...ДАР ШАҲРИ НАВОӢ

Дар шаҳри Навоии вилояти Навоӣ маросими ифтиҳоҳи мактабӣ президентӣ баргузор гардид.

Дар шаҳри Навоии вилояти Навоӣ маросими ифтиҳоҳи мактабӣ президентӣ баргузор гардид. Дар он масъулони ҳокимияти вилоят, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, хонандагони мактаб ва падару модарон иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилоят Қобул Турсунов, директори Оҷонсии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус Ҳилола Умарова, Қаҳрамони Ӯзбекистон Қувондиқ Санақулов ба сухан баромада, таъкид карданд, ки ин муассисаи таълимии замонавӣ натиҷаи ислоҳоти солҳои охири соҳаи маорифи кишвар буда, ҷавонони мо, ки дар ин ҷо таҳсил мекунанд, фарзандони муносиби аҷдодонамон шуда, фардо ҳамчун мутахассисони ба андозаи байналмилалӣ ҷавобгӯ  шуҳрати кишвари моро ба ҷаҳон паҳн мекунанд. 
Дар мактаби президентӣ тибқи лоиҳаи замонавӣ бинои дуошёнаи таълимӣ, хобгоҳ, меҳмонхона бо тамоми шароитҳои мусоид, толорҳои варзишӣ, ҳавзаи об, ошхона ва хонаҳои дарстайёркунӣ сохта шудаанд.
Ҳар як синфхона махсус таҷҳизонида шуда, дар тахтаи электронӣ ҷадвали дарс, вақти танаффус ва маълумоти мухтасар дар бораи омӯзгор дода шудааст. Дар байни машғулотҳо ба ҷойи занги муқаррарӣ мусиқаи нарм садо медиҳад. Баъд аз дарс хонандагон метавонанд дар маҳфилҳои фаннӣ иштирок кунанд. 
Дар соли хониши 2021-2022 ба мактаби президентӣ 5761 довталаб ҳуҷҷат супориданд ва дар санҷиши дузинавӣ аз байни онҳо 144 нафар интихоб карда шуданд.
– Набераам Фирдавс аз ҳамаи санҷишҳо бомуваффақият гузашта, ба синфи 7- уми мактаб қабул шуд,– мегӯяд профессор Аҳмадҷон Қутбиддинов. – Набераам на танҳо фанҳои физикаю математика, балки забони анлисиро низ амиқ меомӯзад. Ӯ хушбахт аст, ки имрӯз дар қатори ҳамсолони худ яке аз аввалин шогирдони ин мактаб аст. Боварӣ дорам, ки ӯ дар ин ҷо дониши амиқ гирифта, чун шахси донандаи забонҳои хориҷӣ дар пешрафти кишварамон саҳми назаррас мегузорад.
Раванди таълим дар мактаб тибқи нақшаи барномаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ таҳия шудаанд, амалӣ мегардад ва дар асоси барномаи «STEAM – таълим» ба роҳ монда мешавад. 
Мактаб ба кор ҷалб намудани 13 нафар омӯзгорони хориҷиро ба нақша гирифтааст, ки 4 нафари онҳо ба кор шурӯъ кардаанд. Аз ҷумла, директори мактаби президентӣ Гаспар Белбен Гарридои филиппинӣ аз забони англисӣ, Ван Жаарсвелд Адриани африқои ҷанубигӣ аз фанни биология, Димитру Богдани руминиягӣ аз физика ва аз Зеландияи Нав Жоел Равҳити аз забони англисӣ ва равишҳои муосир таълим медиҳанд.

Абдувалӣ БӮРИЕВ,
мухбири ӮзА.                
Суратгир: 
С. АСЛОНОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: