ЭЪТИБОР БА «ГИМНАСТИКАИ АҚЛ»

ё худ шоҳмот – кони ҳикмат

Имрӯзҳо дар кишвари мо мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд такмил додани шоҳмот ва беҳтар кардани усули тарбиякунии шатранҷбозон» корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд. Вобаста ба ин қарор дар Самарқанд чӣ гуна корҳо амалӣ мешаванд? Мо бо чунин савол ба ҷонишини сардори садорати сайёҳӣ ва варзишии шаҳр Шуҳрат Рӯзиев муроҷиат намудем.
– Аз манбаъҳои қадим маълум мешавад, ки бозии шатранҷ дар Ҳиндустон кашф гардида, дар Осиёи Миёна, саҳеҳтараш Самарқанди бостонӣ ривоҷ ёфтааст, – мегӯяд мусоҳиби мо. – Аз харобаҳои Афросиёб ёфт шудани муҳраҳои шоҳмот далели ин гуфта аст. Олим ва мутафаккири бузурги Шарқ Абу Райҳон Берунӣ ба Ҳиндустон сафар карда, доир ба ин бозӣ асар менависад. Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ низ бозии шоҳмот тасвир ёфтааст. Шоирони беназири мо Ҳоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Саъдӣ, Алишери Навоӣ, Насимӣ, Абдураззоқи Самарқандӣ ва дигарон дар эҷодиёти худ доир ба шатранҷ байтҳои аҷиб гуфтаанд:
Фарзин зи каҷравӣ 
шуда бо шоҳ ҳамнишин,
Бечора рух зи ростӣ 
андар канорҳо…
аз ҷумлаи чунин абёт аст.
Шоирони муосир, аз он ҷумла Қаҳрамони Ӯзбекистон Эркин Воҳидов доир ба шоҳмот достон навиштааст. 
– Шуҳратҷон, оё шумо ҳам  шоҳмот мебозед?
– Ман ҳаваскор, аммо бозиҳои гроссмейстерҳои самарқандӣ – Тоҳир Воҳидов, Алексей Барсов, Иброҳим Ҳамроқулов, Марат Ҷумъаев, Ҷаҳонгир Воҳидов ва дигаронро бо завқ тамошо мекунам. Чанде пеш дар Тошканд мусобиқаи шоҳмотбозони Ӯзбекистон ба поён расид. Намояндаи Самарқанд – гроссмейстри аз ҳама ҷавон Ҷаҳонгир Воҳидов дар мамлакат соҳиби ҷойи дуюм шуд. Барои чемпиони мутлақи Ӯзбекистон шудан ба ӯ ҳамагӣ ним хол нарасид. Вай ҳамин моҳ дар Сочӣ шарафи Ӯзбекистонро дар мусобиқаи ҷоми ҷаҳон ҳимоя мекунад.
– Чӣ бояд кард, то сафи гроссмейстерҳо аз Самарқанд зиёд шаванд?
– Ҳоло дар вилоят 935 варзишгар (аз онҳо 270 нафар занону духтарон) дар мусобиқаҳои гуногун мунтазам ширкат варзида маҳорати хешро сайқал медиҳанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар асоси қарори Президент доир ба чораҳои минбаъд ривоҷ додани «гимнастикаи ақл» – шоҳмот дар 492 маҳалла мусобиқаҳои шоҳмотбозон ташкил шуд, ки дар онҳо 5 ҳазору 385 нафар мухлисон рӯйи тахта «муҳорибаҳои шадид» бурданд. Ғолибон бо мукофотҳои гуногун сарфароз гардиданд. Мақсад боз ҳам ривоҷ додани шоҳмот аст. Минбаъд дар мактабҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарси шоҳмот гузаронда мешавад. Масалан, дар Гурҷистон, Олмон, Финландия ва кишварҳои дигари ҷаҳон чунин сабақҳо кайҳо боз баргузор мешаванд.
– Чанде пеш дар қабулхонаи яке аз бонкҳо тахтаи шоҳмот ва рӯйи он муҳраҳои зебои чӯбинро дида ҳайрон шудам.
– Ба маълумоти шумо бояд расонам, ки минбаъд дар ҳама корхонаву ташкилот тахтаи шоҳмот зеби қабулхона хоҳад шуд. Аллакай дар ҳудуди вилоят 1947 гӯшаҳои шатранҷ ташкил гардиданд. Дар асоси талабу дархости аҳолӣ дар кӯчаи ба номи Орзу Маҳмудови шаҳри Самарқанд «Қаҳвахонаи шоҳмот» таъсис ёфт. Агар дар хотир дошта бошед, замоне дар боғи истироҳати Самарқанд, ки чойхонаи «Попловок» вуҷуд дошт, шоҳмотбозони ашаддӣ ҷамъ меомаданд.
– Чанд сол пеш ба Самарқанд Президенти федератсияи шоҳмот А.Кирсанов ва чанд нафар меҳмонон ташриф фармуда буданд. Кирсанов дар мусоҳиба ба хабарнигорон гуфт, ки дар Самарқанд барин шаҳри азиму сайёҳӣ набудани қасри шоҳмот тааҷҷубовар аст. 
– Дар асоси Қарори Президентамон сохтани «Қасри шоҳмот дар маркази Самарқанд ба нақша гирифта шудааст. Волидайни чемпиони ҷаҳон Афрӯза Ҳамдамова дар маркази ҷавонон нияти «айвони (павилони) шоҳмот» ташкил кардан доранд, то ки насли наврас дар ин ҷо асрори ин бозии куҳанро омӯзанд. Мо ташаббускоронро дастгирӣ намудем. Боз як мураббии фидоӣ Одилҷон Собиров мебошад, ки бо мактаби «Шатранҷ» на танҳо дар Ӯзбекистон, балки инчунин дар Русия машҳур аст. Дар байни шогирдонаш чемпионҳои кишвар ва Осиё ҳастанд. Вай чанд муддат дар шаҳри Маскав ба ҷавонон устод буд.
– Шуҳратҷон, мухлисони рӯзномаро ба нақшаҳои ояндаи садорат дар ин бобат шинос мекардед.
– Бо фармони Президент дар Самарқанд Ҷоми Соҳибқирон баргузор мегардад, ки дар он бисёр гроссмейстерҳо ширкат меварзанд. Инчунин ба хотираи мураббии номдор Шаҳоб Ҳамроқулов қувваозмоии шоҳмотбозонро ташкил мекунем. Зеро ӯ низ барои рушди шоҳмот дар шаҳри мо саҳми арзанда гузоштааст.
Хулоса, шоҳмот дар Самарқанд беш аз пеш инкишоф хоҳад ёфт.

Мусоҳиб 
Зоҳир ҲАСАНЗОДА. 
Дар акс:  лаҳза аз бозии гроссмейстерони самарқандӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: