Бозингари клуби “Персикас Субанга”-и Индонезия бар асари раъду барқ ҳангоми бозӣ ба ҳалокат расид
Фоҷиа рӯзи 10 феврал дар ҷараёни бозии дӯстонаи лигаи сеюм дар варзишгоҳи «Силиванги»-и шаҳри Бандунг рух дод. Дар дақиқаи 15-уми бозӣ варзишгари 30-соларо барқ зад.
Пеш аз он ҳам раъду барқ ба амал меомад, онҳо ба он аҳамият надода, бозиро давом медоданд.
Бозингарро дарҳол ба беморхона бурданд. Аммо шифокорон наҷот дода натавонистанд - варзишгар даргузашт, хабар медиҳад mir24.tv.