, бешак дунёи ботинии инсон тасвир ёфта, муҳити иҷтимоӣ бо шаклу шеваи хос бозгӯ гардидааст. Шоир рӯзгори одамони гуногунақидаро инъикос карда, бо шаваи нарму нозук аз ҳолу аҳвол, ҳолати рӯҳиву равонии онҳо таҳкия мекунад ва таассуроти амиқашонро нисбат ба рӯйдодҳои ҷомеа, воқеаву ҳодисаҳо ва муоширату муносибати муосирон баён месозад. Адиб таҳаввулоти иҷтимоии замонро низ дар баъзе ғазалҳояш таҷассум карда, дирӯзу имрӯзро ба ҳамдигар муқоиса мекунад ва ба оянда бо назари нек менигарад. Дар ин гуна маврид шоир ба қудрати инсон таҳсин гуфта, бузургиву тавонии ӯро васф месозад. Дар баробари ин Паймон ба мавзуи асосии ғазал, ки ишқи поки инсонист, рӯ оварда, эҳсосоти ботинии ошиқони дилбохта ва ҷаҳони рангини онҳоро, ки саропо пур аз меҳру вафо, латофату назокат, садоқату муҳаббат аст, бо шеваи ба худ хос тасвир менамояд. Ҳамин андеша дар ғазали зер табиӣ тасвир ёфтааст:

Пайдо набувад гавҳари арзандатар 
аз ишқ,
Ганҷи абаду давлати пояндатар 
аз ишқ...
(276, 266).
Дар ғазалиёти Паймон мазмуни ишқ болотар аз баёни ҳолат буда, дар он қудрати тавонои ошиқи дилфигор бо олами рангинаш, ки муҳофизи ишқу муҳаббат аст, бо санъати баланд тасвир меёбад. Шоир дарди ишқро на танҳо барои ошиқони дилбохта ногузир медонад, балки онро барои афроде, ки ба қадри зиндагӣ, ҳаёти рангин, зебоии отифонаи умр мерасанд, азиз мешуморад. Ишқ дар тасаввури шоири нозукхаёл қудрати тавоно дошта, дарди ҷонгудози ӯ бо ҳиссиёти амиқ бозгӯ мешавад. Шоир малоҳату зебоии маъшуқа, нозу карашма ва ғуруру истиғноашро аз диди ошиқ, эҳсосоти ботинӣ ва ҳолату изтроби ӯ тасвир месозад. Аз ин рӯ, ошиқи офаридаи Паймон бо як ҷаҳон умед пеши маъшуқааш роз мегӯяд, дарди дилашро ифшо месозад ва ӯро аз ҳама зебоиҳои табиат, ки инсон бо чашми сараш мебинад, боло медонад. Дар баробари ин дарду ғам, ҳиҷрону ранҷашро баён карда, ҳақиқати ҳолашро бозгӯ месозад. Паймон моҳияти фалсафии ишқро, ки вуҷуди инсонро такон бахшида, қалбашро шӯр ва ҳолати рӯҳиву равонишро таъғйир медиҳад, ситоиш карда, ин пайванди нишоти одамиро бо як дилбастагии хос васф менамояд:
Он чи дилам навозад, он ишқ аст, 
ишқ, ишқ,
Обу гилам гудозад, он ишқ аст, 
ишқ, ишқ...
(277, 267).
Шоир тавассути мафҳуми ишқ дарду ҷароҳати ботинии ошқони шӯридадилро дармон бахшида, ҳиссиёти ботиниву отифонаи онҳоро ниҳоят самимӣ бозгӯ месозад ва ҷуз ишқ дигар дардро қабул надоштани дилбохтагони бебоку мағрурро ҳунармандона таҷассум менамояд. Ошиқони офаридаи Паймон барои худ «бинои ишқ» бунёд карда, хешро дар дохили ин иморати пурнақшу хаёл ва орзуи висол мебинанд:
Бинои ишқро то дар дили худ
 кардаам обод,
Иморати дигарро з-он саросар 
додаам барбод.

Надорам неъмати дигар ба ҷуз ин 
ишқи афсунгар,
Зи худ ғамрову худро аз ғамон 
бинмудаам озод...
(152, 142).
Паймон барои осон кардани дарди қаҳрамони лирикиаш даво меҷӯяд ва ишқи рӯзафзуну меҳри гарми саршор аз муҳаббати ӯро шоирона инъикос менамояд. Шоир дар чунин ҳолат таъбиру ибораҳои латифро пайи ҳам оварда, вазъияти ботинии ошиқи башӯромадаро бозтоб медиҳад. Дар ғазали мазкур байтҳо бо ҳам алоқаманд гардида, якдигарро такмил медиҳанд ва ҳар кадом дар шарҳи аҳволи ошиқ ва вазъи беқарори ӯ таъсир расонида, мазмуни ғазалро комил гардонидаанд. Шоир дар баёни аҳволи ошиқ ҳатто аз санъати муболиға моҳирона истифода карда, «аз фарёду нафираш ҳар ду олам ба фиғон» омаданро ба маврид корбарӣ намуда, ҳолати пур аз маломати қаҳрамони лирикиро дуруст баён месозад. Ҳамин гуна тасвирҳои ҷолибро дар ғазалҳои «Пухта дар ишқ аз азал чун хоки бунёди ман аст»,  «Ай лабат нӯшу даҳонат чашмаи оби ҳаёт», «Бӯйи туро, азизам, ман аз ҳаво гирифтам», «Акси худро дида дар ойина он маҳ ноз кард», «Холи мушкин, к-он ба рухсорат накӯ афтодааст», «Дар зиндагӣ, агар расам ҷое, канори туст» «Ошиқи ишқем, оре, ошиқи подори ишқ» «Нафасам каломи ишқ аст» «Ҳамора дар забони ман таронаи муҳаббат аст»ва амсоли инҳо дидан мумкин аст. Дар ғазали дигари Паймон мавзуи ишқ идома ёфта, дарду ҳиҷрон, ҷӯшу хурӯш, ҳарорату гармӣ, ваҷду завқи ошиқи беқарор аз таҳти дил бозгӯ гардидааст:

Чунон ишқи ту мехоҳам, 
ки дар сармо баҳоронро,
Чунон меҳри ту меҷӯям, 
ки як дур аз Ватан онро.

Кунун, к-аз ёдҳо вомондаам 
ҳамчун сароб аз об,
Чунон ёд аз ту меорам, 
ки раҳгум раҳгузаронро...
Ғараз, ай дилбари озодаву 
ободқадди ман,
Чунон васли ту мехоҳам, ки ҳиҷрон 
ҷони Паймонро. (35, 25).

Паймон дар ғазали макур ҳолати рӯҳӣ, таассуроти ботинӣ ва эҳсости амиқи образҳои маъмулӣ: ошиқ, маъшуқа ва ағёрро пайдарпай тасвир карда, ҳиссиёту андешаи онҳоро бо сабки ниҳоят дилкаш ифшо месозад. Ошиқи беқарору дардманд барои расидан ба дидори ёраш ба ҳама ранҷу азоби ботинии ӯ розӣ шуда, ҳатто аз кинаи ағёр наметарсад ва висоли маъшуқаро аз ҳама боло медонад. Чунин ғазалҳои мусалсал дар ашоъори Паймон зиёд буда, шоир бо маҳорати баланд ҳиссиёти ботинии қаҳрамони лирикиро тасвир месозад ва бо ин роҳ истеъдоди хешро тавон мебахшад. 
Дар ҳақиқат, мавзуи ишқ дар ғазалиёти Паймон ифодагари дарду ҳасрати дилдодагони муштоқ буда, ҳолату вазъияти онҳо тавассути лаҳзаҳои таъсирбахш, корбурди ибораҳои ҳиссиётомез, ба маврид истифода кардани санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ, интихоби таъбирҳои равон, мафҳумҳои дилкаш ва калимоти рӯҳбахш таҷассум меёбанд. Вай дар ғазалҳои ошиқонааш аз баҳрҳои ҳазаҷ, рамал, раҷаз, мутадорик ва зиҳофҳои гуногуни онҳо истифода карда, ба қонунмандии таркиби дохилии жанр аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳар як мисраъву байт дар ғазалҳои шоир пайванди мантиқӣ дошта, мақсаду мароми ӯро воқеъбинона ифода менамоянд. 
Дар ғазалҳои худ Паймон ба ҳолату вазъияти қаҳрамони ғиноӣ аҳамияти бештар дода, гоҳҳо барои кушодани саҷияи дилбохтагон ва ҳолати равонии онҳо аз талмеҳҳои таърихӣ, ривоятӣ, асотирӣ бамаврид истифода мекунад. Дар ин гуна маврид қаҳрамонони асотириву ривоятӣ барои шоир на танҳо ҳамчун санъати бадеӣ хидмат мекунанд, балки дар баёни ҳолату вазъияти образҳои ғиноӣ низ мусоидат менамоянд. Чунончи:  
Бо як нигоҳ аз Қайс ӯ офарид
 Маҷнун,
Ҳам кард Кӯҳкан аз Фарҳод чашм 
моро... ( 4, 14).
Ҳофизаи таърихии Паймон ниҳоят қавӣ буда, дар он гузаштаи дури халқаш бо шаклу шеваҳои гуногун тасвир мешавад. Шоир устураҳои мансухӣ, ривоятҳои ҷолиб ва номҳои симоҳои ҷовидонаро бамаврид дар ғазалҳояш ҷой дода, дар ҳолатҳои мухталиф аз суратмисолҳои мансухӣ истифода мекунад. Масалан, барои бозтоби ҳиссиёти ботинии ошиқи беқарор борҳо шоир барои муқоиса ва қиёс аз талмеҳҳои таърихӣ ва ривоятӣ истифода карда, вазъи мураккаби қаҳрамони ғиноиашро бозгӯ намудааст:
Чунон дар ошиқӣ афсона гардидем, 
к-аз он ном,
Фузун аз номи Юсуф дар даҳанҳо 
меравад моро. (16,6).

Пайдарҳам овардани суратмисолҳои ғиноӣ, ки ҳар кадом образи комил дар достонҳои ҳамосиву ғиноии адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ мебошад, аз меҳру муҳаббати қаҳрамони лирикӣ ба гузаштаи халқ дарак медиҳад. Қаҳрамони ғиноии шоир бешак дар дунёи рангини ошиқони дилфигор ба воя расида, аз муҳаббати беолоиши ин суратмисолҳо огоҳ аст ва дунёи отифонаи онҳоро меписандад ва ба корномаи онҳо таҳсин хонда, амалкарди эшонро дар роҳи ишқи поки инсонӣ беҳтарин намунаи сидқу сафо медонад. Хотираи ӯро чунин симоҳои бадеӣ такон мебахшанд ва сувари хаёли шоир аз мактаби ишқ ёд менамояд. Дар дунёи меҳру вафо ишқи пуровозаи қаҳрамонони лирикии гузашта, тимсоли сабақомӯзӣ буда, шоир ҳар як чеҳраи ҳамосиву ривоятиро бо меҳр ёд мекунад ва ба равони онҳо таҳсин мехонад.
Паймон дар баробари мавзуи ишқ ба масъалаҳои муҳими худогоҳиву худшиносӣ, аз ҷумла арҷу эҳтиром гузоштан ба фарҳангу забони миллӣ, дӯст доштани зодгоҳ, боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, самимияту садоқат ба рукну ойинҳои мардумӣ ва амсоли инҳо рӯ оварда, дар ин ҷода низ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Шоир ба моҳияти фалсафии дарки мафҳуми Ватан диққати аввалиндараҷа дода, ишқи онро болотару волотар аз ҳама мавҷудоти олам медонад ва меҳру муҳаббат, садоқату самимияти хешро бо ҳиссиёти баланд ифшо мегардонад. Барои шоири ватандӯсту ватанпарвар Тоҷикистону Ӯзбекистон макони меҳру муҳаббат ва мояи ифтихор аст. Шоир дар оғӯши Ӯзбекистон ба воя расида, дар ин ҷо касбу ҳунар омӯхтааст. Вале Тоҷикистонро ҳамчун фарзанди тоҷик ба мисли модару меҳан дӯст медорад ва бо фарҳангу забони тоҷикиаш ифтихор мекунад:
 
Ман набудам дар замоне аз замони 
худ ҷудо,
Андар оғӯши ҷаҳоне аз ҷаҳони 
худ ҷудо.

Будам андар сар хаёли Тоҷикистону 
набуд
Фикру ёдам аз ғами Ӯзбекситони 
худ ҷудо...

Шоир дар ғазали мазкур аввал аз Тоҷикистон, ки посдори забону фарҳангаш мебошад, ифтихор мекунад, сониян ба Ӯзбекистон, ки ба ӯ донишу фазл, бахту саодат додааст, шукрона менамояд. Адиб забони модариашро ба мисли дурр медонад ва аз равнақу ривоҷи он сарфарозу сарбаланд аст. Бинобар ин шукрона ба забону фарҳанг карда, онро саҷдагоҳи таъриху мероси ниёгонаш медонад.
Паймон мисли аксари шоирони муосири тоҷик ба зодгоҳаш дилбохтагии хос дорад. Манзараҳои дилкаши онро бо диди шоирона тасаввур мекунад ва аз ҳар кунҷи он, ки бӯйи кӯдакиву наврасиашро ба машомаш меорад, ифтихор карда, бо самимият ва эҳтиром Синтоби азизашро ситоиш мекунад:
Ҷаҳоне дар карон дорад, ҳар он, 
к ӯ ҳамканори туст,
Баҳори ҷовидон дорад, ҳар он, 
к ӯ ҳамбаҳори туст...

Ало, ай кишварам Синтоб, 
ҷойи модарам Синтоб,
Қарори ҳафт пушти ман дусад пушт 
аз қарори туст...(72 ,62).

Паймон бо тасвири дилкаши зодгоҳи обшораш қаноатманд нагардида, ба шарҳи мафҳуми «Ватан», бузургиву шаҳомати он нигоҳи пурвусъат меандӯзад. Барои шоири ватандӯст ҳар як гӯшаи диёраш азизу муқаддас ва фирдавси барин аст. Ӯ дар оғӯши Ватани маҳбубаш нафаси озод мегирад ва барояш ҳастиаш шарафи бузург мебошад. Ҳамин эҳсосоти ботинии хешро шоир дар ғазалаш чунин ифода мекунад:

Дар бодаи ҷомам мазаи токи Ватан 
ҳаст,
Дар соғари ман таъми гилу хоки
 Ватан ҳаст...

Оғӯши Ватан нест пур аз ғайри ту, 
Паймон,
Пас ҳастии мо низ ҳам амлоки Ватан 
ҳаст. (112,102).

Паймон бо меҳру муҳбабат аз гилу хоки Ватан ифтихор карда, пояндаву ҷовидона будани ин ишқро таъкид месозад ва оғӯши диёрро мисли навозиши модар муқаддас медонад. Чунин чашмандозии амиқ ба шоир имкон додааст, муқаддасу ҷовидона будани Ватанро исбот намояд ва онро ҳамчун воситаи худшиносӣ барои хонандагон талқин гардонад. 
Дар ғазалиёти Паймон мавзуи сиҳибистиқлолӣ низ ҷойи хос дорад. Шоир шукӯҳу шаҳомати Истиқлолро васф карда, онро неъмати бебаҳо медонад. Ба андешаи адиб маҳз Истиқлоли миллӣ ифодагари орзуву омоли халқ буда, ба рушди фарҳангу суннатҳои мардумӣ мусоидат менамояд ва барои озодиву худшиносӣ роҳ мекушояд. Қаҳрамони лирикии шоир бо як ҳисси баланди ванатандӯстона даврони соҳибистиқлолиро тараннум карда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро нисбат ба он чунин ифода менамояд: 
Мекунам ҳусни ғазал даврони 
истиқлолро,
То бубахшам низ ҳусн овони
 истиқлолро...

Бо зиреҳи нангу ному ҷавшани 
номӯси хеш,
Ҳифз хоҳам кард, оре, 
ҷони истиқлолро. (30, 20).

Паймон дар баробари тасвири ғояи истиқлоли миллӣ бо тоҷикияти худ ифтихор дорад. Вай бузургиву тавоноии халқи шарафмандашро бо ҳиссиёти амиқ васф мекунад. Бо таъкиди шоир халқи тоҷик аз қадим илму донишро мояи ифтихори хеш дониста, дар ин ҷода парчамбардор будаанд. Фарзандони бонангу номӯси миллат дар тӯли таърих дар рушди илму адаб саҳми босазо гузошта, аз худ ёдгориҳои беназирро ба мерос гузоштаанд. Ҳамин хислату фазилати фозилони халқашро шоир махсус таъкид карда, бо таърихи пуршукуҳи он ифтихор мекунад. Ҳафизаи фарҳангии қаҳрамони лирикии шоир дар чунин ҳолат аз гузаштаи пурифтихори халқи адабпарвараш ёд карда, ба мероси бузург, санъати воло, ҳунари шоистаи он баҳои баланд медиҳад:

То буд дар ин дунё ҷуз хуб набуд 
тоҷик,
Ҷуз хуб набуд, оре, нохуб набуд 
тоҷик...

Ақсои ҷаҳон яксар аз дурри дарӣ 
пур кард,
Ҷуз аҳли китоб, аҳли мактуб 
набуд тоҷик...

Паймон дар баробари баёни чунин андешаи пурэҳсос ба бузургони адабу ҳикмати халқаш баҳои баланд дода, хидмати шоистаи онҳоро дар ташаккули тафаккури халқ арзишманд медонад. Шоир бо меҳру муҳаббати хос дар чанд ғазалаш аз саҳми адибони тоҷик, аз ҷумла устод Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ хотировар шуда, нақши адибони равшанзамирро дар тарбияи маънавии инсоният беназир медонад.
Мавзуи дигаре, ки дар ғазалиёти Паймон бештар роҳ ёфтааст, тараннуми дӯстиву бародарӣ, одаму одамгарӣ, некиву накукорӣ ва хайрхоҳиву саховатпешагӣ мебошад. Ба пиндошти шоири лирик инсон бо дӯсти ҷонӣ хушбахту сарфароз мебошад. Дӯсти ҷонӣ дар тасаввури ӯ шахси мунису ғамхор буда, дар ҳама ҳолату вазъият, дар пастиву баландии рӯзгор дастгиру муниси рафиқаш аст. Қаҳрамони ғиноии Паймон чунин дӯстро ситоиш мекунад, ӯро чун гавҳари чашм аз ҳама пастиву баландӣ ҳифзу ҳимоят менамояд. Дар тасаввури ӯ маҳз дӯсти ҷонӣ метавонад, сипари тавонои дӯсташ бошад. 
Шоир барои тасдиқи сифати беҳини одамгарӣ дӯсти ҷониро такягоҳи боэътимод дониста, ба қадри ӯ расиданро бо шавқ ташвиқ мекунад:
Рост чун ояд ба як раъйи дили 
мо ройи дӯст,
Мекунем аз пешгоҳи хонаи дил 
ҷойи дӯст...

Беҳтарин иншост, Паймон, он чи аз 
одамгарист,
Хуштарин ҳарф аст дар он вожаи 
зебои дӯст. (136, 126).

Паймон дар идомаи андешаҳои фавқуззикр ба масъалаҳои маънавӣ, аз ҷумла, муносибати байни одамон, пос доштани эҳтироми бузургсолон ва аз худ дур кардани бахиливу зишткорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо шеваи хос инсони шукрхоҳро васф месозад ва ношукру ноодамро мазамммат намуда, бо ҳиссиёти амиқ андешаашро чунин ифода менамояд:  
Панд гӯӣ то куҷо ношукрро,
Набвад андарзе раво ношукрро.

Озмуданд, аз китоби одамӣ, 
Ҳикмате н-омад сазо ношукрро.

Аз ҷаҳону аз замину осмон
Кас надид асло ризо ношукрро. 
(29,19).

Паймон дар давоми мавзуи мазкур васфи волидайнро муҳим шуморида, доир ба арҷ гузоштан ба заҳмати модар ва падари бузургвор изҳори андеша менамояд. Шоир дар ғазалҳои «Модари ман як зани дилҷӯй буд», «Пурам пур, то ба бар дорам, туро модар, туро модар», «Модари ширинзабонам зинда бош!», «Бе ту бе давлат наям, ай беш аз давлат, падар», «Хоксори хоксорон, ай падар» мавзуи мазкурро ба таври возеҳ тавзеҳ медиҳад. Вай дар се ғазали аввал симои модар, чеҳраи нуронии ӯро тасвир карда, зебоии ботиниву зоҳирии модари мушфиқ, ҳалиму хоксор буданашро ситоиш мекунад. Шоир ва қаҳрамони лирикиаш барори рӯзгорашро аз дуои неки модари меҳрубон дида, ӯро ба таври зайл васф менамоянд: 

Модари ширинзабонам, зинда бош! 
Шеваат ороми ҷонам, зинда бош!..

Шоҳбайти даҳр ҷуз шеъри ту нест,
Шоири ҳофизлисонам, зинда бош! 
(259, 249)
Ду ғазали дигари Паймон ба васфи падар бахшида шудаанд. Шоир бо эҳсости амиқ давлати сар, хайрхоҳ, сутуни хонадон будани падарро тасвир карда, ба ҳақпарастии ӯ эҳтиром мегузорад. Дар баробари ин аз қувваи ҳаётбахшии падари накӯкор, сирати олигуҳари вай ёд карда, ҳисиёту ҳаяҷонашро ба кушодани шахсияташ равона месозад:

Хоксори хоксорон, ай падар,
Ҳақгузори ҳақгузорон, ай падар...

Абри раҳмат ҳам ту, дасти лутф ҳам,
Хайркору хайрборон, ай падар. 
(242, 232). 

Дар ғазали мазкур хоксориву ҳақбинии падар амиқбинона тасвир шуда, шоир ба саховатмандиву сарбаландии падар арҷи баланд мегузорад. Ӯ бо таъбиру ибораҳои «абри раҳмат», «дасти лутф», «марди мардон» сифатҳои падари накӯкорро ифода карда, қадру қимати ӯро барои ҳар як узви хонавода бузург мешуморад.
Паймон барои дарёфти инсони комил талош карда, мехоҳад симои ӯро дар ғазалҳояш ба таври шоиста тасвир намояд. Шоир барои чунин одамон ҳастии хешро фидо карда, сурати зебои онҳоро бо лаҳни содаву равон, дилкашу форам чунин баён месозад:
Шумо ёри манед, ай одамони хуб,
Ки фанни бефанед, ай одамони хуб. 
(59, 49).
Дар ҳақиқат, Паймон ба одамони хайрхоҳу хоксор, ҳимматбаланду қадршинос эътиқод дорад ва бунёдкориҳоро ба онҳо нисбат медиҳад. Шоир дар ин замина фикру мулоҳизаҳояшро ҷамъбаст карда, аз ҷумла мегӯяд:

Одамони хуб бисёранд, к-ин олам бапост,
Кори олам буду бошад з-одамони рост, 
рост.

Зубдаи олистанду зумраи волостанд,
Ҳаст то олам аз эшон ҳаст, 
андар истивост.

Пираҳан аз одамони хуб кард андар ғазал
Килки Паймон, он агарчи нест нав, 
некӯматост. (69, 59).

Паймон, бешак ба қадри одамони хуб мерасад ва қаҳрамони лирикиаш низ онҳоро васф намуда, орзупарвар ва ободгар буданашонро махсус таъкид мекунад. Шоир панди ниёконро идома дода, мисли устод Лоиқ Шералӣ инсонро ба қаноатпешагӣ даъват карда, худаш, пеш аз ҳама, ба пастиву баландии рӯзгор шукрона менамояд ва дигаронро низ талқин мекунад, ки шукргузори зиндагӣ бошанд. Чунончи: 
Ба ҳар як субҳу шоми бахши мо шукрона 
бояд гуфт,
Ба ҳар рӯзу шаби доди Худо шукрона 
бояд гуфт.

Ба ҳар бисмиллаҳу омин сазад 
алҳамди Ҳақ, яъне
Ба ҳар як ибтидову интиҳо шукрона 
бояд гуфт...

Ба ҳар оне, ки гардад модари они дигар, 
Паймон,
Ба ҳар аҳде, ки зояд аҳдҳо, шукрона бояд 
гуфт. (147,137).

Доираи андешаи қаҳрамони лирикии Паймон боз ҳам амиқ рафта, тақдири одамон ва сарнавишти минбаъдаашон ӯро ба ташвиш овардааст. Барои вай инсон, ки муҳофизи замину коинот аст, қадру қимат дорад, ҳастиашро муқаддаму муқаддар медонад ва ба фардои ҳаёти некаш бовар карда, бо ӯ ҳамқисмату ҳамфикр мебошад. Адиб бо чунин некбинӣ ва зиндадилӣ ҳамтақдири одамон будани хешро чунин шарҳ медиҳад:

Бо замин вобаставу бо одамин
 пайвастаам,
Ҷаҳдам аз ҳоло чунон пайванди фардо 
мондан аст. (89, 79).

Лирикаи тасвирӣ низ аз биниши бадеии Паймон дур намондааст. Шоир дар сувари хаёлаш манзараҳои рӯҳафзо, табиати зебо, таровати обшорону чашмасорон, умуман олами атрофро рангоранг бозтоб мекунад. Барои шоир ҳар як ашёи хурду бузурги гӯшаву канори диёраш ҳамчун образи бадеӣ хидмат намуда, дар ашъораш унсури фаъоли баёни рамзиву маҷозӣ гардидаанд. Паймон аз шоҳкориҳои табиат образҳои нав офарида, дар ғазалҳои тасвириаш онҳоро муваффақона ҷойгузин мекунад ва ашъорашро ғанӣ мегардонад. Дар баробари ин адиб аз ойинҳои мардумӣ ёд карда, ҷашнҳои миллиро бо хусусиятҳои инсонгароёнашон таҷассум менамояд. Махсусан, шоир дар васфи баҳор, ҷашни Наврӯз, суннатҳои он бештар изҳори назар карда, дар якчанд ғазалаш табиати дилфиреби диёрашро тасвир мекунад. Шоир аз омадани Наврӯзи дилафрӯз, ҷаҳонӣ шудани ҷашни миллии тоҷикон, фараҳмандии кӯдакону наврасон ва шуруъ шудани кори деҳқону расидани авҷи кор хушҳолӣ карда, қудрати беандоза бузург доштани Наврӯзро чунин васф менамояд: 

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Ин суннати неки Ҷам, бар халқи ҳама 
олам,
Навбоваи сонӣ шуд, то бод чунин бодо!

Авранги баландаш бин, Аржанги писандаш 
бин,
Доро шуду Монӣ шуд, то бод чунин бодо!

Бар рӯҳу равон яксар, пайдову ниҳон 
яксар,
Пайғоми ҷавонӣ шуд, то бод чунин бодо!.. 
(26, 16).

Дар ғазали мазкур радифи «то бод чунин бодо» ба як навъ хитоба табдил ёфта, бори қофияро сабук кардааст. Муроди қаҳрамони лирикӣ ботантана ифода гардида, хушҳолиаш ҳад надорад. Ӯ дӯстону рафиқони мунису ғамхорашро бо ҷашни ниёкон табрик гуфта, шукӯҳу шаҳомати ойини миллиро таъкид мекунад ва тавассути руҷӯи лирикӣ аз гузаштааш ёд менамояд. Шоир ба шоҳони пешин, мисли Ҷамшед ва Доро, ки ойини беҳинро умри ҷовидона бахшидаанд, таҳсин мегӯяд ва аз Борбади Марвазӣ ва Монӣ хотировар мешавад. Ин чеҳраҳои фарҳангӣ ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро бо санъату ҳунарашон тараннуму тасвир карда, дар ҷовидона гардиданаш ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Ӯ бо чунин назари иҷмолӣ фосилаи замониву макониро дар дохили матни абёташ наздик карда, дирӯзро бо имрӯз пайванд месозад. Яъне, шоир ва қаҳрамони лирикиаш аз шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Наврӯз ба ҳадде шоданд, ки хушҳолиашон канор надорад ва ҳар ду онро «пайғоми ҷавонӣ» пиндоштаанд. 
Паймон, дар ҳақиқат манзараҳои диёрашро дӯст медорад ва онро бо дилбастагии хос васф месозад. Махсусан, аз омадани баҳор рӯҳу илҳом гирифта, табиати дилфиреб ва фасли пурбаракат будани онро равону дилкаш тасвир месозад:

Ин баҳорон чун баҳор омад, гузашт,
Файзбахшу файзбор омад, гузашт.

Ҳам ба рӯву ҳам ба хӯву ҳам ба бӯ,
Хубу неку мушксор омад, гузашт...

Буд ёри табъи Паймон ин баҳор,
Чун тавонам гуфт: – Ёр омад, гузашт. 
(84, 74).

Дар ғазали мусалсали саропо ғиноӣ Паймон фасли баҳор ва зебоии онро мисли «ёр»-и раҳгузар тасвир менамояд. Дар ҳар байти ғазал таровати фасли баҳор, зебоии чаману диёр ва хушҳолии мардум бо малоҳату фасоҳат бозтоб шуда, баҳори файзбор ҳамчун шоҳкории табиат васф мегардад. Шоири ширинкалом дар чунин ғазалҳо ойинҳои мардумӣ, фаслҳои рангини сол ва манзараҳои дилкашро бо маҳорати барҷаста тасвир карда, таъбиру ибораҳои нозуку латифро интихоб менамояд ва барои баёни равон, андешаи салим ва сухани пуртаъсир саъйю талош менамояд.
Дар баъзе ғазалҳои Паймон таъсири адабиёти ирфонӣ ба чашм мерасад. Ӯ суннатҳои неки назми пешинро идома дода, аз латофату фасоҳат, таъбиру ибора ва мазмуну муҳтавои шеърҳои ирфонӣ бамаврид истифода мекунад. Дар чунин ҳолат шоир мафҳумҳои «соқӣ», «ҷом», «паймона», «бода», «қадаҳ» ва амсоли онҳоро дуруст интихоб карда, ба ирфони ошиқона бештар майл менамояд. Вай бо таъсири ашъори дилкаши шоирони классик, аз ҷумла Ҳоҷуи Кирмонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ ба «соқӣ» муроҷиат карда, ба воситаи он таассуроти ботинии хешро бозгӯ месозад. Масалан, дар ғазале, ки ба назира ва ё татаббӯъ монанд аст, васфи бодаву ҷом, тавсифи паймонаву ҷӯши қадаҳ, шуҳрати ишқ, таъсири ваҷду ҳолро хеле зебо тасвир мекунад:

Соқиё дар гардиш овар ҷомро,
Пой банд аспи дави айёмро.

То бад-он паймона паймоем нек
Аршу фарши ин дару ин бомро...

Бошу аз Паймон мадор асло дареғ
Соқиё, паймонаи пайғомро. (31,21).

Дар ғазали мазкур Паймон моҳияти фалсафии ирфони ошиқонаро идома дода, ҳиссиёту андешаи хешро хело хуб ифода менамояд. Ӯ дар байти аввал ба «соқӣ» муроҷиат карда, бо шӯру шавқ ҳолати равонии қаҳрамони ғиноиашро шарҳ дода, расидан ба «ишқи ному нанг»-ро муроди ақлу дили вай медонад ва фатҳашро мояи ифтихор мешуморад. Шоири соҳибназар дар ғазалҳои дигараш низ аз таъбирҳои ирфонӣ ва рамзҳои он истифода менамояд. Масалан, дар ғазалҳои «Ало, айём раҳмат кун магирён ҷони зорамро»,  «Ало, ай чарх шафқат кун, макуш ҷони ҷавонамро», ки назираи ҷавобия бар ғазали устод Лоҳутӣ мебошад, аз таъбиру ибораҳои ирфонӣ моҳирона истифода кардааст. Мафҳумҳои «гирёндани ҷон», «сабоҳу шоми тор», «тобу тавон», «вуҷуду равон» ва амсоли инҳо мазмуни духӯра дошта, тавассути онҳо  андешаҳои ирфонии шоир ба таври амиқ баён шудаанд. 
Ало, айём раҳмат кун магирён ҷони 
зорамро,
Зи нуру рӯшанӣ пур кун сабоҳу шоми 
торамро... 

Зи фарёду нафирам ҳар ду олам дар 
фиғон омад,
Суруре бахш умрамро, 
сафое рӯзгорамро....

Ба Паймони ба паймон устувор ин озмун 
то чанд?
Навиди зиндагонӣ деҳ вуҷуди 
торуморамро. (32, 22).

Дар ғазалҳои Паймон муроҷиат ба «соқӣ» такрор шуда, дар баъзе ҳолатҳо даъвати вай дарду ҳиҷрони ботинии шоирро низ фаро мегирад. Соқӣ дар чунин ҳолат боҷуръатона арзи дил карда, дарди ҷонгудози хешро баён месозад ва дар пайи давои он шуда, аз нури Ҳақ мадад мехоҳад ва ӯро дармонбахши тамоми ранҷу озораш медонад. Дар таркиби ғазали зер мафҳумҳои маҷозиву рамзии «май», «духтари раз», «бода» ва амсоли инҳо мувофиқи мақсад корбарӣ шуда, муроди дили шоирро басо таъсирбахш ифода менамоянд:

Ало соқӣ, бирез он май, 
ки нӯши нешҳои мост,
Давои дарду доғи мо, 
шифои решҳои мост.

Бинозам ҳам турову ҳам вафои духтари 
разро,
Ки то ҳаст аз пайи дафъи ғаму 
ташвишҳои мост.

Ба ғамҳоям шабехун кун, ками дамҳоям 
афзун кун,
Ба сеҳр он бода маъҷун кун, 
ки куфри кешҳои мост.( 62,52).
Паймон мақоми суханваронро низ дар ғазалҳояш тасвир кардааст. Ӯ ба шоирону эҷодкорон эҳтиром мегузорад ва офаридаҳои онҳоро идомаи мантиқии давоми умрашон медонад. Масалан, дар як байти ғазалаш «шеър»-ро давоми ҳаёти бобаракат дониста, бо шоириаш ифтихор мекунад. Вай суфта баён кардани фикр, дуруст интихоб намудани таъбиру ибора ва дарёфтани сухани волоро заҳмати эҷодӣ дониста, вобаста ба ин мавзуъ мегӯяд:

Давоми мост шеъри гуфтаи мо,
Гуҳарҳои ба мижгон суфтаи мо. (48, 38).

Паймон дар ғазалиёташ ба мақоми анъана арҷ мегузорад, дар ашъораш таъсири назми классикӣ ва муосири тоҷикӣ-форсиро баръало мушоҳида намудан мумкин аст. Вай на танҳо нозукиҳои шеърро хуб омӯхтааст, балки қонунмандии таркиби дохилии онро дуруст аз бар карда, дар шинохти жанрҳои лирикӣ, бахусус ғазал ба муваффақият ноил гаштааст. Шоир дар таълифи назира, татабӯъ, гуфтани тазмин ва пайравӣ кардан маҳорати хос нишон дода, баъзан дар интихоби мавзуъ, гоҳе дар корбарии вазну қофия, радиф, истифодаи санъатҳои маънавию лафзӣ ва дигар унсурҳои шаклсози ғазал истеъдоди хешро санҷида, дар бисёр ҳолат пешрав шудааст. Масалан, ӯ ба як ғазали Сайидои Насафӣ назираи ҷавобия гуфта, на танҳо мавзуъро такмил бахшидааст, балки шакли шеъриро риоя карда, дар интихоби вазну қофия, таносуби калом, корбарии санъатҳои бадеӣ ва нигоҳдории ҳусни тахаллус аҳаммият дода, ба мақсадаш муваффақ шудааст:
Ай азизи ҷону дил, ай ёри беҳамто, биё,
В-ай ҳама чашму чароғи мо дар ин дунё, 
биё.

Баъд аз ин ҷойи ту илло чашми Паймон 
нест, нест,
Маҳрами танҳо биё, ай гавҳари якто биё. 
(51, 41).

Паймон аз воситаҳои тасвири бадеӣ, махсусан санъатҳои маънавию лафзӣ нуктасанҷона истифода карда, дар ин ҷода низ ба комёбӣ ноил гаштааст. Дар ғазалҳои шоир ташбеҳу тавсиф, истиораву маҷоз, кинояву муболиға, саволу ҷавоб, ҷамъу тафриқ, тазод ва муқобила, нидо, руҷӯи лирикӣ, талмеҳ, ташхис, ирсолу масал, тазмин, таҷнис, тарсеъ ва амсоли инҳо вобаста ба мавзуъ корбандӣ мешаванд. Масалан, дар як ғазалаш шоир аз санъати саволу ҷавоб истифода намуда,таассуроти хешро ниҳоят зебо ифода кардааст. Вай дар ин ғазал муколамаи ошиқу маъшуқро бо як дилбастагии том тасвир намуда, аз санъатҳои ташбеҳ, тавсиф, киноя низ истифода мекунад.
Гуфтам: -зиёда гашт фитна, 
илтифот боядат,
Гуфто: - карам ба бандагони ишқи 
мо Худо кунад.

Гуфтам: - раво наомад аз ту орзуи 
бедилон,
Гуфто, ки: - сабр ормони ошиқон 
раво кунад... (194,184).

Паймон инчунин аз тазмин, махсусан тазмини ноқис истифода кардааст. Ӯ аз ашъори баъзе шоирони пешин таъбиру ибора, мисраъ ё байтеро иқтибос карда, дар пояи он фикру андешаашро баён месозад. Чунончи, дар ғазале, ки бо мисраи «Аз замин то осмонҳо ишқи мост», шурӯъ мешавад, бо иҳтибоси мисрае аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муродашро чунин ифода менамояд: 

Ёдгоре нест аз он бегазанд, 
Мусҳафи ному нишонҳо ишқи мост.

«Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд»
Чизсози ину онҳо ишқи мост.

Зиндагӣ, Паймон, ба по донӣ зи чист?
Мояи он бегумонҳо ишқи мост. (65 ,55).

Дар назми классики тоҷикӣ чунин иқтибос кардан, татаббӯъ намудан маъмулӣ буда, шоирон барои санҷидани маҳорату истеъдоди хеш, барои пурра баён кардани муроди дил аз абёту ишораҳои адибони пешин истифода мекунанд ва онро барои тасдиқи фикру андешаашон бо маврид корбарӣ менамоянд. Паймон низ дар як ғазалаш мисраеро аз ашъори Мавлавӣ интихоб карда, бо ҳамин мазмун ақидаи хешро тақвият додааст. Дар ғазали дигар, Паймон зарбулмасали халқиро ба маврид корбарӣ карда, муроди хешро бо ин роҳ қавӣ гардонида, гуфтааст: 

Қавлест, ки монда аз ниёгон бар мост;
«Соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост».    
(66,56).

Паймон бо мақолу зарбулмасал ва таъбиру ибораҳои халқӣ нигоҳи хос дорад ва дар ашъораш, махсусан ғазалҳояш бо камоли кордонӣ аз онҳо истифода менамояд. Шоир барои баёни андешаву ҳис аз офаридаҳои халқ истифода карда, бо ин роҳ даруномояи ғазалҳояшро қавӣ гардонидааст. Дар баъзе ҳолатҳо шоир ибораҳои латифи халқиро, агар дар таркиби мисраъҳо ҷойгир намояд, дар ҳолатҳои дигар зарбулмасалу мақолҳоро яклухт интихоб карда, вориди ғазал месозад ва бо ин восита мазмуни шеърашро такмил дода, бадеияти онро қавӣ месозад. Чунончи, мақоли «об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем»-ро шоир бо андаки тағйирот дар ғазали зерин эҷодкорона корбарӣ кардааст: 
«Об дар кӯзаву мо ташналабонем, чаро?
Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳонем, чаро?».. 
(23, 13).
Паймон дар «Девон» -и худ ғазалҳоро бо тартиби муайян аз рӯйи риояи рукнҳои арӯз, авзони даврӣ, вазнҳои ба ҳам монанд, қофияву радифи наздик ҷойгир карда, аз ҷиҳати шакл сифати онро такмил додааст. Масалан, ғазалҳои «Кардем ҷони худро қурбони ёр имшаб», «Ба хаёли ту нахуфтем, шаби дароз имшаб», «То субҳ чи гӯё буд, он тӯтисухан имшаб», Шаҳи нози ман андарсохта «Шаҳноз»-и нав имшаб» дар девон пайҳам омада, дар муаррифии маҳорати шоирии Паймон нақши созгор мебозанд. Ҳамин гуна тартибот аз аввал то ба охири девон ба мушоҳида мерасад.
Паймон ҳамзамон ба қадри сухани воло расида, дар ғазалҳояш дар ин бора таъкидҳои зиёд дорад. Ӯ барои тақвияти андешаву фикраш бештар аз мақолҳои халқӣ истифода менамояд. Чунончи, дар як ғазалаш мегӯяд:

Сухан ар мағз надорад, лошак
Сухане нест, гапи бекор аст.

Ҳаст ин нукта ҳақиқат Паймон,
Аввал андеша, пасон гуфтор аст. (87,77).

Паймон дар ғазали дигараш боз ҳам ба умқи сухан рафтану маънии ҳар як мафҳумро дуруст дарк карданро барои эҷодкори асил муҳим шуморида менависад: 
Дар ин ҷаҳон ҷаҳони мо сухан аст,
Ҷаҳони бекарони мо сухан аст.
Чӣ бок аз он ки мерасад пойиз?
Баҳори бехазони мо сухан аст! (92, 82).
Дар ғазалҳои Паймон байтҳое мушоҳида мешаванд, ки онҳо ба панди рӯзгор табдил ёфта, ба дараҷаи  фардбайт расидаанд. Аксари ин гуна абёт ҷавҳари баланди маънавӣ дошта, аз ҳаёти ҳаррӯзаи одамон сарчашма гирифтаанд. Масалан, вай дар байти зерин ишора мекунад, ки: 
Дунёи ман қаламрави дил буд, ростӣ,
Дар чорсӯйи дори дил умрам гузаштааст. 
(99,89).

Ё мунису ғамхори халқ гардиданро шоир дар як ғазалаш хело зебо тасвир кардааст: 
Ай хуш он, к-ӯ ҳусни пинҳону аёни 
мардум аст,
Гавҳари чашм аст, яъне дар миёни 
мардум аст. (100, 90).

Бояд гуфт, ки ғазалҳои Паймон, дар воқеъ аз нигоҳи мазмуну муҳтаво доманадор ва пробуранг мебошанд. Шоир бо диди амиқу нигоҳи пурвусъат таассуроти ақлу дилро бо ҳам омехта, сувари хаёлашро ба мавзуъҳои мубрами ҳаётӣ, аз қабили ишқу муҳаббат, Ватану ватандӯстӣ, истиқлоли миллӣ, дӯстиву бародарӣ, одаму одамгарӣ, шуҷоату мардонагӣ, тараннуми зебоиҳои табиат ва ифшои иллатҳои ҷамъият равона кардааст. Шоир ба масъалаҳои фавқ бо ҷиддият муносибат намуда, усулҳои гуногуни бадеиро истифода мекунад ва аз санъатҳои маънавию лафзӣ дақиқкорона истифода мебарад. Дар ғазалҳои шоири нуктасанҷ таъбиру ибора, мафҳуму муҳокот бо камоли кордонӣ интихоб шуда, балоғату фасоҳати сухан ба инобат гирифта шудааст. Шоир бо сабки баёни содаву равон мақсади хешро ифода карда, дар тасвири ҳолату вазъияти қаҳрамони лирикиаш шитобкорӣ намекунад. Вай барои таҷассуми ҳиссиёти ботинии ӯ таъбирҳои ҳамвазну ҳамқофияро дуруст интихоб карда, тавассути онҳо вазъияту ҳолаташро амиқбинона бозтоб мегардонад. 
Паймон, бешак дар жанри ғазал мисли устод Лоиқ Шералӣ муваффақ шудааст. Вай дар идомаи мактаби ғазалсароии устод ба рушди жанри мазкур таъсири мусбат расонида, ғазалҳои нобро таълиф кардааст, ки қисми зиёдашон аз ҷиҳати мазмун, оҳанг, иқоъмандӣ ва таъсиргузорӣ намунаҳои беҳтарини ғазал дар назми муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ғазалҳои ӯ аз нигоҳи ҳаҷм ба талаботи жанр ҷавобгӯ буда, сохти ягонаи қофиясозиро (аа, ба, ва, га...) доро мебошанд. Дар бисёри ҳолат мисраъҳои аввали ғазлҳои шоир дохили қофия буда, дар онҳо ҳусни матлаъ ва мақтаъ риоя шудаанд. Шоир ба устохонбандии жанри ғазал низ эътибори ҷиддӣ дода, ба моҳияти мундариҷаи ғоявии ҳар як байт, ки барои ташаккули жанр хидмат мекунанд, аҳамият додааст. Яке аз хусусиятҳои назарраси ғазал риояи ҳусни тахаллус мебошад. Паймон низ дар ин масъала ниҳоят дақиқкорона рафтор карда, дар ҳамаи ғазалҳояш ҳусни тахаллусро истифода кардааст.
Паймон дар 286 ғазале, ки дар Девонаш роҳ ёфтаанд, заҳмати зиёде кашида, дар ҷодаи ғазалсароӣ на танҳо муваффақ шудааст, балки беҳтарин намунаҳои ин жанри ғиноиро эҷод карда, адабиёти навини тоҷикиро бо офаридаҳои хеш ғанӣ гардонидааст. Дар ҳақиқат, Паймон дилбохтаи шеъри пурмазмун буда, ғазалҳояш хушоҳангу равон ва мусалсалу рангин мебошанд. Онҳо ба дили дӯстдорони сухан ба осонӣ  роҳ ёфта, маънавиёташонро афзун ва ғанӣ мегардонанд.


1. Паймон. Девон. – Тошкент: «Адабиёт», 2022. – 304 саҳ. Саҳифаҳо аз ҳамин сарчашма ишора шудаанд.

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 
профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: