ПАЙВАНДИ ДУ ХАЛҚ

Робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва иқтисодиву иҷтимоии тоҷикон дар Ватани бобоӣ – Осиёи Вусто бо халқҳои дигар ва хоссатан бо халқи бародари ӯзбек хеле доманадор мебошад.

Робитаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва иқтисодиву иҷтимоии тоҷикон дар Ватани бобоӣ – Осиёи Вусто бо халқҳои дигар ва хоссатан бо халқи бародари ӯзбек хеле доманадор мебошад. Ҳоло мехоҳем, роҷеъ ба робитаҳои фарҳангии тоҷикон бо мардуми ӯзбек ва баъзе сокинони дигари водии Қашқадарё, ки дар аҳди бостон онро водии Кешрӯд меномиданд, таваққуф намоем.
Сокинони Кешрӯд тибқи иттилои таърихнигорони куҳан ва сарчашмаҳои бостонӣ то истилои араб ва то ба сарзамини мо сар даровардани қавмҳои дигар, асосан, мардуми суғднажод буданд, ки пасон бар асари замон рӯ ҷониби кӯҳистон ва дараҳо оварданд.
Дар масири торих ва гузашти айём бисёр суннат ва анъаноти мардуми бумӣ, махсусан, забон, маросимҳои суннатии Наврӯз, Меҳргон, Сада, ҷашнҳои арӯсӣ, сӯгворӣ, рӯзгордорӣ, машғулоти кишоварзӣ, ҳунармандӣ, боғдорӣ ва тоҷириву пешаварӣ ба қавму қавоими дигар бетаъсир набудааст. Дар ин водӣ бидуни мардуми бумӣ ва таҳҷоӣ боз қабилаҳои гуногуни туркзабону тоҷикзабон, аз ҷумла арабҳо, яҳудиҳо, ҷӯгиҳо ва эрониҳо сукунат доранд. Агар қабилаҳои туркнажод бо забони ӯзбекӣ ҳарф зананд, арабҳо, яҳудиҳо, ҷӯгиҳо, қаволҳо ба забони форсии тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд.
Тоҷикон дар ин водӣ дар ноҳияҳои Шаҳрисабз, Китоб, Деҳқонобод, Ғузор, Косон, Яккабоғ, Қаршӣ, Усмон Юсуфов ва дар маркази шаҳрҳои Косону Муборак истиқомат доранд.
Таъсири мутақобилаи фарҳангӣ байни ӯзбекону тоҷикон баъди асрҳои XIV дар замони ҳокимияти хонҳои турк дар ин сарзамин бештар ба назар мерасад. Қавми тоҷик дар шаҳру маҳалҳои кӯҳдоман ва деҳоти баландкӯҳи водии Қашқадарё маркази шаҳрҳои Ғузору Косон сарҷамъ умр ба сар мебаранд ва забон, урфу одат, анъана, пешаварию фарҳанги бостонии ниёгони худро бо суннатҳои волояш чун мардумаки дидагонашон маҳфуз дошта, то даврони мо оварда расонидаанд.
Шаҳрҳои бостонии Насаф, Кеш, Ғузор, Китоб, Яккабоғ ва Косон марказҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва илму ҳунари сокинони ин водӣ мебошанд. Дар шаҳрҳои Насаф, Кеш (Шаҳрисабз) анъанаҳои бостонии ҳунармандӣ ва пешаварӣ равнақи тамом доштанд. Косибони бофандаву қаннод, кулолон, заргарону банноҳои чирадаст гули сари сабади ин шаҳрҳо буданд. Махсусан, касби бофандагиву қаннодӣ дар байни сокинони ин водӣ ба авҷи аълояш расида буд. Қандҳои болаззату алочаҳои нафиси ҳунармандони Насаф ва сӯзаниву зарфҳои дилрабои кулолону гулдӯзони Кеш дар Машриқу Мағриб ва бисёр бозорҳои Ховару Урупо шуҳрати тамом доштанд. Доираи илмиву адабии шаҳрҳои Насафу Кеш ба олами тамаддун олимону адибон, фозилону донишмандон ва файласуфони бузургро эҳдо намудааст. Шоиру нависанда, файласуфу муаррихон ва табибу меъморҳои машҳуре, ки аз Насафу Кеш баромадаанд, тахаллуси адабӣ ва касбии худро бо номи зодгоҳашон Нахшабӣ-Насафӣ ва Кешиву Китобӣ гузошта, машҳури ҷаҳон шудаанд. Нависанда ва шоирони мумтоз Зиёуддини Нахшабӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Косонӣ, Наҷмиддини Умари Насафӣ, Ҳувайдуллоҳи Насафӣ, Азизи Насафӣ ва даҳҳо дигар донишмандони соҳаи фиқҳ, ситорашиносӣ ва аҳли қаламу фарҳанг фарзандони арҷманди водии Кешрӯд мебошанд. Гузаштагони Амир Хусрави Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва шоираи ширинбаён Зебуннисо низ аз аҳли Кеш буданд.
Тибқи маълумот ва ҳикояи дар «Ҳафт кишвар» овардаи шоир ва нависандаи рангинбаёни қарни XV Султонмуҳаммад Фахрии Ҳиравӣ, ки асарашро дар асоси маводи қадимаи тоисломӣ – ривоят ва ҳикоятҳои бостонӣ (ҳикоя андар ҳикоя) нигоштааст, маълум мешавад, ки Бузургмеҳр аз бузургзодаҳои аҳли Нахшаб буда, тавассути хирадмандӣ ва ҳозирҷавобӣ ва фазилату донишмандиаш ба хонадони Сосониён роҳ ёфта, ба вазирии Қубод мушарраф гардидааст.
Алъон тоҷикони водии Қашқадарё дар зиёда аз сад деҳаи ин водӣ сукунат доранд, ки фарзандони онҳо дар 58 мактаби мутавассита ва миёнаи нопурра ба забони модарии худ таҳсил менамоянд. Ҳоли ҳозир робитаҳои фарҳангӣ ва адабиву иқтисодии тоҷикон бо халқи бародари ӯзбек хеле хуб буда, мардум дар ҷашнҳо, тӯю азоҳо, маъракаҳои дигари ҳамдигар ширкат меварзанд. Дар байни мардум бисёр унсурҳои фолклорӣ, аз ҷумла мақолу зарбулмасал ва суруду таронаҳое ҳастанд, ки баъзан онҳо байни мардуми тоҷику ӯзбек муштарак мебошанд. Масалан, тоҷикон мақоли «Оби дари хона хираву духтари ҳамсоя хилмин»-ро дар шакли «Оқар сувнинг қадри йӯқ» низ кор мефармоянд. Ё худ, мо ҳангоми ковиш ва ҷустуҷӯйҳои фолклоршиносӣ аз байни тоҷикони ин водӣ баъзе порчаҳои шеъриро сабт намудем, ки дар шакли муламмаъ, ширу шакар буда, аз дӯстӣ ва равобити фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек гувоҳӣ медиҳанд:
Равам ба ҳар ду олам,
Ялғуз сени севарман,
Гар ту ба ман наоӣ
Ман аз ғамат ӯларман.
Ҳоло дар шуъбаи фолклори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон се ҷилд китоби «Фолклори тоҷикони водии Қашқадарё» чоп шуд, ки ду ҷилдашро нашриёти «Оли Сомон» аз чоп баровард. Дар онҳо афсонаҳои сеҳромез, саргузаштӣ, достонҳои халқӣ, нақлу ривоёт ва латифаҳо ҷой доранд. Ҷилди савуми он, ки жанрҳои хурди фолклорӣ – суруду тарона, байту дубайтиву рубоӣ, мақолу зарбулмасал, чистон ва фолу пешгӯиҳои сокинони ин маҳалро фаро гирифтааст, низ нашр гардид. Ин китобҳо ба дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик бахшида шудаанд.

Рӯзии АҲМАД,
Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: