ДЕВОРНАВИШТАҲО – ГАНҶИНАИ ТАЪРИХИ БУХОРО

Ман соҳиби бахти баландам, зеро дар Бухорои Шариф ба дунё омадаву камол ёфтаам.

Ман соҳиби бахти баландам, зеро дар Бухорои Шариф ба дунё омадаву камол ёфтаам. Рӯдакии бузург, Сино, Мушфиқӣ, Носири Бухороӣ, Шоҳин, Аҳмади Дониш, Ҳайрат, Мунзим, Фитрат, Айнӣ ва дигарон ҳаммиллат ва ҳамватанони ман буданд. Сарчашмаи бузурги 7-8 ҳазорсолаи фарҳанги аҷдодӣ онҳоро ба ин қуллаи камолот расонид ва онҳо бо сарчашмаҳои эҷодиёти худ онро боз ҳам ғанӣ ва машҳуртар карданд. Умед аст, ки фарзандони некӯтолеи ин кишвар фарҳанги аҷдодии моро ба пояҳои боз ҳам баланди камолот хоҳанд расонд. Аз онҳо бедорақлӣ ва худшиносӣ таманно дорам.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар як худи охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар Бухоро зиёда аз 2 ҳазор шоирони порсигӯ умр ба сар бурдаанд. Ин аз маданияти баланд ва пойдории ин миллат дар ин сарзамин гувоҳӣ медиҳад.
Мардуми тоҷики Бухоро аз қадим ба фарҳанг ва шеърият меҳри баланд дошт. Бедилхонӣ, Ҳофизу Саъдихонӣ, Хайёмхонӣ ҳамчун мактаби халқӣ амал мекард. (Шахсан ман кори курсиамро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд дар мавзӯи «Бедилхонӣ дар Бухоро» бо муваффақият ҳимоя карда будам). Халқи Бухоро шеърҳои шоиронашро дар дару деворҳои ҳавлӣ, масҷиду хонақоҳҳо, сутунҳо, ҳатто дар тахти амири замон иншо мекард. (Ҳуҷҷатҳои давлатии аморат ба забон ва хати форсии тоҷикӣ буд).
Ҳоло сад афсӯс, ки дар Бухоро на мактабу донишгоҳҳои тоҷикӣ ҳасту на ба ин навиштаҳои қадимаи биноҳо эътибору ҳимоятгарӣ. Хушбахтона, соли 2020 бо саъйи ходими маҷаллаи “Бухоро” дар Теҳрон Масъуди Ҳусайнипур дар мақолааш – “Деворнавиштаҳои форсии Бухоро” ин навиштаҷот аз нав эҳё шуданд. Ӯ менависад: “Он чӣ аз деворнавиштаҳо ва лавҳаҳо дар Осиёи Миёна, ба вижа дар Бухоро ва Самарқанд боқӣ мондааст, нишонаи фарҳанги волои ин диёр дар гузашта мебошад... 
Ҳанӯз дар Бухоро хонаҳои маскунӣ ёфт мешаванд, ки баъзе аз хонаҳои онҳо бо шеър ва расмҳои зебо зиннат дода шудаанд. Тақрибан тамоми ашъори деворнавиштаҳои Бухоро дорои моддаи таърихӣ ҳастанд. Пас аз инқилоб  илова бар биноҳои умумӣ, хонаҳои ашхоси сарватманд низ мусодира гаштанд ва онҳоро ба маркази маъмурӣ, чойхона  ва қироатхонаҳо табдил доданд ва дар ин роҳ бисёре аз деворнавиштаҳо нест шуданд. Ин харобкориҳо ҳанӯз дар баъзе ҷойҳо мушоҳида мешаванд. Хуб мешуд, ки онҳоро аз нестшавӣ эмин доранд.
Оёти қуръонӣ ва ҳадисҳоро дар масҷидҳо ва гоҳе дар сатҳи берунии хонақоҳ мебинем, на дар хонаҳои маскунӣ.
Як мисол аз як хонаи кӯчак дар маҳаллаи Говкушон, ки бо номи соҳиби бино сабт шудааст:
Аз рашҳаи килки анбарафшон гул кард,
Ин нуктаи дилпазир дар силки баён.
Аз матлаи бахт соли торих бигӯй:
“Бо зеби бинои Ҳоҷӣ Абдулғаниҷон” 
(1330 ҳ.-1910 милодӣ). 
Нигорандаи ин мақола дар чанд сафараш ба Бухоро баробари шиносоӣ бо урфу одат, ошноӣ бо аҳолӣ, тавонист наздик ба се чунин хонаи маскуниро бубинад. Дар Бухоро бояд дар ҳудуди 100 чунин хонае вуҷуд дошта бошанд.
Даруни масҷид навиштаҳо ба хати арабӣ ҳастанд, ки шомили оёти қуръонӣ ва ё аҳодиси исломӣ мебошанд. Вале дар сатҳи хориҷи ин сохтмонҳои мазҳабӣ гоҳе навиштаҳои форсӣ низ вуҷуд доранд. Масалан дар Масҷиди болои ҳавз, дар кошиҳои дарвозаи масҷиди Имом Муҳаммади Боғир – Имом Ҷаъфари Содиқ, дар наздики гӯристони эрониён ашъори Саъдӣ ва Ҳофиз фақат ба форсии тоҷикӣ навишта шудаанд: 
Ҷаҳон, эй бародар, намонад ба кас,
Дил андар ҷаҳонофарин  банду бас.
Макун такя бар моли дунёву пушт,
Ки бисёр кас чун ту парварду кушт.
Чу оҳанги рафтан кунад ҷони пок,
Чӣ бар тахта мурдан, чӣ бар рӯйи хок.
Ё:
Ё раб, раво мадор, гадо муътабар 
шавад,
Гар муътабар шавад, зи худ ӯ 
бехабар шавад.
Дар чанд маврид ҳам ашъоре аз шуарои қадим монанди Ҳофиз ёфт мешаванд, вале шояд баъзе аз онҳо, ҳангоми таъмироти нав иваз шуда ва ё ҷойгузини шеъри дигаре шудаанд. Чунончӣ, санги ҳавзи Ғиждувон  бо шеъри Ҳофиз ва таърихи соли 2002 милодӣ:
Зиҳӣ хуҷаста замоне, ки ёр боз ояд,
Ба коми ғамзадагон ғамгусор боз ояд.
Ба пеши хайли хаёлаш кашидам 
аблақи ишқ,
Ба-д-он умед, ки он шаҳсавор боз ояд.
Деворнавиштаҳои форсии аркро метавон дар карнашхона ва даруни сохтмони масҷиди қадимӣ дид, ки ҳоло осорхона аст.  
Ҳамчунин дар мақола дар бораи Чор Манор, мадрасаи Абдулазизхон, Масҷиди Калон, мадрасаи Мири Араб, Олимхон, Абдуллоҳхон, Модари хон, Тими Абдуллохон ва ғайраҳо сухан меравад, ки дар онҳо шеъру солҳои таърихӣ дарҷ гардидаанд. 

Ҳадяи БУХОРОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: