КАРАНТИН КАШОЛ МЕЁБАД

ВА ТАЛАБҲОИ ОН ПУРЗӮР МЕГАРДАД

ВА ТАЛАБҲОИ ОН ПУРЗӮР МЕГАРДАД
Ба қоидаҳои карантин бечунучаро риоя кардан шарти зарурии пешгирии паҳншавии ин вируси хавфнок ва коҳиш додани касалии коронавирус дар ҷумҳурӣ мебошад.
Аз давре, ки ин офат пайдо ва қариб ба ҳамаи кишварҳо паҳн шуд, шартҳои асосии мубориза ба муқобили пандемия ва паҳншавии он чи тавассути телевизиону радио, чи аз тариқи саҳифаҳои матбуоту шабакаҳои интернет, чи дар суҳбатҳои хосса бо олимону лавҳаҳои кӯчаке, ки бо кӯмаки Созмони умумиҷаҳонии нигаҳдории тандурустӣ таҳия гардидаанд, пайваста талқин карда мешаванд. Болокорӣ бо қарори Комиссияи махсуси ҳукуматӣ вобаста ба вазъи эпидемиологии ҷумҳурӣ дубора карантин эълон гардид ва он то нимаи аввали моҳи август идома хоҳад кард. Аммо нисбат ба ин гуфтаҳо, тавсияю пешниҳодҳо ва умуман қоидаҳои карантин ҳамоно беэътиноӣ бараъло ба мушоҳида мерасад. Вагарна, вазъи як вилояте, мисли Ҷиззах, ки то ба қарибӣ дар шумори минтақаҳои «сабз» қарор дошт ва «пешқадамӣ»-ро аз даст надода буд, туфайли ин гуна фориғболии баъзеҳо то ба ин дараҷа мураккаб намешуд. Бармеояд, ки мубориза алайҳи ин душмани ноаён осон нест.
Бо вуҷуди ин дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Ҷиззах ҳамаи чораҳоро мебинанд, то ки он ҳар чӣ зудтар маҳву нобуд гардад. Дар миқёси вилоят баробари ба назорати доимӣ гирифтани гузаргоҳҳои асосӣ боз 24 роҳи дохилӣ муваққатан баста шудааст. Барои ба қадри кофӣ захира намудани дорувор ҳокимияти вилоят ба ҳисоби Иттиҳодияи «Дори-дармон» ба миқдори ду миллиард сӯм маблағ ворид сохт. Имрӯзҳо дар вилоят 20 дорухонаи иҷтимоӣ, 481 хусусӣ ва 9 дорухонаи сайёр фаъолият мекунанд. Аз ҷониби Департаменти назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар 400-тои онҳо барои пеши роҳи ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи доруҳои ногузирро гирифтан корҳои назоратӣ ба анҷом мерасанд.
Рӯзҳои охир муроҷиати аҳолӣ ба шуъбаҳои ёрии таъҷилии тиббӣ якбора афзуд. Барои саривақт ба арзи онҳо расидан 124 мошин хидмат мерасонад. Зиёда аз 1,5 ҳазор нафар ходимони тиб ба дарди беморон марҳам мегарданд.
Роҳбарони чаҳор сектор, ҳокими вилоят Эргаш Солиев, прокурори вилоят Исломҷон Эргашхӯҷаев, сардори корҳои дохилӣ Ғайрат Қодиров ба мардум аз тариқи телевизиони вилоят муроҷиат намуда, аз хусуси иҷрои корҳо маълумот медиҳанд. Хоҳиш мекунанд, ки ба қоидаҳои асосии карантин риоя намоем. Назар ба гуфти онҳо аз ҳисоби маблағи ҳаракати умумиҷумҳуриявии «Саховат ва кӯмак» ба ду ҳазор нафар аҳолии эҳтиёҷманди вилоят мадад расонида шудааст. Дар вилоят 13421 нафар шахс бинобар вайрон кардани қоидаҳои карантин ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Шаш парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Дар 294 маҳаллаи ҳудуди вилоят барои ба аҳолӣ фурӯхтани 24 навъи маҳсулоти хӯрокворӣ дуконҳои сайёр ташкил шуданд.То  ҳозир барои табобати ин бемории хавфнок 741 ҷой омода карда шудааст.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: