ЭҲТИРОМ БА УСТОДИ СУХАНДОНУ СУХАНСАНҶ

Дар толори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»-и Самарқанд ба муносибати 130-солагии луғатнигору суханшиноси барҷаста Тӯрақул Зеҳнӣ анҷумани илмии байналмилалӣ ба вуқуъ пайваст.

– Шоҳроҳи гуногунпаҳлуи яке аз арбобони барҷастаи маданияти навини тоҷик Тӯрақул Зеҳнӣ бо Самарқанди бостонӣ ва донишгоҳи мо вобаста аст, – гуфт роҳбари Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, – зеро ӯ чанд сол дар дорулфунун ба насли наврас таълиму тарбия дод. 
Тӯрақул Зеҳнӣ аз шогирдони бовафои устод Айнӣ буда, дар кори таҳияву нашри «Намунаи адабиёти тоҷик» саҳми арзанда дорад.
– Устод Тӯрақул Зеҳнӣ таҷрибаи зиёди омӯзгорӣ,ноширӣ, муаллифии китобҳои дарсӣ, шоирӣ, тарҷумонӣ ва муҳаққиқиро доштанд, пас аз бозгашт ба Институти забон ва адабиёт бисёр асарҳои ҷолиби диққат навиштанд, – гуфт доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи таърихи  адабиёти Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, – аммо хизмати бузурги домулло Зеҳнӣ дар таълифи муҳимтарин китоби худ «Санъати сухан» аст.
Намояндагони Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд китобу рисолаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва бадеӣ ҳадя намуданд.
Сипас, иштирокчиёни анҷуман дар тантанаи кушодани лавҳаи ёдгории устод Тӯрақул Зеҳнӣ дар зодгоҳаш – деҳаи хушҳавои Боғимайдон ширкат варзиданд. 
Инчунин иштирокчиёни анҷуман дар хона-музейи устод Айнӣ ташриф оварда, китобҳои бадеии тозанашрро ҳадя намуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,  
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: