КОРВОНИ НУР

Ба қарибӣ дар ҳаёти мардуми ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ду воқеаи фаромӯшнопазир рӯй дод.

Шарикдарсони собиқ Сироҷиддин Саййиди шоир ва олиму адиб Мирзо Кенҷабек, ки ҳарду дар як муҳит таълиму тарбия гирифтаанду ҳоло дар Тошкандшаҳр кору фаъолият мекунанд, худро дар назди ҳамдиёронашон як навъ шояд қарздор ҳис намуда, дасти холӣ не, бо садҳо китоби бадеӣ омаданд.
Вохӯрии аввал дар мактаби рақами 1-уми ноҳия доир гардид. Раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Саййид ва гурӯҳи калони эҷодкорони вилоятиро хонандагон ва муаллимони мактаб пазироӣ намуданд.
Шоир ҳангоми дар толори мактаб ҷамъ шудани устодону шогирдон ва аҳли зиё туҳфаи худро, ки иборат аз 500 адад китоб буд, ба ҷамоаи мактаб супурд. Шодию хурсандии мактабиён ҳадду канор надошт. Сироҷиддин Саййид аз он, ки дар мактаби рақами 1-уми ноҳия замоне таҳсил ба се забон – ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ мавҷуд буду кунун синфҳои тоҷикӣ дар он қатъ гардидааст, низ ибрози назар кард.
Баъд ҷамъомадагон ва меҳмонон ба деҳаи Меҳнат, ки зодгоҳи Мирзо Кенҷабек аст, роҳ пеш гирифтанд. 
Мирзо Кенҷабек аз ҳисоби маблағи худ дар мактаби рақами 5 синфхонаеро ба ихтиёри худ гирифта, як китобхонаи зебо бо навтарин ҷиҳозҳо ташкил карда, қариб ду ҳазор китоби бадеиро бо забонҳои ӯзбекию тоҷикӣ ба ихтиёри ҷамоаи мактаб супурд, ки ин як воқеаи фаромӯшнопазир аст. Мавсуф ваъда дод, ки боз китобҳои дигар ба ин китобхона хоҳад супурд.
Ин ду инсон аз модари тоҷик ба дунё омадаанд.
Ин иқдоми неки дӯстон, боиси ибрати дигарон хоҳад шуд, зеро хондану илм омӯхтан, асоси зиндагии ҳар як инсон аст. Ҳар касе, ки китоб мехонад, ба бадкорӣ қадам намегузорад.

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА, 
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: