Чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи электромобилҳо тақдим гардиданд

  • Чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи электромобилҳо тақдим гардиданд
  • Чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи электромобилҳо тақдим гардиданд
  • Чорабиниҳо оид ба рушди соҳаи электромобилҳо тақдим гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 6 феврал бо тақдимоти чорабиниҳо оид ба вусъат додани истеҳсоли электромобилҳо шинос гардид.

Мамлакатамон дар заминаи автомобилсозӣ соҳиби таҷрибаи калон ва инфрасохтори ногузир мебошад. Ҳоло 8 корхона даҳҳо намуди автомобил, нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, техникаи хоҷагии қишлоқ ва махсусро истеҳсол менамояд. Боз дар бештар аз 2 ҳазор корхона дар асоси ҳамкорӣ қисмҳои эҳтиётӣ ва пурракунанда истеҳсол мегарданд.

Дар ҷамъомаде, ки моҳи декабри соли гузашта ба вуқӯъ пайваста буд, роҳбари давлат таъкид карда буд, ки электромобилҳо ба ҳаётамон  хеле босуръат дохил мегарданд ва супориш дод, ки ин соҳа аз худ карда шавад. Зимни ташрифи давлатии худ ба Чин моҳи январи соли ҷорӣ Президент аз қароргоҳи ширкати «BYD» боздид ба амал овард. Якҷоя бо ин ширкат дар вилояти Ҷиззах лоиҳаи ҷамъоварии автомобилҳои омехта ва электрикӣ роҳандозӣ гардид. Дар мулоқот бо роҳбари ин ширкат дар бобати то 500 ҳазор воҳид расондани иқтидори истеҳсолӣ дар ояндаи наздик табодули афкор ба вуқӯъ пайваст.

Аз вуҷуд доштани эҳтиёҷ барои кор дар самти мазкур он чиз гувоҳӣ медиҳад, ки дар се соли охир фурӯши электромобилҳо дар Ӯзбекистон 10 баробар афзуда, соли 2023 35 фоизи содиротро автомобилҳои и электрикӣ ва омехта ташкил намуд.

Бинобар ин ба шахсони масъул дар бобати вусъат додани нақшаҳои қаблан дар соҳаи электромобил ва тезондани татбиқи лоиҳаҳо муайяншуда супоришҳо дода шуд. Ногузирии роҳандозии маҳаллисозии қисмҳои пурракунандаи электромобилҳо бо ҷалб намудани шарикони «BYD» таъкид шуд.

То он ки дар ин соҳаи нав қобили рақобат бошем, пеш аз ҳама инноватсия ва технологияи пешқадам зарур мебошад. Аз ин боис, вазифаи ба вуҷуд овардани низоми ҳамгароӣ, ки Донишкадаи политехникии Турин, марказҳои муҳандисӣ, донишкадаҳои илмӣ ва лабораторияҳоро  алоқаманд созанд, гузошта шуд.

Инчунин бо рушд намудани ин соҳа эҳтиёҷ ба мутахассисон ва коргарон меафзояд. Дар се соли наздик ин талаб метавонад то 10 ҳазор нафар расад. Бинобар ин ба ногузирии аз ҳозир оғоз намудани тарбияи кадрҳои баландмалака ишора гардид.

Дар бораи таҳияи барномаи рушди шабакаи шохобҳои қувватдиҳии электромобилҳо қарор қабул гардид.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: