Чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибати бозаргонӣ дар хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд

  • Чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибати бозаргонӣ дар хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд
  • Чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибати бозаргонӣ дар хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд
  • Чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи муносибати бозаргонӣ дар хоҷагии қишлоқ муайян карда шуданд

Дар ҳузури Президент Шавкат Мирзиёев 12 декабр муҳокимаи чорабиниҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми таҳияи ашёи хоми пахта баргузор гардид.

Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, ки зери раисии роҳбари давлат 9 ноябри соли ҷорӣ баргузор шуд, мушкилоти мавҷуда дар соҳаи пахта таҳлил гардида, ногузирии ташкили муносибати кластер ва фермерҳо, тухмипарварии пахта дар асоси бархурдҳои нав ишора гардид.

Пешниҳодоте, ки бинобар ин супоришҳо таҳия гардидаанд, дар ин ҷамъомад баррасӣ гардиданд.

Аз он ҷумла, эътиборан аз ҳосили соли 2024 муносибати байни истеҳсолгарони ашёи хоми пахта ва кластерҳои пахтаву бофандагӣ аз рӯи тартиби нав роҳандозӣ мегардад.

То кишти тухмӣ фермерон ва кластерҳо дар дохили як минтақа дар асоси нишондодҳои ҳосилнокии замин қарордодҳои фючерс барои таҳияи пахта дар «сексияи ашёи хоми пахта»-и Биржаи молу ашёи хомро дар савдо, ки барои ҳар як минтақа алоҳида баргузор мегардад, ба имзо мерасонанд.

Ҳамзамон фермер миқдори пахтаи парваришнамудаашро дар биржа ҷойгир менамояд ва бо он кластери дохили ҳудуди худ фючерс ба имзо мерасонад, ки ӯ нархи ҳарчи баландро пешниҳод месозад. Қимати ибтидоӣ дар асоси нархи миёнаи нахи пахта дар биржаи фонди Ню-Йорк дар 12 моҳи охир муайян карда мешавад.

Фермерон миқдори пахтаеро метавонанд фурӯшанд, ки бар изофаи иҷрои қарордоди фючерс таҳия намудаанд ва ҳамчунин аз ашёи хоми маҳсулоти аввал ва дуюм ба даст овардаанд, бевосита ба кластере, ки қарордоди фючерс ба имзо расондааст ва ё ба ҳар гуна субъекти дигар дар биржа фурӯхта метавонанд.

Дар сурати аз ҷониби фермерон парвариш намудани ашёи хоми пахта аз ҳисоби маблағи худ, аз он ҷумла кредитҳои тиҷоратӣ, ашёи хоми пахта ва маҳсулоти якум ва дуюми аз он бадастомадаро озод метавонанд дар биржа ба фурӯш расонанд.

Дар ҷамъомад аҳамияти ташкили семинарҳои таълимӣ барои хоҷагиҳое, ки ашёи хоми пахта парвариш менамоянд, дар бораи тартиби иштирок дар савдои биржа таъкид гардид. Муайян карда шуд, ки кластерҳо ва корхонаҳои дигар ашёи хоми пахтаро танҳо аз тариқи тарозуҳои электронӣ қабул карда метавонанд ва низоми автоматиконии ҳисоби нахи пахтаро татбиқ менамоянд.

Аз ҳосили соли 2024 эътиборан низоми нави ҷудо намудани кредит ба фермерон ва кластерҳо аз маблағи Фонди дастгирии хоҷагии қишлоқ барои парвариши ашёи хоми пахта ва ҳисобу китоби ниҳоӣ татбиқ хоҳад гардид.

Зимни татбиқи чорабиниҳои агротехникӣ аз ҳисоби кредитҳои ҷудонамуда, таъминкунандагони мол, кор ва хидмат, аз он ҷумла захираҳои моддӣ аз ҷониби хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо мустақилона интихоб карда мешаванд.

Аризаҳо барои кредит пурра дар намуди электронӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар ҷамъомад ногузирии таҷдиди тартиби ташкили кластерҳои пахтаву бофандагӣ таъкид гардид.

Ҳамин тариқ онҳое, ки кластер ташкил кардан мехоҳанд, на камтар аз ду марҳилаи истеҳсоли маҳсулоти бофандагиро бояд роҳандозӣ намоянд ва ҳамчунин набояд бинобар андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ва инчунин кредитҳои бонкӣ қарзи муҳлаташ гузашта дошта бошанд.

Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба танзими фаъолияти кластерҳои пахтаву бофандагӣ барҳам дода, довталабоне, ки мехоҳанд фаъолияти кластерӣ ташкил намоянд, дар асоси онлайн-озмуни кушод ва шаффоф интихоб карда мешаванд.

Вазорати хоҷагии қишлоқ  реестри кластерҳоро ба роҳ меандозад ва мунтазам онро дар сайти худ нашр менамояд. Дар назди вазорат вазифаи ба вуҷуд овардани барномаи таснифи автоматии кластерҳо бинобар низоми нишондодҳои муҳимтарини самарабахшӣ гузошта шуд.

Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои рушди тухмипарварӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии пахта муҳокима гардиданд.

Қарори Президент, ки барои ин таҳия гаштааст, пешбинӣ менамояд, ки ба сифати озмоиш аз соли оянда ба кишти навъҳои хориҷии пахта дар 10 фоизи майдонҳои пахта иҷозат дода шавад.

Инчунин ба сифати озмоиш навъҳои ҳосилноки маҳаллӣ ва хориҷӣ дар іитъаҳои 14 ноҳияи холҳои ҳосилнокиаш пасти замин ва обёриаш мушкил ҷойгир карда мешаванд.

Аҳамияти корбасти талаботи карантини агротехникӣ ва сода нисбат ба навъҳои воридшавандаи пахта, роҳандозии парвариши ин навъҳо зери назорати махсуси карантин ва дар асоси нишондодҳои илмии Шӯрои пахтакорӣ таъкид гардид.

Ба кластерҳои пахта ва хоҷагиҳои фермерӣ дар бобати ҷойгир намудани навъҳои пахта озодӣ дода мешавад, аммо бинобар захираи тухмии кафолатнок.

Оид ба рағбатноксозии дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани навъҳои нави ҳосилнок ва саноатии пахта чандин вазифа муайян карда шуд.

Аз он ҷумла, ба кластерҳо ва фермерҳо чун ҳаммуаллифи навъи дахлдор муаррифӣ гардидан зимни кашфи навъҳои маҳаллии истиқболноки пахта, ба вуҷуд овардани истеҳсоли тухмии босифати баланд ва тиҷоратисозии навъ иҷозат дода мешавад. Тадриҷан ба кластерҳо ва корхонаҳои хусусии тухмипарварӣ додани соҳаҳо оид ба таҳияи тухмии сертификатшуда ба нақша гирифта шудааст.

Эътиборан аз соли 2024 навъҳои ҳосилнокиаш аз 30 сентнер кам тадриҷан муайян карда шуда, бо навъҳои ҳосилноки ватанӣ ва хориҷӣ иваз карда мешаванд.

Дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқ вазифаи таҳияи механизми татбиқи ин низом ва трансформатсияи фаъолияти Маркази тухмипарварӣ гузошта шуд.

Азбаски дар Ӯзбекистон дар соҳаи ҳосили нах муассисаи махсус, истеҳсоли нах ва саноати пахта вуҷуд надорад, дар пойгоҳи мақомоти илмиву тадқиқотии Шӯрои пахтакорӣ – ҶС «Пахтасаноат илмий маркази» ба вуҷуд овардани Институти илмиву тадқиқотии  ҳосили нах пешниҳод гардид.

Инчунин дар мамлакатамон экспертизаи илмӣ оид ба бехатарии организмҳо ва маҳсулоти аз лиҳози генетикӣ модификатсияшуда ва азнавкоркарди онҳо ба амал татбиқ гардида, инчунин пойгоҳи миллии маълумотҳои навъҳои аз лиҳози генетикӣ модификатсияшуда тартиб дода мешавад. Ба туфайли он баҳогузории бехатарии маҳсулоти истеҳсолгарданда ва воридгардандаи ГМО, инчунин таҳлили маълумот дар бораи маҳсулоти ГМО роҳандозӣ мегардад.

Бо мақсади рақамисозии соҳа то охири соли 2024 платформаи «е-уруғ» ба роҳ андохта мешавад. Ин барои ҳамгароии якдигари корхонаҳо ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ, дарёфти маълумот дар бораи таъмини тухмӣ ва захираи он, муносибии онҳо барои минтақаҳо, агротехнология, ҷойгирсозии озод ва шаффоф, бозтақсимкунӣ ва сертификатсияи тухмӣ барои навъҳо ва гибридҳо имконият фароҳам меорад.

Президент ин пешниҳодотро дастгирӣ кард ва доир ба татбиқи низоми нав чандин супориш дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: