«Овози тоҷик» – нишонаи миллат

Хуб медонем, ки нишонаи аввалин ва асоситарини миллат забони ӯст.

Хуб медонем, ки нишонаи аввалин ва асоситарини миллат забони ӯст. Аз ин рӯ қавмҳоро бинобар забони модариашон  мешиносанд. Аз чӣ сабаб бошад, ки дар вилояти мо забони модарии аксарияти мардум бо қавми дар шиноснома сабтшуда мувофиқат намекунад. Ҳол он ки беш аз нисфи аҳолии вилоят ва ноҳияамонро тоҷикону тоҷикзабонон ташкил мекунанд. Мутаассифона, онҳо намедонанд, ки алҳол ягона рӯзномаи тоҷикии ҷумҳуриявӣ – «Овози тоҷик» чӣ ҳол дорад? Бешубҳа, ҳар як инсони поквиҷдон адади нашри кунунии онро дида, беихтиёр, ангушти ҳайрат мегазад. Охир, шумораи рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ҳатто аз миқдори рӯзномаҳои ноҳиявӣ ҳам якчанд баробар кам аст. Беихтиёр суоле пайдо мешавад: ба қавми тамаддунофари мо чӣ шуд, ки аз ӯҳдаи дастгирии сарвати бебаҳои маънавиамон – «Овози тоҷик» намебароем ва ба тақдири он лоқайдем?! 
Албатта, медонем, ки солҳо муқаддам монеъгӣ ба сари мактабҳои тоҷикии вилоят «об рехта», ба мардум нисбати ояндаи забони модариаш эҳсоси нобоварӣ ангехта буд. Хушбахтона, бо шарофати сарвари оқилу халқпарварамон замон дигар шуда, саҳву хато бартараф мешавад. Боз садои форами дӯстии халқҳо ба гӯш мерасад. Дар ин гуна замон акнун лоқайдию бепарвоӣ ба мо намезебад. Рӯзномаи тоҷикие, ки аз солҳои таҳсил дар мактаби миёна дар дилҳоямон маъво дошту дорад, ҳоло муҳтоҷу интизори дастгирии мову шумост. Ман барои соли оянда ба он дар қатори аввалинҳо ҳатман обуна хоҳам шуд. 
Биёед, дӯстон, ба ифтихори ҳамаи мо рӯзномаи «Овози тоҷик» обуна шуда, онро ба аҳли ҳар як хонадон ҳамдам созем.

 Раҷаб МАВЛОНОВ, 
раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Шавгони ноҳияи Пешкӯи вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: