НАҚЛ ДАР ШЕЪР

«Воқеанигорӣ» дар шеърро як тоифа намеписанданд.

«Воқеанигорӣ» дар шеърро як тоифа намеписанданд. Мегӯянд, шоир на ноқил, балки мусаввири эҳсос ва тасаввурот бояд бошад. Бо вуҷуди ҳамин дар падидаҳои қаламии баъзе шоирони боистеъдод нақли воқеаҳои ҷолиб омехта бо таассуроту ҳаяҷони ботин дилангезӣ касб ва қалби хонандаро тасхир месозанд. Ин дар офаридаҳои суханвари боистеъдоди мо Лоиқ равшантар падид меояд. Масалан, вай дар яке аз шеърҳои ба модар бахшидааш давраи беғубор ва афсонамонанди тифлӣ ба ёд меорад. Дар ҳолати беморӣ ёд меорад модари меҳрубонро, қадри модар дигарбора ҳис карда ва бо пазмонии шадид мегӯяд, ту куҷоӣ? Воқеае ба хотираш мерасад аз кӯдакӣ, аз худро бардурӯғ ба беморӣ задан, то модари зор меҳрубонтар бошад, «қадр»-и ӯ бештар донад, эркадорӣ кунад. Модар ба бемории ӯ бовар намуд, гирдаш парвона гашт, аз Худо илтиҷоҳо намуд, ки ба дарди кӯдакаш даво диҳад... Аз байн солҳо гузаштанд, модар чашм аз ҷаҳон пӯшид, кӯдаки дирӯза ҳоло марди синнаш ба ҷое расида ва... бемор:
Кунун аз ростӣ беморам, 
эй модар, куҷоӣ ту?!
Сахт мутаассир мешавад шеърхон, кӯдакӣ ба ёд меорад бо як ҳузни ширин, модари ҷонпарвар падидор мешавад дар пеши назараш – шояд ӯ ҳам дар кӯдакӣ худро бардурӯғ ба беморӣ зада ва модар фиребида буд...
Вақте кас бемор шуд, беихтиёр, кӯдакӣ бедор мешавад пеши чашмаш. Модари худ ба хотир меорад, падарашро ёд мекунад. Кӯдак кадом вақте хоҳад мегиряд, одами калон-чӣ? Чун сар ба болин расид, дард зӯрӣ кард, қадри модару падар сахт гузашт, вай ҳам мегиряд. «Модарҷон» гуфта оби чашм мекунад, «падарҷон» гуфта ашк фурӯ мебарад.
Лиро-эпикаи муассир дар намунаҳои шеърии Расул Ғамзатови машҳур низ ба чашм мерасанд, ба дил таъсир мекунанд.
Чаро ту мегирйӣ, мегӯяд вай ба наберааш Шаҳрзод. Падарат бошад, модарат бошад, ака ва апаҳоят – дар пешат, гиря барои чӣ?
Ман гирям, ки аз падар, модар ва ҷигарҳои дигар ҷудо шудаам. Ту чаро мегирйӣ? Онҳое, ки гирду пеши туанд, воқеан дӯстдори ту. Ту ҳанӯз намедонӣ, ки хиёнат чист. Ман бояд гирям, ки чӣ будани хиёнат, хусусан, хиёнати «дӯстон»-ро медонам!
Ту ҳанӯз чӣ будани бадиро намедонӣ. Вақте хобӣ, касе безобита намекунад. Ман бояд гирям, ки даҳшатҳои ҷанг дида ва он гӯё ҳанӯз дар дилу вуҷудам давом мекунад. Нимашабҳо парида мехезам!
Ту бояд гиря кунӣ ё ман?
... Набераам маро бодиққат шунид ва гуфт: «Бобоҷон, ту ҳамаи инро аз сар гузаронда шудӣ. Вале ҳоло назди ман як ҳаёти пурра истодааст. Кӣ медонад, чиҳо меоянд ба сарам. Балки дурӯғ, хиёнат, ҷанг... ки ту аз сар гузарондӣ, маро ҳанӯз пеш.
Бобоҷон, ту ҳамин тавр кун, то чизҳое, ки ба гиряат сабаб шудаанд, такрор наёбанд!
... Нигаред Лоиқи бузург ва Ғамзатови бузург чӣ нақлҳое мекунанд дар шеър. Дар шеърҳои пур аз ҳиссиёт ва таассурот.

Ш.МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: