ДОМАНИ ҲАМКОРИҲО ВАСЕЪТАР МЕГАРДАД

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров бо роҳбари ширкати эронии “Mr.Fish” Шафеъ Ғулом Ризо ва сармоягузор Катаюн Беҳзод дидору мулоқот анҷом дод.

Ин ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соҳаи кишт ва коркарди гиёҳҳои шифобахш бо ин вилоят ҳамкорӣ кунад. Инчунин таъсиси як муассисаи таҳсилоти олӣ дар Фарғона низ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи озоди Теҳрон дар ин мулоқот муҳокима шуд.
– Масъалаҳои оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва иҷтимоии вилояти Фарғона ва Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯзҳо дар меҳвари гуфтугӯҳои мо қарор гирифтааст. Зимни мулоқот мо масъалаи таъсиси як муассисаи олии таълимӣ дар Фарғонаро баррасӣ кардем, ки он беш аз як миллион донишҷӯ дорад. Ин муассисаи олӣ дар раддабандии 500 донишгоҳи беҳтарин дар ҷаҳон қарор дорад. Мо дар ин замина низ созишномаи ҳамкорӣ имзо кардем, – мегӯяд Хайрулло Бозоров. 
Дар ростои ҳамкориҳои миёни ду кишвар маҳз миёни ҳокимияти вилояти Фарғона ва ширкати эронии “Mr.Fish” оид ба лоиҳаи парвариши гиёҳҳои шифобахш ва коркарди пурраи маҳсулот дар ноҳияи Бозатови Қароқалпоқистон, ки ба вилояти Фарғона вобаста карда шудааст, созишнома ба имзо расид. 
Маълум шуд, ки дар соли 2022, дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, ки аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи 2 миллион доллар дар 500 гектар амалӣ мегардад, 160 ҷойи кори доимӣ ва 500 ҷойи кори мавсимӣ таъсис дода мешавад. Дар солҳои наздик дар натиҷаи татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа боз 4500 гектар мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: