МАҚСАД ҲАР РӮЗ ШОД ГАРДОНДАНИ ОДАМОН

Маълум аст, ки андозҳо асоси буҷети давлатӣ ва яке аз манбаъҳои асосии таъминкунии рушд ва пешрафти кишвар ба ҳисоб мераванд.

Маълум аст, ки андозҳо асоси буҷети давлатӣ ва яке аз манбаъҳои асосии таъминкунии рушд ва пешрафти кишвар ба ҳисоб мераванд. Дар моддаи 51-уми Конститутсияи мамлакати мо ҳам ӯҳдадории шаҳрвандон оид ба пардохти андозҳо ва пардохтҳои маҳаллӣ, ки қонун муқаррар кардааст, пешбинӣ шудааст. Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи ҳамаи муносибатҳо дар ин соҳа мебошад.

То ки ҳаёт идома дорад, ҳамаи ҳуҷҷатҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ дар асоси талабот ва пешниҳодҳои рӯз бо гузашти вақту соат такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси амалкунандаи андоз, алалхусус дар замоне, ки пандемияи коронавирус идома дорад, маълум гардид. Аз сабаби пандемия ҳаракати одамон маҳдуд шуд, истеҳсолот ва истеъмолот якбора коҳиш ёфт ва равобити тиҷоратӣ аз роҳ баромаданд.
Ин омилҳо ба иқтисодиёти Ӯзбекистон низ таъсир расонидаанд ва ин андешидани чораҳои муассир ва фавриро тақозо дорад. Барои таъмини суботи макроиқтисодӣ, фаъолияти бетанаффуси соҳаҳои иқтисодиёт ва ҷабҳаҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ва пешгирии коҳиши шадиди даромадҳо ҳуҷҷатҳои сершумор қабул карда, ба таъмини иҷрои онҳо ноил мегарданд. Тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози амалкунанда идомаи кӯшишҳои самарабахш дар ин самт буда, ба он  якчанд фармон ва қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамчун асос гирифта шуданд.
Аз ҷумла, бинобар тағйироти муҳимтарин, дар асоси қарори Девони Вазирон ба ташкилотҳои буҷетии дар ноҳияҳои дурдаст ва дур муайяншуда аз байни хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ  пас аз хатми бакалавриат ё магистратура дар тӯли се сол ёрдампулии яквақтаи аввалия ба кормандони қабулшуда ва ҷуброни ҳармоҳаи пулӣ барои иҷораи манзил ба категорияи даромаде, ки ба даромади умумии шахсони воқеӣ дохил карда нашудааст, дохил карда мешавад. Пешбинӣ шудааст, ки собиқаи корӣ аз ҷониби шаҳрвандоне, ки барои ҳамсарони бекор кор мекунанд, ҳангоми пардохти ихтиёрии андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми на камтар аз як маротибаи ҳаҷми  ҳисобкунии базавӣ ҳисоб карда мешавад.
Бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми сафари худ ба вилояти Фарғона 4-5 феврали соли равон ба Кодекси андоз тағйироти зерин ворид карда мешаванд. Яъне, дар қаламрави эксклавҳои кишвари мо, ки дар ҳудуди дигар кишварҳо ҷойгиранд, (ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, маҳаллаи Чӯнғараи ноҳияи Риштон, инчунин маҳаллаҳои Шоҳимардон ва Ёрдони ноҳияи Фарғона) тартиби нави андозбандӣ муқаррар карда мешавад.
Бинобар он, меъёри 1 фоизи андоз  барои намудҳои андози даромад, андози даромади шахсони воқеӣ, андози иҷтимоӣ барои шахсони ҳуқуқӣ, андози аз муомилот ба даст овардамешуда  ҷорӣ карда шуд. Андози даромад аз шахсони воқеӣ, ки ба миқдори қатъӣ муқаррар шудааст, дар асл ба ҷои 25 000 сӯми ҳар моҳ пардохташаванда, дар ҳар семоҳа дар ҳаҷми 25 000 сӯм пардохт карда мешавад. Пешниҳод карда мешавад, ки меъёри андози иҷтимоӣ барои соҳибкорони инфиродӣ дар амал ба ҷои ба миқдори на кам аз як баробари ҳаҷми  ҳисобкунии базавии ҳар моҳ пардохтшуда, соле як маротиба ба миқдори як баробари ҳаҷми ҳисобкунии базавӣ пардохт карда мешавад.
Инчунин, бо назардошти хусусиятҳои ҳар як шаҳр ва ноҳияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, то 1 январи соли 2024 барои субъектҳои соҳибкории самти корхонаҳои саноатии навтаъсис ва то 1 январи соли 2026 барои субъектҳои соҳибкории самти хидматрасонии дар 45 маҳалла ва овулҳои шароиташон вазнин аз нав таъсисдодашаванда додани имтиёзҳои андоз пешбинӣ шудаанд.
Албатта, чунин имтиёзҳое, ки ба аҳолӣ ва соҳибкорон оид ба андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ дода мешаванд, пеш аз ҳама барои дастгирии ҳамаҷонибаи намояндагони тиҷорати хурд, ки нав ба кор шурӯъ мекунанд, мустаҳкам кардани эътимоди халқ ба  ояндаи шукуфонамон ба воситаи аз ҳар рӯзи сипаришуда шод гардондани онҳо иборат мебошад. Зеро, мақсади олии ислоҳоти самарабахше, ки дар роҳи манфиати халқ ва тараққиёти кишвар татбиқ мегарданд, дар асл ҳамин аст. 

Аҳмадҷон ҒАНИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Мажлис,
аъзоли кумитаи меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: