ДАР ҚӮҚАНД КИТОБХОНАИ АМИРӢ КУШОДА ШУД

Дар шаҳри Қӯқанд дар тасарруфи Китобхонаи миллии Ӯзбекистон китобхонаи ба номи Амирӣ, ки бо талаботи замонавӣ аз нав таъмир карда шуд, ба кор шурӯъ намуд.

Китоб ва китобхонӣ дар рушду камоли инсон нақши муҳим дорад. Зеро, шахсе, ки ба мутолиа дил бастааст, аз китоб ғизои бузурги маънавӣ мегирад. Дар ин бобат дар вилояти Фарғона низ корҳои ибратнок ба амал бароварда мешаванд.
Бо ташаббуси ҳокимияти вилоят дар ҳамаи маҳаллаҳо дӯконҳои «Зиё» ташкил карда шуд. Ба мустҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии марказҳои ахбору захираи вилоятҳо ва зиёд кардани фонди китоб диққати махсус дода мешавад. 
Китобхонаи нави Қӯқанд, ки макони маданияту маърифат аст, идомаи ин корҳо мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи китобхонаи Амирӣ ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов, директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон Умеда Тешабоева, мушовири ҳокими вилоят Соҳибҷамол Тонготарова оиди дар кишварамон васеъ тарғиб намудани китобхонӣ сухан ронданд.
Дар ин бора ташаббуси инсонпарваронаи сокинони вилояти Фарғона эътироф карда шуданд. Китобхонаи мазкури дорои бинои замонавӣ ва шароити хуб ба беш аз 120 ҳазор фонди нашрҳо соҳиб буда, дар як вақт ба 70 нафар китобхон хизмат мерасонад.
Ба муносибати кушодашавии ин китобхона Китобхонаи миллии Ӯзбекистон ба номи А. Навоӣ беш аз 5 ҳазор нашрияҳои электронӣ ва китобҳои арзишманд ҳадя кард.
Инчунин, аксияи «Ба китобхона китоб тӯҳфа мекунам» низ баргузор гардид. Дар доираи ин аксия аз ҷониби ҳокимияти шаҳр 10 ҳазор адад  китоб ва аз тарафи ташкилотҳои шаҳр 3 ҳазор адад китоб тӯҳфа карда шуд.   

Масъудҷон СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: