Оид ба тартиб андохтани соҳаи дорусозӣ супоришҳои иловагӣ дода шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев оид ба масъалаҳои танзими соҳаи дорусозӣ, бо доруи хушсифат ва бехатар таъмин кардани аҳолӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Дар ҷаҳон саноати фармасевтӣ афзоиш ёфта, намудҳо ва таркибҳои нави доруворӣ пайдо мешаванд. Ин зарурати назорати доимии сифати онҳо, муайян ва таҳлил намудани таъсири ногувори онҳоро тақозо менамояд.

Президент 23 январ ба Фармон “Дар бораи чораҳои иловагии танзими саноати дорусозӣ” имзо кард.

Инак, ба зиммаи ташкилотҳое, ки доруворӣ ва маҳсулоти таъиноти тиббӣ истеҳсол мекунанд ва мефурӯшанд, барои таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти худ масъулият гузошта шуд. Барои онҳо қоидаҳои махсуси назорати давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Низоме фароҳам оварда мешавад, ки барои саривақт муайян кардан ва вокуниш нишон додан ба таҳдидҳои марбут ба истифодаи доруҳо нигаронида шудааст. Бо ин мақсад стандарти “Таҷрибаҳои созгори назорати фармакологӣ – GSP ” ҷорӣ гардида, дар Вазорати тандурустӣ махзани электронӣ оид ба таъсири ногувори доруворӣ таъсис дода мешавад. Дар бораи чунин амалҳо ба кормандони соҳаи тиб ва аҳолӣ сари вақт маълумот дода мешавад.

Анборҳои гумрукӣ ва озод, ки дар онҳо дору ва молҳои таъиноти тиббӣ нигоҳ дошта мешаванд, зина ба зина ба талаботи қоидаҳои “Таҷрибаи созгори назорати фармокологӣ – GSP” мувофиқ гардонда мешаванд.  Маркази таҷрибаи созгори назди Агентии рушди саноати фармасевтӣ ба як муассисаи давлатӣ табдил дода мешавад.

Ба таблиғи доруворӣ ва иловаҳои активи биологӣ  дар шабакаҳои телевизион ва радио танҳо дар асоси хулосаи шӯрои махсус, ки дар назди Вазорати тандурустӣ таъсис мешавад, иҷозат дода мешавад. Сарвари давлатамон аҳамияти ба танзим даровардани соҳаро барои саломатии аҳолӣ ва иқтисодиёт нишон дода, оид ба ташкили самараноки иҷрои фармони мазкур супоришҳои иловагӣ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: