Вилояти Тошканд: БА ЗИМИСТОН ТАЙЁР!

Аллакай мавсими фаслҳои хунуки тирамоҳу зимистон фаро расид ва айни вақт аст, ки вазъият дар соҳаҳои вобаста ба гармидиҳиву энергетикӣ ва хидмати дигари коммуналӣ таҳлил карда, натиҷагирӣ шавад, ки дар тирамоҳу зимистони ҷорӣ аҳолӣ то чӣ андоза бо ин энергияҳои бениҳоят зарур таъмин карда мешаванд.

Аллакай мавсими фаслҳои хунуки тирамоҳу зимистон фаро расид ва айни вақт аст, ки вазъият дар соҳаҳои вобаста ба гармидиҳиву энергетикӣ ва хидмати дигари коммуналӣ таҳлил карда, натиҷагирӣ шавад, ки дар тирамоҳу зимистони ҷорӣ аҳолӣ то чӣ андоза бо ин энергияҳои бениҳоят зарур таъмин карда мешаванд.

Дар маркази маъмурии нави вилояти Тошканд – Нурафшон ҷамъ омадани масъулони соҳаҳои мазкур низ бо мақсади ҳисобот дар назди воситаҳои ахбор буд.
Вилояти Тошканд аз бузургтарин ҳудудҳои ҷумҳурӣ нафақат аз ҷиҳати миқдори аҳолӣ, балки аз лиҳози масоҳату инфрасохтор ва мавҷудияти шаҳрҳои калон низ мебошад. Бинобар ин ҳаҷми истеъмолу масрафи барқу обу газу сӯзишвории моеъву сахт муносиби он аст. Дар айни ҳол дар вилоят қариб 5 ҳазор иморати бисёрошёнаи истиқоматӣ мавҷуд буда, сокинонаш қариб 472 ҳазор нафарро ташкил менамоянд. Вилоят ҳоло аз он манзараҳои хунуке, ки солҳои 90-ум дар шаҳрҳои Ангрену Чирчиқ ва ғайра дучор омадан мумкин буд, халос гаштааст. Касе, ки он солҳо аз намуди дилфигори ин шаҳрҳо бохабар буд, хуб медонад, ки баъзе аз иморатҳои бисёрошёна то чӣ андоза аз бесоҳибӣ ва валангорӣ ин маконҳои як замон ободро ба шаҳрҳои махуф ва фатаротшуда табдил дода буданд. Ҳоло ҳамаи онҳо обод гардонда шуда, одамон дубора маскун гаштаанд. Бинобар суханони муовини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои инкишофи инфрасохтор, ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ Барҳаёт Мелиев, ба ғайр аз таъмири шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуналии 205 иморат ба ивази 1,6 млрд.сӯм 32 майдончаи замонавии бачагон бунёд гардид.
Дар бобати таъминот бо оби ошомиданӣ низ корҳои зиёд анҷом дода шуда, нисбат ба соли гузашта бештар аз ҳазор километр шабакаи об кашида шудааст. Ба далели он ки вилояти Тошканд дар нақшаи ба макони сайёҳӣ ва фароғатӣ табдил додан ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст, берун аз хидматрасонӣ ба аҳолӣ низ корҳои иловагӣ анҷом дода шуда, сармояи зиёд ҷалб мегардад. Табиист, ки дар чунин сурат ободонӣ ва поксозиву ҳифзи муҳит аз масъалаҳои муҳими минтақа мегардад. Дар айни ҳол ноҳияи Бӯстонлиқ мадди назар аст, ки солҳои охир бинобар ин мавзӯъ эътибор ба он зиёд мебошад. То солҳои наздик дар бораи муташаккилона ҷамъоварии партов орзу кардан ҳам мушкил буд, чунки чунин шароит ҳатто дар маркази маъмурии ноҳия ва шаҳраки сайёҳӣ ва истироҳатии Чорбоғ низ вуҷуд надошт. Боз ҳам, агар ба ҳисоб гирем, ки дар ҳудуди ин ноҳия тамоми сол мавҷи сайёҳон кам намешавад, биноан партови онҳо низ мавзеъро касифтар менамояд. Аз ҷумла аз ҳисоби он ки ҳоло ташкили партовғундорӣ ҳатто дар деҳоти Бӯстонлиқ ба роҳ андохта шудааст, ҷамъоварии он аз 65 фоизи соли гузашта ҳоло ба 88 фоиз расидааст. Ҳамзамон азнавкоркардаш имрӯз ба 19 фоиз расидааст.
Дигар масъалае, ки то солҳои наздик аҳолии Ғазалкентро дар хунукиҳои зимистон нигарон мекард, хеле паст гардидани фишори газ ва ҳатто баъзан умуман хомӯш шудани «оташи сабз» буд. Дар ҷавоби чунин савол директори филиали таъминоти гази «Ҳудудгаз Тошканд» Музаффар Алиев гуфт, ки то ҳанӯз тангии қубури гази интиқолшаванда имконият намедод, ки миқдори  сӯзишворӣ ба миқдори зарурӣ ба аҳли ин шаҳр расонда шавад ва ҳоло ин қубурҳо ба муодили васеъяш иваз карда шуданд, ки минбаъд ба вуҷуд омадани чунин мушкилотро аз байн мебарад.
Ногуфта намонад, ки ҳоло сокинони 2700 иморати бисёрошёнаи ҳудуди вилоят ба туфайли насби василаҳои гармидиҳии хусусӣ манзилҳои худро гарм мекунанд. Дар ин сурат онҳо ҳеч эҳтиёҷе ба дегхонаҳои умумӣ эҳсос намекунанд. Бо вуҷуди ин соли ҷорӣ ба тӯли 43 км. шабакаи гармидиҳӣ кашида шудааст.

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: