ДАРГУЗАШТИ БОБОЮ БИБИАМ

30 январи соли 1980.

Вақте аз мактаб ба хона баргаштам, дар назди дарвозаамон издиҳом дидам ва ба тааҷҷуб афтодам. Аз чеҳраҳои шинос фақат симои Зафар Нозим дар хотирам. Музтариб вориди ҳавлӣ шудам ва фаҳмидам, бобои азизам чашм аз ҷаҳон пӯшидаанд. Падарбузургам он замон ҳамагӣ 69 сол доштанд. Чӣ рӯзи вазнин ва пур аз яъсу ашк...
Ҳавои рӯзи дафн сернам омад, барф меборид. Мисле табиат низ мотам дошт. Дар маҷлиси видоъ, ки дар боғи Айнӣ баргузор гардид, аз наберагон танҳо ман иштирок карда будам. Он инсони покдилу шӯхтабъи зарофатгӯе, ки замоне ҳамаро механдонд, имрӯз дунёи фониро тарк гуфту бо рафтанаш ҳамаро гирён намуд.
Бале, дар гирду атрофам ҳама бо овози паст,вале бо сӯзу гудоз мегиристанд. Ва ман низ ҳар дафъае ба пешорӯи тобут – ба рӯи кушоди падарбузурги нурониву меҳрбонам менигаристам, гиря гулӯгирам мекарду талх ашк мерехтам.
Дар аввал набудани бобоямро чандон дарк накардам, вале ҳар қадар калонтар шавам, ҷойи холии эшонро бештар эҳсос мекардагӣ шудам. Падарбузурги раҳматиам нафақат бобо, балки ПАДАР низ буданд бароям. Бале, ҳамчун як ПАДАРИ мушфиқу ғамхор!
Ҷисман байни мо нестанд, вале рӯҳан ҳамеша бо мо бобои бузургворам.
Чи тавре модари азизам Дилафрӯз ҳамеша нақл мекунанд, шодравон дасти ҳар корафтодаро, ки ба хонаашон меомад, мегирифтанду ёрии худро дареғ намедоштанд. Нисбати ҳамсару фарзандон ва мо – наберагон хеле меҳрбону ғамхор буданд, бароямон такягоҳро мемонданд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист.
Парвардгори азимушшаън аз биҳишти адн макон диҳад, ба бобои сахиқалбу чеҳракушод!
Боз як нақл аз рӯзҳои вазнини ҳаётам. Зимистони сарди соли 2001. Модаркалонам Сорохон дар беморхона бистарӣ буданд. Бегоҳӣ ману шавҳарам баъди аёдати эшон ба ҳавлиашон баргаштем. Фардо рӯзи ҷарроҳӣ буд. Эҳсоси хеле бад вуҷудамро фаро гирифта ва то саҳар мисле барои худ ҷой намеёфтам.
Субҳдам ба ошпазхона барои омода кардани субҳона рафтам. Ногоҳ чашмам ба тиреза афтод. Дар шохаи дарахти рӯбарӯи тиреза ду ҷуғз ба сӯям нигоҳ мекард. Ба дилам воҳима афтод, асное нақли модаркалонам ба ёдам расид, ки ба мо дар бораи зиёд шудани ҷуғзҳо дар ҳавлӣ қабл аз вафоти бобоям нақл мекарданд.
Баъд аз субҳона ба беморхона шитофтам, то қабл аз ҷарроҳӣ модаркалонамро бубинам. Холаам Сурайё аллакай дар наздашон ҳозир буданд. Модаркалон парешонхотиру маъюс ба назар мерасиданд. Хеле зиёд роҳи модарам Дилафрӯзро интизор шуданд, вале ишон наомаданд, чун бар асари бемории зуком аҳволашон бад шуда буд. Холаам Санавбар низ бемор буданд. Замони Худоҳофизӣ низ фаро расид. Бибиям ману холаамро бӯсиданду “дидор ба қиёмат!” гуфтанд, ки бо ин ташвишу воҳимаи дили ман дучанд гашт.
Ҷарроҳии талхадон ғайричашмдошт тақрибан ҳашт соат идома ёфт, ки бароямон басо воҳимаангез менамуд.
Баъд аз ду рӯзи ҷарроҳӣ, яъне 3 феврал модаркалони ба ҷон баробарам дар синни 69 чашм аз ҷаҳон пӯшиданд. Чи хеле ки худашон борҳо мегуфтанд: “Рӯзи одам, ки пур шуд, бо рӯзи кӣ зиндагӣ кунад?!”
Ҳоло бештар аз 21 сол инҷониб азизи дилу дидаамон байни мо нестанд. Вале то ҳол захмҳои қалбамон тозаанд ва дарду ранҷи фироқашонро мекашем. Чи дар хоб ва чи дар бедорӣ ҳар дафъа аксашонро бинам, дилам реш-реш мешавад.
Модаркалони азизам бо қалби поку беғубор, ширинкаломӣ ва хандаҳои зебову малеҳ дили одамонро тасхир мекарданд. Худораҳматӣ басо меҳмоннавоз буданд. Баъди вафоти бобоям – Боқӣ Раҳимзода низ дари хонаашон ба рӯи чи хешовандони бобоям ва чи корафтодагон ҳамарӯза боз буд. Ба мисли бобоям қалбе доштанд саршор аз меҳру муҳаббат. Чи қадар зани некхоҳу накӯкор...
Холиқи якто биёмурзад ва биҳишти ҷовидонро насибатон гардонад!

Узро РАҲИМЗОДА.
Шаҳри ДУШАНБЕ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: