ДИПЛОМАТИЯИ ХАЛҚӢ ҲАР ГУНА ВАЗЪИЯТИ НОГУВОРРО БАРТАРАФ МЕНАМОЯД

Дар шаҳри Фарғона мулоқоти аъзои марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикону қирғизҳои вилоят баргузор гардид.

Дар шаҳри Фарғона мулоқоти аъзои марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикону қирғизҳои вилоят баргузор гардид. Дар он воқеаҳои марбут ба минтақаҳои марзии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона ва ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки нақши дипломатияи халқӣ дар рафъи ҳар гуна низоъҳо ва ба сулҳу оромиш кашидани вазъиятҳои ногувор нақши муҳим мебозад.
– Мо барои он гирди ҳам омадем, ки аз ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои ногувор ҷилавгирӣ кунем. Сокинони ноҳия асрҳо боз бо мардуми якчанд ноҳияи вилояти Ботканди кишвари ҳамҷавори Қирғизистон дар ҳамсоягӣ бар сар мебаранд, аз як чашма об мехӯранд ва аз як ҳаво нафас мекашанд, – гуфт садри мулоқоти мазкур,  узви маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона Фарҳод Ҷӯраев. – Бо вуҷуди ҳусни тафоҳум ва зиндагии орому осуда, рӯйдоди 31 майи соли равон дар минтақаи марзии ин ду ноҳияи ҳамҷавор муваққатан равуо ба қаламрави ҳамдигарро боздошт ва тиҷорати миёни мардуми ду самтро мушкил гардонд.
– Ман дар шаҳри Фарғона ба дунё омадаам ва мактабу донишгоҳро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонидаам. Солҳои дароз бо таълиму тарбия машғул шудам. Дар айни ҳол нафақахӯр ҳастам ва яке аз узви фаъоли Маркази миллӣ-фарҳангии қирғизҳои вилоят мебошам, – гуфт иштирокчии ин мулоқот Метин Каримов.
– Ҳар як муаммо бояд саривақт баррасиву бартараф карда шавад. Минбаъд аз роҳи дипломатияи халқӣ бояд ба ҳадафҳои худ бирасем ва дар пойдории  субот ва барқарории вазъият саҳмгузор бошем,–изҳор кард узви Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон, корманди ширкати садову симои вилояти Фарғона Масъуд Мирзоев.
Вай тазаккур дод, ки дар Ӯзбекистон қирғизтаборони зиёд бо мардуми дигар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, бародариву баробарӣ зиндагиву кор мекунанд ва аз тамоми шароит муштарак бархурдоранд. Барои ҳамин агар алайҳи иғвогарон ва фитнаҷӯён дар ҳамдастӣ мубориза бурда шавад, нерӯи онҳо шикаст мехӯрад ва фазои орому осуда ҳамеша барқарор мегардад.
Таъкид гардид, ки мардуми Осиёи Марказӣ дину мазҳаби муштарак доранд. Дар ин ҷода бояд мӯйсафедони рӯзгордида ҷиҳати барқарории сулҳу субот ва дӯстиву рафоқат ҳамеша саҳмгузорӣ кунанд, маслиҳатгӯи ҷавонон бошанду ба онҳо роҳи рост нишон диҳанд, зеро аз барангехтани ҳар гуна низоъ ягон халқ манфиат надидааст.
Устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Эҳтиётхон Иброҳимова, ки аз рӯи мансубияти миллӣ тоҷиктабор мебошад, вале дар қаламрави Қирғизистон ба дунё омадааст, мегӯяд, ки: 
– Баъди таҳсил дар донишгоҳ шомили аспирантура шудам ва рисолаи номзадиамро ҳимоя кардам. Ҳоло аз забони ӯзбекӣ ба донишҷӯён дарс медиҳам. Панҷ сол мешавад, ки мудири кафедра ҳастам ва 550 нафар донишҷӯ дар факултаи мо таҳсил мекунанд. Ҳафт нафар устодони донишгоҳи мо тоҷик ва се нафарашон қирғиз мебошанд. Аз шунидани рӯйдоди 31 майи соли равон дар минтақаҳои марзии ноҳия-ҳои Сӯх ва Қадамҷо хеле озурда шудам, зеро ҳамаи аъзои хонаводаи мо дар ҷамоати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо зиндагӣ мекунанд. 
– Мо дар як маҳаллаи шаҳри Фарғона дастаҷамъона зиндагӣ мекунем. Маҳаллаи “Кӯчаи некиҳо”-и мо беш аз пеш фарохтар мегардад. Ҳоло давраи пандемияро паси сар мекунем, вале аз ягон мушкилӣ азият намекашем. Ҳамеша аз ҳоли мо хабар мегиранд ва бо маводи мавриди ниёзамон таъмин мекунанд. Рӯзҳое, ки бар асари ягон моҷарои марзӣ роҳҳо баста мешаванд, мо, қирғизтаборони вилояти Фарғона низ азият мекашем. Сабрро пешаи худ қарор медиҳем ва бовар дорем, ки роҳҳо дубора кушода мешаванд ва метавонем бидуни мушкилот ба аёдати хешу табор рафта оем, – мегӯяд сокини қирғизтабори шаҳри Фарғона Муродил Қодиров. 
Ногуфта намонад, ки чанде пеш раиси Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон Усмонхон Алимов бо ҳамтои қирғизи худ Мақсадбек Токтамушев дар ноҳияҳои Қадамҷои вилояти Ботканд ва Сӯхи вилояти Фарғона бо мардуми зиёд дидору мулоқотҳо анҷом доданд ва аз онҳо даъват намуданд, ки расму ойинҳои ҳамсоядориро риоя кунанд. Ба гуфтаи онҳо сулҳу субот беҳтарин неъмати Худованд  аст ва бояд ҳар як мусулмон кӯшиш кунад, ки ин фазо халалдор нагардад.
 
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”
дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: