«ДАФТАРИ ЗАНОН» — ДАРИ ИМКОНИЯТҲОИ НАВ

Ҳар як ӯзбекистонӣ бо Ватани мустақилу озоди худ, ки дар он умр ба сар мебарад, ифтихор дорад.

Ҳар як ӯзбекистонӣ бо Ватани мустақилу озоди худ, ки дар он умр ба сар мебарад, ифтихор дорад. Аз он ки шаҳрванди як мамлакати зебову биҳиштосост, дилаш лабрези ифтихор, дар роҳи бунёди давлати бузург, зиндагии ободу фаровон фидокорона меҳнат мекунад.
Ин ҳисси ватанпарварӣ, бевосита бо аллаи модар ба дили фарзанд роҳ меёбад. Пас, аз ин дидгоҳ, эътибори Президент ба занон беҳуда нест.
Хоссатан, дар видеоселекторе, ки ба наздикӣ баргузор шуд, як қатор масъалаҳо доир ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷамъият ва бошуғлфарогирии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки бояд дар ҳар як ҳудуд «Дафтари занон» ташкил дода шавад, ба он рӯйхати занони бекор ва ба дастгирӣ муҳтоҷ дароварда шуда, кори манзилнок роҳандозӣ гардад.
Бояд гуфт, ки ба ин кори масъулиятнок вобаста карда шудани Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон, Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, Оҷонсии кор бо ҷавонони Ӯзбекистон ва дигар созмонҳои ҳамкор ба он мусоидат  менамояд, ки занону духтарон аз эътибори давлат дар канор намонанд.
Мутахассисоне, ки ба ин кор ҷалб карда шудаанд, хона ба хона даромада бо занону духтарон суҳбат меороянд, баъди ошноӣ пайдо кардан бо таваҷҷӯҳу ниёзҳояшон, ба пурсишномаи худ қайдҳо мегузоранд. Ба «Дафтари занон» занону духтароне дохил карда мешаванд, ки дар ҳудуди муайян ба сар мебаранд, аз синни 30 болоянд, ба дастгирии иҷтимоию ҳуқуқӣ ва равонӣ, гирифтани дониш ва касбомӯзӣ ниёз доранд, ҳамчунин, бояд бо шуғл фаро гирифта шаванд.
«Дафтари занон» то куҷо аҳамият дорад?

Вақте бо пурсишнома (анкета) шинос мешавед, итминон ҳосил мекунед, ки онҳо бо назардошти эҳтиёҷ, орзую умед, мушкилоти занон пур карда шудаанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд. Имрӯз чӣ зарурате пеш омад, ки «Дафтари занон» ташкил дода шавад?
Аз ин суханони пурмуҳтавои донишмандон, ки гуфтаанд: «Занон сарчашмаи ғуруру ифтихоранд. Мисли он ки бе офтоб гулҳо нашукуфанд, бе муҳаббат ба бахт ноил нагарданд, зан агар набошад, на шоир ва на қаҳрамон ба дунё меояд», чанд аср сипарӣ гардида бошад ҳам, қимати худро гум накардаанд.
Воқеан, зан — модари мушфиқ, ёри ба дил нишаста, хоҳару хоҳарбузурги саршор аз меҳр, духтари дӯстрӯяки мост! Онҳо имрӯзу фардо ва ояндаи миллатанд. Зеро занон мураббии ҳар як миллату халқанд.
Дар ин ҳангом тавассути дафтар чӣ қадар заноне пеши назар меоянд, ки дар дурдастҳо зери бори рӯзгор дарди худро ба касе нагуфта, гӯё дар даҳон об гирифта мегарданд. Дар оинаи пиндор модароне менамоянд, ки аз парастори худ ҷудо гардида, хаёлолуд чашм ба фарзандони умедвори  худ дӯхтаанд, чеҳраи маъюси занонеро мебинем, ки пас аз маҳрумияту саргардониҳои зиёде ба кишварамон баргашта омадаанду намедонанд, ки барои ёфтани кор ба куҷо муроҷиат намоянд.
Заноне пеши назар меоянд, ки қурбони савдои одам шудаанд, ба гирдоби зӯровариҳою залолат афтода, дар лаби вартаи ҷудоӣ қарор доранду ба фарзанди худ гуфтан наметавонанд, ки «Ту акнун ятим шудӣ». Вақти он расидааст, ки мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гарданд.

«Дафтари занон» роҳест ба манзили ҳалли мушкилот

Имрӯз кори хайре, ки аз ҷониби роҳбари давлатамон бо номи «Дафтари занон» оғоз ёфтааст, ба навбат дари минтақаҳоро боз менамояд. Хусусан, гурӯҳи корие, ки дар ноҳияи Хатирчӣ ташкил дода шудааст, хона ба хона рафта, бо шаҳрвандон суҳбат меороянд, бо иштироки онҳо пурсишномаҳоро пур мекунанд. Ба «Дафтари занон» занону духтароне дохил карда мешаванд, ки бо шуғл фаро гирифта нашудаанд, ба дастгирии иҷтимоию ҳуқуқӣ ва равонӣ ниёз доранд.
Имрӯз дар 36 ҳазору 667 хонадони ноҳияи Хатирчӣ 45 ҳазору 731 оила умр ба сар мебарад. Бино ба роҳандозии «Дафтари занон» дар ҷамоати шаҳрвандони ҳар як маҳалла гурӯҳи махсуси корӣ ташкил дода шудааст. Онҳо ба мақсади омӯхтани мушкили ҳар як зан ва кӯмак расондан ба онҳо пурсишномаҳоро пур мекунанд.
Ин ба дарёфти роҳи ҳалли мушкили занон замина мегузорад. Дари имкониятест, ки ба рӯйи занон, барои пешпо нахӯрдан ва қадамҳои устувор ниҳодан дар роҳи ҳаёт боз шудааст. Сарвари мамлакатамон таъкид намуд, ки ба фаҳми ҳар як ҳокимияти вилоят, шаҳру ноҳия ва раисони маҳалла расонда шавад, ки ташкил ва роҳандозии «Дафтари занон» таҳти назорати давлат қарор дорад. Дар ин таъкид маънии бузург таҷассум ёфта аст.

Ҷамшед ХОҶАЕВ,
узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: