ОЗМУНИ КИТОБХОНОНИ БЕҲТАРИНИ БУХОРО

Дар Бухоро марҳилаи вилоятии озмуни «Китобхонони доно» ба амал омад.

 Дар он ҷамоаҳои шаҳрию ноҳиявии китобхононе, ки бо усули онлайн ба бештарини саволҳои тест ҷавобҳои дуруст ёфтанд, иштирок карданд. 
Мақсади Агентии кор бо ҷавонон аз гузаронидани ин тадбир тарғиб намудани китобхонӣ байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, боло бардоштани маънавияти онҳо мебошад. Дар озмун ҷамоаҳои китобхоне, ки ба саволҳои вобаста ба асарҳои бадеии барои моҳи октябр тавсияшуда: маҷмӯи «Ҷадидон»-и Абдурауф Фитрат, «Байни ду дар»-и Ӯткир Ҳошимов, китобҳои Лев Толстой ҷавобҳои аниқ ёфтаанд, ғолиб дониста шуданд.
Бинобар ҷамъбасти озмун ҷойи аввал ба китобхонони ноҳияи Когон, ҷойи дуюм ба китобхонони ноҳияи Қарокӯл ва ҷойи сеюм ба китобхонони ноҳияи Бухоро насиб кард.
Ғолибон бо мукофотҳои пулӣ тақдир ёфтанд.

А. АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: