ЭЪТИБОР БА «НОН»-И ДУЮМ

Дар асоси фармони Сарвари давлат дар соли 2025 Ӯзбекистон бояд пурра бо картошкаи худ таъмин гардад.

Ҳоло дар кишвар ҳар сол 4 миллион тонна картошка истеҳсол мешавад.  
Дар Ӯзбекистон дар 253 ҳазор гектар замин картошка парвариш меёбад ва  ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 163 сентнер аст, ки ин нисбат ба дигар мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Хитой, Исроил ва ғайра ниҳоят кам мебошад. 
Дар асоси Фармони Президент аз 6 майи соли 2020 «Доир ба ривоҷу равнақи  картошкапарварӣ ва тухмии он»  ноҳияи Булунғури вилояти Самарқанд ба картошкапарварӣ ихтисос ёфтааст. Ҳоло дар ноҳия ғунучини он  муташаккилона идома дорад. Дар 4 ҳазору 500 гектар навъҳои «Аризона», «Эволутсия», «Самарқанд» ва  ғайра аз ҳар гектар замин 35-40 тонна ҳосил медиҳад. Хоҷагиҳои «Килдон», «Шоҳҷаҳон», ба номҳои Ҳамид  Олимҷон, Алишер Навоӣ  пешқадамиро аз даст намедиҳанд. 
– Дар мо 64 хоҷагии фермерӣ бо картошкапарварӣ машғул, – гуфт мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Булунғур Дилшод Сулаймонов, – то имрӯз ба  давлат 107 ҳазору 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ фурӯхтем, ки нисбати соли гузашта  қариб 10 фоиз зиёд аст. 
Лекин  аз  сабаби  мавҷуд будани  мушкилоти  об дар баъзе  хоҷагиҳои фермерӣ  ҳосили дилхоҳ гирифта натавонистем. 
– Мо қариб аз сад метр чуқурӣ бо насосҳои  пуриқтидор об кашида, дар 15 гектар замин картошка парвариш кардем, – гуфт роҳбари хоҷагии фермерӣ Нарзулло  Худойбердиев, – хушбахтона ҳосили фаровон гирифта, дар  анборхонаҳо гузоштем, ки дар фасли зимистон фурӯши онро ташкил мекунем.  Як қисми ҳосилро ҳамчун тухмӣ эҳтиёт кардем. 
Бояд таъкид намуд, ки сарвари давлатамон 19-уми апрели  соли  равон дар  машварати видеоселекторӣ оиди ривоҷу равнақи картошкапарварӣ дар ноҳияҳои Самарқанд, Булунғур, Тайлоқи вилоят супоришҳо дод, ки  бешубҳа барои рӯёндани «нон»-и дуюм  ниҳоят  муҳим аст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: