СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВИИ БАХШИДА БА 29-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо, тамоми халқи сермиллати моро бо бисту нуҳумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таҳти дил муборакбод менамоям. 
Дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷоновар ба собиқадорони соҳибэҳтироми мо, модарони азиз ва ҷавонон, ба кулли ҳамдиёроне, ки ин маросими тантанавиро дар студияҳои маҳаллӣ тамошо мекунанд, муборакбодии маро дар хонаҳояшон аз тариқи телевизион мешунаванд, эҳтироми амиқи худро иброз медорам.
Ба шумо маълум аст, ки соли равон мо бинобар пандемия Рӯзи истиқлолиятро чун ҳамеша васеъ, бо сайру тамошоҳои азими халқӣ истиқбол гирифта натавонистем.
Бо ғамхорӣ нисбат ба саломатии халқамон мо чорабиниҳои тантанавиро дар доираи танг, дар режими онлайн баргузор мекунем. Вале, чун пеш, устодони санъати мо вобаста ба ин санаи хотирмон барномаи азими бадеиро омода намуданд, ки аз бисёр шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешаванд. 
Бидуни шубҳа, муҳити ин ҷашни барои ҳамаи мо бузургу муқаддас дар хонаҳо, оилаҳои мо гарму ҷушон истиқбол гирифта мешавад, қалбҳои моро аз хурсандӣ лабрез менамояд.
Дӯстони муҳтарам!
Таърихи инсоният аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо халқи озод соҳиби қисмати худ ба шумор рафта, барои бунёди давлати озоду мустақил ҳуқуқ ва имконият дорад. «Озодиро ҳеҷ кас инъом намекунад, барои он бояд мубориза бурд!», ин буд шиори гузаштагони бузурги мо, ҷадидоне, ки ҳаёти худро  ба ин мақсади нек бахшидаанд. 
Муваффақ шудан ба истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон ин ҷасорат ва матонати бузурги халқи мо таҳти роҳбарии Нахустин Президент Ислом Абдуғаниевич буд ва воқеаи фавқулодда муҳим гардид, ки орзуи бисёрасринаро ба ҳаёт татбиқ намуд. 
Бо вуҷуди ҳама гуна даврони мураккабу душвор, бо вуҷуди ҳама гуна комёбиҳову натиҷаҳое, ки мо ба онҳо муваффақ шудем, барои мо ҳамеша ғояи истиқлолият рӯҳи озодӣ пуштбони мустаҳкам буд. 
Алҳол мо ҳақ дорем бо ифтихор изҳор намоем, ки кулли душвориҳоро ба шарофати дурбинӣ, ваҳдат ва меҳнати фидокоронаи халқамон сазоворона паси сар намудем.
Бешубҳа, Рӯзи истиқлолият, ки шаъну шараф, ғуруру ифтихор, давлатдории миллии моро эҳё кард, ба мо дини муқаддасамонро баргардонид,  дар таърихи шуҳратёри Ватанамон саҳифаи дурахшонтарин боқӣ хоҳад монд.
Алҳол дар тамоми олам аз хусуси кишвари мо сухан ронда, аксаран ифодаи «Ӯзбекистони нав»-ро истифода мебаранд. Ин эътирофи он мебошад, ки тӯли солҳои гузашта мо ба даврони куллан нави пешрафт ворид шудем ва дар ин роҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидем. 
Вобаста ба ин метавон гуфт, ки ҳоли ҳозир, ҳангоме ки иқтидори азими халқи мо куллан татбиқ мегардад, дар Ӯзбекистон пойдевори давраи нави Эҳё – Эҳёи Сеюм гузошта мешавад.  Зеро Ӯзбекистони кунунӣ ин Ӯзбекистони дирӯза нест, халқи мо бошад аллакай он халқе нест, ки дирӯз буд. 
Ҳангоме, ки мо ба роҳи душвор, вале бо вуҷуди ин пуршарафи худ, ки тӯли солҳои истиқлолият тай намудем, баҳо медиҳем, эътимодамон ба оянда, ба нерӯ ва иқтидори худ беш аз пеш меафзояд. Омили муҳим ин ислоҳотест, ки дар тамоми соҳа ва ҷанбаҳо, мувофиқи Стратегияи амалиёт оид ба рушди Ӯзбекистон татбиқ мегарданд. 
Дар ҳаёти мо ғояи сафарбаркунандаи «Аз эҳёи миллӣ ба пешрафти миллӣ» торафт бештар пойдор мегардад. Маҳз бо ҳамин ғоя мо барои куллан беҳтар кардани ҳаёти халқ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ, рушди инноватсионӣ қадамҳои муҳим мегузорем.
Ҷомеаи васеъ, худи мардуми мо ташаббускор ва бунёдгузори тамоми дигаргуниҳои мусбат мегарданд. Шаҳрвандони мамлакати мо дар куҷое набошанд, эҳсос менамоянд, ки таҳти ҳифзи давлат, нерӯи қонун ва адолат қарор доранд. 
Ҳоло торафт бештар ошкоро мегардад, ки низоми нави дар Ӯзбекистон ташаккулёфта худро дар вазъи мураккаби кунунӣ, ҳангоме ки ба олам хуруҷ ва таҳдидҳои гуногун таъсир мегузоранд, манфиатҳо ба ҳам бархурд мекунанд, куллан сафед мекунад.
Ҳамватанони муҳтарам!
Тавре ки ба шумо маълум аст, дар оғози сол мо барои соли 2020-ум нақшаи вазифаҳои бузургро муайян карда будем. Вале пандемияи коронавирус ва буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, офатҳои табиӣ ва фоҷиаҳои техногенӣ дар вилоятҳои Бухоро ва Сирдарё барои мо санҷишҳои ҷиддӣ гардиданд. Халқи мо, ки ӯро худи ҳаёт обутоб додааст, дар чунин рӯзҳои душвор тобу тоқат, меҳру мурувват ва меҳнатдӯстии хоси худро зоҳир намуда, беш аз пеш пурқудрат ва муттаҳидтар мегардад. 
Дар вазъи мураккаби ҳолоина барои мо ҳаллу фасли самарабахши дар як вақт ду вазифаи муҳиму бағоят фавқулодда ҳаётан зарур ба шумор меравад. Мо дар як вақт ба ҳаллу фасли мушкилоти ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ, ҳамчунин истиқрори иқтисодиёт, барои мардум фароҳам овардани шароити кору дарёфти музди меҳнат машғул мегардем. 
Дар шароити пандемия мардуми мо воқеан нирӯи пуриқтидор гардид, ки онро ҷунбиши умумимиллии «Меҳру мурувват ва дастгирӣ» равшан намоиш дод. Ин ташаббуси нек корчаллонҳо ва соҳибкорон, ҷавонони фидокори мо, тамоми ҳамдиёронамонро муттаҳид намуд. 
Дар ин ҷо мехостам як байти машҳури Алишери Навоии бузургро, ки имрӯз мазмуну муҳтавои беш аз пеш амиқ пайдо кардааст, хотиррасон намоям:
Андар тани аҳли даври худ ҷон мебош,
Бар ҷони касон мояи дармон мебош.
Воқеан, алҳол худи замон аз ҳар кадоми мо тақозо менамояд, ки бо корҳои нек, саховату кушодадилӣ ба халқамон нафърасон бошем.
Бояд гуфт, ки  пандемияи коронавирус барои низоми миллии нигаҳдории тандурустӣ низ санҷиши ҷиддӣ ва мактаби бузурги таҷриба гардид. 
Тӯли шаш моҳи охир мо бинобар мубориза бо ин бемории хавфнок корҳои беқиёсро иҷро кардем. Аз ҷумла, бисёр беморхонаҳои нав ва минтақаҳои карантин сохта, ба истифода супурда шуданд. Миқдори зиёди таҷҳизоти иловагии тиббӣ ва мошинҳои «ёрии таъҷилӣ» харид гардиданд. Бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва таҷрибаи худӣ усулу услуби табобат такмил меёбад. Масъалаи рағбатноксозии сазовори меҳнати фидокоронаи кормандони тиббӣ, ки мардонавор, шабу рӯз бар муқобили коронавирус мубориза мебаранд, дар маркази эътибори мо қарор дорад. Дар натиҷаи ҳамаи ин корҳо ҳазорҳо нафар беморон сиҳат шуда, ба оилаҳои худ бармегарданд. 
Мо барои баргаштан ва дастгирӣ намудани ҳамдиёроне, ки барои кор ва хониш ба хориҷа рафтаанд, вале бинобар пандемия дар ҳоли душвор мондаанд, корҳои зиёдеро иҷро намудем, ин кор ҳанӯз идома дорад.
Ягон кас бояд фаромӯш накунад: бо вуҷуди душвориҳо бо вуҷуди сарф шудани маблағ ва саъю кӯшиш, ягон шаҳрванди Ӯзбекистон аз эътибор берун намемонад. 
Тавре ки маълум аст, намояндагони ду касб барои садоқат ба вазифаи худ савганд мехуранд: аскароне, ки ба ҳифзи Ватан истоданд ва шифокороне, ки масъулияти саломатии инсонро ба дӯши худ гирифтаанд. Ҳоло худи ҳаёт собит менамояд, ки ин беҳуда нест. Дар вазъияти мураккаби кунунӣ шифокорони мо ба савганди муқаддаси худ содиқ мемонанд ва ҳаёти худро дареғ надошта, қаҳрамонона меҳнат мекунанд. 
Халқ ва давлати мо тобу тоқати шумо, ҷасорати шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Мутаассифона, бо вуҷуди тамоми саъю кӯшишҳои мо бемории коронавирус боиси фавти бисёр ҳамдиёрони мо гардид. Барои мо ин талафоти вазнину бохти гарон мебошад. Онҳое, ки вафот карданд, ба дилҳои мо чун қарибонамон наздиканд. 
Ба ҳамватанони мо, ки аз наздикони худ ҷудо шуданд, ҳамдардии амиқ изҳор мекунам, бигузор Худованд ба онҳо сабру тоқат ато кунад.
Дӯстони азиз!
Ҳикмати мардумӣ мефармояд: «Зиндагӣ дарёст, дарёи равон» ин ҳақиқатро корҳои азиме, ки мо дар вазъияти кунунӣ татбиқ менамоем, тасдиқ мекунад. Идораҳои бонуфузи молиявӣ ҳамчун Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бунёди байналхалқии асъор таъкид менамоянд, ки Ӯзбекистон аз ҷумлаи камтарин давлатҳое ба шумор меравад, ки дар он ба ақибравии иқтисодиёт роҳ дода нашуд, онҳо афзоиши назарраси моро дар солҳои минбаъда пешбинӣ менамоянд. Ин, бешубҳа, натиҷаи чораҳои саривақт андешидаи мо мебошад.
Бо вуҷуди маҳдудиятҳои карантинӣ, мо корҳои васеъмиқёси бинобар рушди саноат ва хоҷагии қишлоқ, бунёди истеҳсолоти замонавӣ оғозкардаи худро мустақимона идома медиҳем. 
Мо тавонистем манбаъҳои даромад ва дараҷаи ҳаёти қисми асосии аҳолиро ҳифз намоем. Дар натиҷаи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои карантинӣ аз 72,5 ҳазор корхонаҳои саноатӣ 16,7 ҳазорашон фаъолияти худро қатъ намуданд. Ба шарофати корҳои мунтазам дар 16,6 ҳазор корхона истеҳсолот аз нав ба роҳ монда шуд.
Нақшаҳои пешбиникардаи мо бинобар таъмин сохтани ба бозорҳои ҷаҳонӣ ворид шудани маҳсулоти ватанӣ иҷро мешаванд. Инро он санад собит менамояд, ки аз оғози сол ҳаҷми содирот 9 миллиард долларро ташкил дод. 
Мехоҳам эътибори шуморо боз ба як рақам ҷалб намоям. Соли равон танҳо дар сектори саноати ҷумҳурӣ лоиҳаҳо ба арзиши умумии 11 миллиард доллар татбиқ мегарданд. 
Дар бораи лоиҳаҳои азим сухан ронда, бояд Корхонаи нави филизоти  Тошкандро махсус таъкид кард. Ин корхона, ки бо технологияҳои замонавии олмониву италиёӣ муҷаҳҳаз шудааст ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар ба шумор меравад, соле 500 ҳазор тонна металлопрокат  истеҳсол менамояд. 
Дар корхонаҳои «Навоиазот» заводҳои иқтидори истеҳсолиашон соле 500 ҳазор тонна туршии азот ва 100 ҳазор тонна поливинилхлорид ба истифода супурда шуданд. То охири сол дар ин ҷо корхонаҳое, ки ҳар сол 660 ҳазор тоннагӣ амиак ва 577 ҳазор тонна карбамид истеҳсол мекунанд, ба истифода супурда хоҳанд шуд. Дар заводи «ЖТЛ Ӯзбекистон», ки бунёд меёбад, соле истеҳсоли 1,5 миллион тонна сӯзишвории синтетикӣ дар асоси метан ба роҳ монда мешавад, ки аз ҷониби Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан коркард мегардад. 
Лоиҳаҳо бинобар се карат зиёд кардани истеҳсоли филизоти ранга ва гаронбаҳо дар Комбинати маъданҳои кӯҳии Олмалик, ҳамчунин даҳҳо  лоиҳаҳои бузурги дигар дар саноати нафт, кимиё, электротехника, соҳаҳои истеҳсоли маводи сохтмон, ҷанбаҳои дорусозӣ, бофандагӣ, пӯсту пойафзор ва ғайра татбиқ мегарданд. 
Дар натиҷаи чунин ислоҳоти васеъмиқёс дар соҳаи иқтисодиёт захираи асъори байналхалқии мо тақрибан 5,5 миллиард доллар афзуд ва ҳоло 34 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бидуни шубҳа, ин дастоварди бузурги мост. 
Хоҷагии қишлоқ дар таъмин сохтани суръати устувори пешрафти иқтисодиёти мамлакат нақши махсус мебозад. Ба мақсади бозсозии соҳаи мазкур аз ҳисоби маблағи созмонҳои байналхалқии молиявӣ лоиҳаҳои арзишашон 1,2 миллиард доллар татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, барои дар ҳар кадом минтақа созмон додани марказҳои замонавии хидматрасонии аграрӣ маблағҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳаҷми 500 миллион доллар ҷалб карда шуд.
Солҳои охир мо бори аввал чунин захираҳои азими молиявиро барои рушди кишоварзӣ сафарбар менамоем. 
Соли равон деҳқонон ва фермерони моҳири мо дар шароити мураккаб фидокорона кор карда, аз ғалла тақрибан 6,5 миллион тонна ҳосил бардоштанд. Дар чорвопарварӣ ва паррандапарварӣ, боғдорӣ, мевапарварӣ ва парвариши маҳсулоти полизӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд.
Ба деҳқонону фермерон, кормандони хоҷагиҳои кластерӣ, тамоми меҳнатдӯстони саҳроҳо – офарандагони фаровонҳоливу беҳбудии мо самимона миннатдорӣ баён мекунам. 
Дӯстони муҳтарам!
Дар мамлакати мо ба рушди соҳибкории хусусӣ ва тиҷорати хурд эътибори махсус дода мешавад. Тавре ки шумо медонед, дар даврони пандемия ба мақсади дастгирӣ намудан ва таъмин сохтани фаъолияти муттасили соҳибкорон ба онҳо имтиёз ва сабукиҳои гуногун дода шуданд.
Соли равон барои татбиқ сохтани барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» зиёда аз 4 триллион сӯм равона мегардад. 
Муътақидам, ки ба шарофати чунин меҳнати мунтазам мо кори муттасили иқтидорҳои истеҳсолӣ ва эътидоли иқтисодиёти миллиро то охири сол таъмин менамоем.
Алҳол дар кишвари мо, ки ба майдони азими сохтмон табдил ёфтааст, бисёр корхонаҳои нав ва хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо, иншооти инфрасохтор, соҳаҳои таълим, илм, ҳифзи тандурустӣ, маданият ва варзиш бунёд меёбанд. Ҳоли ҳозир танҳо дар соҳаи иҷтимоӣ тақрибан 2,4 ҳазор иншоот бо суръати баланд сохта мешаванд.    
Хатҳои нави зеризаминӣ ва рӯизаминии метрои Тошканд, ки ҳамин дирӯз ба баҳрабардорӣ супурда шуданд ва ҳамчунин маҷмӯаҳои боҳашамат мисли Боғи Ғалаба ва Хиёбони адибон дар пойтахт, иморат ва иншоотҳои замонавие, ки дар тамоми минтақаҳо бунёд мегарданд – мисоли равшани потенсиали бузурги бунёдкоронаи мардумамон.
Ҳамватанони азиз!
Тавре ки маълум аст, мақсади асосии истиқлолияти миллии мо дар амал таъмин намудани афзалияти ҳаёт, ҳуқуқ ва манфиат, шараф ва обрӯи ҳар як инсон дар мамлакат мебошад.
Ин корро идома дода, мо бар асоси принсипҳои адолати иҷтимоӣ, дараҷаи сиёсати давлатии дастгирии қишри аҳолии ба кӯмак ниёзманд ва кам кардани қашшоқиро ба дараҷаи нав бардоштем. Аз он ҷумла, теъдоди онҳое, ки кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд, қариб ба 1,5 баробар афзуд. То охири сол теъдоди онҳо аз 774 ҳазор то 1,2 миллион мерасад. Барои дастгирии ин тоифаи шаҳрвандон ва барқарор намудани иқтисодиёт аз буҷаи давлат 12,5 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Ба қарибӣ низоми ҳимояи  иҷтимоӣ, мадади моддӣ ва маълум намудани оилаҳои эҳтиёҷманд бо роҳи омӯзиши хона ба хона ташаккул дода шуд.  Ба мадади моддӣ ҳамагӣ 417 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Инчунин моҳи сентябр бо мақсади таъмин бо либосворӣ, либоси мактабӣ ва воситаҳои таълимии кӯдакони оилаҳои ба дастгирӣ муҳтоҷ ва бесарпараст, ба кӯдакони ногиро кӯмаки моддӣ ба миқдори қариб 426 миллиард сӯм расонда мешавад.
Дар таърихи Ӯзбекистон то ҳанӯз дар соҳаи иҷтимоӣ чунин кори доманфарох иҷро нагардида буд.
Табиист, ки имрӯз дар чунин рӯзи хотирмон мо дар бораи корҳои анҷомдодаамон дар бобати рушди мутаносиби насли ҷавон – ояндаи Ватани мустақиламон ҳарф мезанем.
Дар чор соли охир дар мамлакат 43 муассисаи таълими  олии  нав кушода шуд, теъдоди умумии онҳо ба 121-то расид. Соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро барои дохил гардидан ба мактабҳои олӣ қариб 1,5 миллион нафар ҷавонон – 40 фоиз бештар нисбат ба соли гузашта, супурданд. 
Ин рақамҳо, пеш аз ҳама, аз умеди калон ва боварии қатъии ҷавонон ва падару модарони онҳо ба оянда, ба ояндаи мамлакати азиз гувоҳӣ медиҳад.
Чанде нагузашта ин ҷавонон имтиҳоноти дохилшавиро пушти сар менамоянд. Биёед, ба онҳо тавфиқ ва муваффақият орзу кунем!
Инчунин, дар низоми таълими томактабӣ ва мактабҳои таълими ҳамагонӣ тағйироти куллӣ ба амал меояд, ки онҳо дар тарбияи насли наврас нақши муҳим доранд. Корҳои мо дар бобати сохтмони мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус, татбиқи барномаи «Мактаби замонавӣ» муттасил идома дорад.
Дар мамлакатамон Агентии оид ба корҳои ҷавонон ва Шӯрои байниидоравӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон ташкил гаштаанд. Парлумонҳои ҷавонон дар назди палатаҳои Олий Маҷлис ва Академияи ҷавонон дар назди Вазорати рушди инноватсионӣ таъсис гардиданд. Дар минтақаҳо «Фабрикаи лоиҳаҳо» ба кор шурӯъ карданд.
Дар доираи барномаи давлатии «Ҷавонон – ояндаи мо» қариб 1,7 триллион сӯм кредити имтиёзнок барои татбиқи беш аз 8 ҳазор бизнес-лоиҳаи ҷавонон ҷудо карда шудааст.
Мақсади асосии мо минбаъд низ ташкил намудани тамоми шароит барои он, ки насли ҷавон истеъдод ва иқтидор, азми неки худро татбиқ намуда, фаъолнокии ҷамъиятии он инкишоф ёфта, дар ҳаёт ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд, боқӣ мемонад.
Инчунин корҳои мо дар бобати ҳифзи оила, модар ва кӯдак, ҳуқуқ ва манфиатҳои занон, беҳсозии шароити меҳнат ва ҳаёти онҳо, таъмини баробарии ҷинсӣ идома дорад.
Тавре ки медонед, имсол мо низоми навро доир ба дастрасии васеъ ба маълумоти олӣ барои духтарони оилаҳои камтаъмин ҷорӣ намудем. Ҳамин тариқ дар соли нави хониш барои онҳо барилова 940 ҷой барои таълим дар шуъбаҳои  рӯзонаи муассисаҳои таълими олӣ дар асоси гранти давлатӣ ҷудо карда шуд.
Дӯстони азиз!
Ҳамаи мо мебинем, ки дар тамоми ҷаҳон имрӯз рақобат то чи андоза хусусияти ҷиддӣ касб менамояд. Дар чунин шароити зудтағйирёбандаи рақобат фақат васеъ татбиқ намудани дастовардҳои илми замонавӣ ва инноватсия ба мо имкон медиҳад, ки ба ин ситезаҳо ҷавоби муносиб диҳем. Ин вазифаи стратегӣ самти бартариноки фаъолияти мо хоҳад гардид.
Дар солҳои охир олимони Ӯзбекистон дар чандин соҳаи илми фундаменталӣ ва корбурди дастовардҳои худ дар амал муваффақиятҳо ба даст оварданд. Аз он ҷумла, натиҷаҳои амалии муҳим дар математика, физика, кимиё, биология, астрономия, дорусозӣ, геология, сейсмология ва дигар соҳаҳои илм ба даст омаданд. Кори мо дар бобати рушди математика, кимиё, биология ва таълими ин фанҳо ба дараҷаи нав мебарояд.
Фикр мекунам, ки мукофоти байналхалқии Муҳаммад ал-Хоразмӣ, ки таъсис додаем, боз як омили муҳим дар рағбатноксозии истеъдодҳои ҷавон дар раванди математика хоҳад гардид.
Маълум аст, ки ҳар як давлати мустақил ба тараққиёти баланд фақат пойгоҳи мустаҳками маънавиро соҳиб буда, ноил гардида метавонад.
Бо ин мақсад дар доираи Консепсияи таълими муттасили маънавӣ мо бори нахуст ба барномаи мактабҳои таълими ҳамагонӣ фанни «Тарбия»-ро дохил менамоем.
Дар ин соҳа инкишофи забони ӯзбекӣ – рамзи давлатдории миллӣ ва худшиносии мо самти муҳим боқӣ мемонад. Имсол 21 октябр мо Иди забони ӯзбекиро васеъ тантана менамоем.
Дар вақтҳои охир чандин фармон ва қарор қабул гардид, ки онҳо сатҳи инкишофи маданият ва санъати миллии моро ба дараҷаи нав мебардоранд.
Инчунин ба рушди соҳаи маънавият ва маърифат, аз он ҷумла дар соҳаи дин эътибори алоҳида дода мешавад.
Сохтмони Маркази тамаддуни исломӣ бо суръати баланд идома дорад. Ин маҷмӯаи нодир инъикосгари саҳми бузурге, ки халқамон ба инкишофи тамаддуни ҷаҳон гузоштааст, хоҳад гардид. Дар идомаи ин кори нек мо ба қарибӣ ба бунёди Маркази илмиву тадқиқотии Имом Мотурудӣ шурӯъ намудем.
Дар мамлакатамон корҳои бузург дар заминаи таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон анҷом дода мешавад.
Натиҷаҳои амалие, ки дар низоми суду ҳуқуқи Ӯзбекистон ба даст омадаанд, дар сессияи Шӯрои оид ба ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид боиси эътироф гардид. Ин баҳои холиси кӯшиши мо дар самти мазкур гардид.
Бори аввал дар мамлакат Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон қабул гаштааст.
Моҳи августи соли равон веб-форуми Самарқанд оид ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон баргузор гардид. Он дар таҳкими ҳамкориҳои глобалӣ барои беҳбуди зиндагии ҷавонон  на танҳо дар кишвари мо, балки дар саросари ҷаҳон нақши муҳим дошт.
Оид ба минбаъд такмил додани системаи суду ҳуқуқ, озодгардонии қонунгузории ҷиноӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ баргардонидани одамони гумроҳшуда корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.
Вақтҳои охир васеъ истифода шудани институти афви шахсоне, ки барои ҷиноятҳо ҷазоро адо мекунанд, ифодаи амалии олиҳимматӣ ва инсонпарварии ба мардуми мо хос мебошад. Ҳамчун идомаи мантиқии ин кор дар арафаи ҷашни истиқлолият ман ба боз як фармони дигар имзо кардам. Тибқи он, 73 нафаре, ки аз корҳои кардаашон самимона тавба карданд ва ба роҳи ислоҳ қадам ниҳоданд, аз муассисаҳои ислоҳӣ озод карда шуданд ва ба назди оила ва наздикони худ баргаштанд. Муҳлати адои ҷазои 40 нафар коҳиш дода шуд.
Барои барқарор кардани шаҳрвандӣ, ки шарти муҳими риояи ҳуқуқҳои инсон мебошад, қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Зиёда аз 50 ҳазор нафар, ки солҳои дароз дар кишвар зиндагӣ мекарданд, аммо шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоштанд, ин мақоми деринтизорро ба даст оварданд.
Дар кишвари мо бо коррупсия — падидаи нафратоваре, ки ба рушд зарари калон мерасонад, муборизаи васеъмиқёс бурда мешавад.  Аз ин лиҳоз, таъсиси сохтори нав — Агентии мубориза бо коррупсия аз аҳамият ва таваҷҷуҳи доимии мо ба ин масъала далолат медиҳад.
Бори дигар таъкид кардан мехостам, ки коре, ки мо оид ба озодгардонии тамоми соҳаҳо, дар ҳаёт қарор додани тамоюлҳои озодии сухан ва матбуот, ошкорбаёнӣ ва шаффофият, муқаррар намудани назорати самарабахши ҷамъиятӣ аз болои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамоем, хусусияти бебозгашт пайдо намуданд.
Тавре ки шумо медонед, сарфи назар аз вазъи душвори имрӯза, мо тамоми ӯҳдадориҳо ва созишномаҳои байналмилалии худро иҷро карда истодаем. Бо шарикони хориҷии худ ҳамкории мутақобилан судмандро фаъолона инкишоф медиҳем.
Аз фурсат истифода бурда, аз номи халқамон ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, инчунин ба Чин, Русия, ИМА, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон, Ҷопон ва дигар кишварҳои шарик барои кумаки амалии онҳо дар мубориза бар зидди коронавирус миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Мо аз Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки таҷдиду тараққиёти Аврупо, Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё ва дигар ташкилотҳо барои дастгирии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, инчунин кӯмак дар нарм гардондани оқибатҳои пандемия миннатдорем.
Ба халқҳои ҳамаи кишварҳои хориҷи наздик ва дур, дӯстон ва шарикони худ, ки моро дар ин рӯзҳо бо иди истиқлолият табрик мегӯянд, сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Ҳамватанони азиз!
Вазъияти душвори имрӯза аз ҳар яки мо талаб мекунад, ки боз ҳам фаъолтар ва масъулиятшинос бошем.
Мардуми мо як мақоли оқилонае дорад: «Чашм метарсад, аммо дастҳо амал мекунанд». Дар шароити кунунӣ чашмон, дастҳо ва қалбҳои мо бояд бошуҷоат ва диловар бошанд. Агар мо бо нияти нек, бо қатъият ва суботкорона заҳмат кашем, ҳатман ба ҳадафҳои худ мерасем.
Тавре ки китобҳои муқаддаси мо мегӯянд, ҳар як душворӣ сабукӣ меорад.
Ҳамаи мо умедворем, ки якҷоя боз бисёр ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла, Наврӯз ва идҳои динӣ ва санаҳои муҳими таърихиро ҷашн хоҳем гирифт.
Соли оянда 30-солагии истиқлолияти Ватани мо ҷашн гирифта мешавад. Мо ният дорем, ки ин санаи пуршарафи таърихи кишварро васеъ ва сазовор пешвоз гирем.
Дар арафаи ид гурӯҳи калони ҳамватанони мо, ки дар соҳа ва ҷабҳаҳои гуногун фидокорона меҳнат мекунанд, бо мукофотҳои олии давлатӣ — унвонҳои фахрӣ, орденҳо ва медалҳо сарфароз гардонида шуданд. Ман ҳамаи онҳоро самимона табрик мегӯям ва ба шумо дар зиндагӣ ва фаъолият барои манфиати ҷомеа комёбиҳои нав таманно мекунам.
Аз  фурсат истифода бурда, ман бори дигар ба коргарон ва хизматчиён, бинокорон ва соҳибкорон, фермерон ва деҳқонон, ҷавононамон, ба ҳамаи онҳое, ки қарзи инсонӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро дарк намуда, дар роҳи таҳкими истиқлолиятамон фидокорона меҳнат мекунанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ба депутатҳо ва сенаторони муҳтарами мо, кормандони мақомоти ҳукумат ва фаъолони маҳаллаҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, олимон ва арбобони эҷодӣ, собиқадорони фахрӣ, намояндагони аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммавӣ барои хидмати содиқонаашон ба манфиати халқ аз таҳти дил ташаккур мегӯям.
Ман ба хирадмандӣ ва азми қатъии халқамон, ки ба онҳо сифатҳои аҷиби инсонӣ, устуворӣ ва ҳамбастагӣ, ҷасорати ҳақиқӣ хос буда, дар ин рӯзҳои душвор ба таври возеҳ зоҳир мешаванд, эътимоди комил дорам.
Бо ҳисси муҳаббати фарзандона ва садоқат ман дар назди халқи олиҳиммат ва қаҳрамонамон сари таъзим  фуруд меорам.
Ҳамватанони азиз!
Бори дигар шуморо бо бисту нӯҳсолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик мегӯям.
Ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам!
Бигзор, дар кишвари зебои мо ҳамеша сулҳу оромӣ ҳукмрон бошад, халқамон хушбахт ва зиндагиаш шукуфон бошад!
Бигзор Худованди мутаол моро аз ҳар гуна нохушиҳо нигоҳ дорад!
Бигзор, истиқлолияти мо ҷовидон бошад!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: