ТАРҶУМА – ФАРЗАНДИ МУҲАББАТ

Суҳбат бо нависанда, шоир ва тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Сулаймон Эрматов

– Шуморо ҳамчун адиб ва шоири ӯзбекзабон нағз мешиносем. Дар оғоз мегуфтед, ки адабиёти тоҷик шуморо чӣ тавр ба худ мафтун кард? Огоҳ шудем, ки барои романи «Рӯзҳои гузашта»-и адиби машҳури ӯзбек Абдулло Қодириро аз асл тарҷума кардан миён бастаед. Чӣ гуна дар шумо хоҳиши ба тарҷума даст задани ин асари машҳур пайдо шуд?
– Адабиёт чизи аҷиб аст. Асари хуб аз байн сад сол гузарад ҳам, мисли оҳанрабо касро ба худ кашидан мегирад. Барои ман «Рӯзҳои гузашта» аз ҷумлаи ҳамин гуна асарҳост. Шоираи рус Белла Аҳмадуллина: «Тарҷумонӣ – муҳаббати як инсон ба инсони дуюм аст» мегӯяд. Агар ба ин муҳаббат адабиёт низ илова шавад, китоби тарҷумашуда ба маънои ҳақиқӣ ба асари санъат табдил меёбад. Ман ҳамчун хонанда асарҳои аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумашударо аз назар гузаронда меистам. Дар асоси мушоҳидаҳоям ба чунин хулоса омадам, ки ҷараёни намунаҳои адабиёти ӯзбекро аз аслият тарҷума кардан нисбат ба дигар забонҳо хубтар ба роҳ монда шудааст.
Абдулло Қодирӣ китоби «Рӯзҳои гузашта»-ро дар айни айёми ҷавонӣ, дар бисту панҷсолагияш навиштааст. Дар ин асар нависандаи ҷавон мушкилиҳои ҳиссиёти руҳӣ ва иҷтимоиро, ки бо изтиробҳои ҷавонӣ пардапӯш карда шудааст, ба қалам додааст. 
Романи «Рӯзҳои гузашта»-и Абдулло Қодирӣ дар таърихи адабиёти Шарқ шуҳрати бемисл дошта, ягон асари адиби дигар то ҳанӯз ин қадар шуҳрат пайдо накардааст. Романро тарҷума мекардаму дар сарам як савол чарх мезад: «Дар назди Қодирии суханвар хиҷолат намешуда бошам? Оё лафзи ширини ин адиби хушқаламро ба забони тоҷикӣ, ки худи муаллиф ин забонро ба дараҷаи олӣ медонист, ифода карда метавонам ё не?» 
– Тарҷумаи асари бадеӣ ҳодисаи мураккаб аст. Мураккабӣ дар он аст, ки пеш аз ҳама тарҷумон мушоҳидаҳои муаллифи асар, ҳасрату азобҳою шодиҳои ӯро ба хонандаи нави ин асар фаҳмонда доданаш лозим. Ба ақидаи ман дар ин ҷо худи забонро донистан камӣ мекунад. Фарқиятҳои тарҷумони қаторӣ аз тарҷумони касбӣ, фарқияти муаллиф аз мутарҷим дар чист? 
– Тарҷумаи бадеӣ санъати баланд мебошад. Тарҷумон мисли нависанда эҷодкор аст. Ӯ шаклу мазмуни асари ба дигар забон навишташударо нигоҳ дошта, ба забони дигар аз нав эҳё мекунад. Фарқияти нависандаю тарҷумон дар он аст, ки нависанда озодтар аст: ӯ ба мавзӯи хостааш, ба услуби хостааш, калима ва ибораҳои хостаашро истифода бурда навиштан мегирад. Вале имкониятҳои мутарҷим маҳдуд аст. Ӯ аз мавзӯъ, ғоя, мақсад ва услуби муаллиф, аз хусусиятҳои забон берун баромада наметавонад, дар доираи ин имкониятҳо аз қонуниятҳои забони худ истифода бурда, асарро аз нав ба забони дигар менависад. 
– «Рӯзҳои гузашта» романи бузург, дар он муҳаббати бузург ба забон гирифта шудааст. Барои ин гуна асарро тарҷума кардан омодагии ба худ хосро гузаштан зарур аст. Ҳамин тавр не?
– Дуруст, ман пеш аз ба нақша гирифтани тарҷумаи «Рӯзҳои гузашта» бо таъсири ин асар китоби публитсистии дуҷилдаи «Одоби оиладорӣ» ва дар мавзӯи муҳаббат қиссаи «Ишқномаи ҷавонон»-ро ба забони тоҷикӣ навиштам. 
Чингиз Айтматов гуфтааст: «Тарҷума – фарзанди муҳаббат». Асари тарҷумашудаистодаро аз таҳти дил дӯст надошта ба тарҷума машғул шудан кори беҳуда аст. Хусусан намунаҳои асарҳои машҳурро тарҷума кардан масъулияти калон ва маҳорати баландро талаб мекунад. 
– Шумо медонед, ки «Рӯзҳои гузашта» пештар аз тарафи адиб Истад Қосимзода тарҷума шуда буд. Якчанд вариант тарҷума шудани асар барои адабиёт чӣ қадар фоидаовар аст?
– Як асарро аз тарафи тарҷумонҳои гуногун ба як забон гирд овардан ҳодисаи мусбат буда, тарҷумаи нав зарурати ҳаёт ба шумор меравад. Дар ин ҳолат мутарҷимҳо аз якдигар таҷриба меомӯзанд, қувваи худашонро месанҷанд. Дар ҷараёни муқоисаи тарҷумаҳо нуқсон ва муваффақиятҳои ҳар як нусха равшан маълум шуда меистад. Тарҷумаи кӣ ба аслият наздику услуби адиб дар он дар маромаш аз нав барқарор шудааст ё не, дар тарҷумаи кӣ аз худ илова шудаасту фикри муаллифро дигар кардааст, маълум мешавад. 
«Рӯзҳои гузашта»-ро се кас – М. Швердин, Л. Бат ва М. Сафаров ба забони русӣ тарҷума кардаанд. Се навъ тарҷума. Аз онҳо чӣ тавре ки тарҷумоншинос Тӯлқун Сайдалиев таъкид мекунад, тарҷумаи М. Сафаров ба аслият наздик аст. 
Дар таърихи тарҷумаи ӯзбек низ ин хел мисолҳо ёфт мешавад. Масалан, асари безаволи «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозиро дар асри XIV Сайфи Саройӣ, дар асри XIX Огаҳӣ , дар оғози асри XX Муродхоҷа домулло Солихоҷаев, дар миёни ҳамин аср Ғафур Ғулом, Рустам Комилов ва Шоислом Шомуҳаммедов тарҷума кардаанд. Бо фикри адабиётшиносон беҳтаринаш тарҷумаи Сайфи Саройӣ будааст.
Тарҷумаи бадеӣ пули зебоист, ки адабиёт ва дилҳоро ба якдигар мепайвандад.  
Агар дар адабиёти тоҷик тарҷумонҳои боистеъдод бисёртар шаванду асарҳои беҳтарини на танҳо халқҳои бародар, балки ҷаҳониро низ тарҷума кунанд, нуран ало нур мешуд. Вале мо ҳоло ба ин дараҷа нарасидаем. Барои ин омӯхтани забонҳои русӣ, франсузӣ, англисӣ, хитоӣ ва ғайраро пурзӯр карданамон, сафи тарҷумонҳои бо нусхаи асл кор мекардаро зиёд намуданамон лозим меояд. 
– Имрӯз мо дар арафаи садсолагии нахустин нашри «Рӯзҳои гузашта» қарор дорем... 
– Сад сол аст , ки ин китоб миёни шефтагони каломи бадеъ даст ба даст мегардад. Абдулло Қодирӣ бо ин асари худ на танҳо дар ташаккул ва рушди насри таърихии ӯзбек, балки ба маҳорати эҷодии қаламкашони дигар халқҳо: тоҷику туркман, қазоқу қирғиз таъсир расондааст. 
Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ гуфтааст: «Ман аз Абдулло Қодирӣ бофтани сюжет, тавассути он кушодани образро омӯхтам». 
Романнависи барҷастаи адабиёти қазоқ Мухтор Авезов: «Дар давраи ибтидоии насри ӯзбек Айнӣ эҷод мекард, ба солҳои бистум омада Абдулло Қодирӣ ба воя расид. Ман аз соли 1928 сар карда асарҳои ӯро ба забони ӯзбекӣ мехондам» гуфтааст. Адиби ҷаҳоншинохтаи қирғиз Чингиз Айтматов низ аҳамияти худшиносии миллии «Рӯзҳои гузашта»-ро таъкид кардааст. 
– Ҳозир бо чӣ кор машғул ҳастед? 
– 25 январи соли 2024 90-солагии Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯлмас Умарбеков ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат романи «Одам шудан душвор», қиссаи «Маҳбубаи дӯстдоштаи ман» ва чандин ҳикояҳои ӯро, ки аз 31 ҷузъи чопӣ иборат аст, ба забони тоҷикӣ гирд оварда, ба нашр омода сохтам. Инчунин, «Афсонаҳои танҳоӣ», «Соҳиби аспи сафед» ном қиссаву ҳикояҳои адиби хушсалиқа, шодравон Муаззама Аҳмадоваро ба хонандагони ӯзбекзабон пешкаш карданиям.
– Хоҳиш ва таманнои шумо ба рӯзномаи «Овози тоҷик». 
– Ба мухлисони рӯзнома бахти китобхонию ташнагии донишро таманно дорам. Касе, ки ба китоб меҳр мондааст, аз ӯ ҳеч гоҳ бадӣ намебарояд. Одами бисёр хонда бисёр медонад, пойи ба замин гузоштааш мустаҳкамтар мегардад.
Истиқлол барои мо имконияти ба майдони ҷаҳон ҳамчун субъекти мустақил баромаданро дод. Ин ҳам имконият, ҳам масъулият ва ҳам меҳнати эҷодии муттасил аст. Боварӣ дорам, ки тарҷумонҳои мо аз ин имкониятҳо истифода бурда дар соҳаи тарҷума қуллаҳои навро фатҳ мекунанд. Ба ин кори сермашаққат, вале бошараф, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» низ саҳми арзанда гузошта истодааст, музаффарият таманно дорам.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ.
ш. Душанбе, ТОҶИКИСТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: