АКНУН СОҲИБКОРОН ИДОРА БА ИДОРА ГАШТА САРГАРДОН НАМЕШАВАНД

Технологияҳои рақамӣ на танҳо идоракунии давлат ва ҷомеаро такмил медиҳанд, балки барои одамон дар соҳаи иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Асосиаш он аст, ки барои пешрафти мусбати иқтисодӣ замина муҳайё гардида, бар асари беҳбуди сифати маҳсулот ва хидматрасонӣ хароҷоти зиёдатиро коҳиш медиҳад.
Дар кишварамон бесабаб ба такмил додани низоми кор бо мушкилоти субъектҳои соҳибкорӣ минбаъд пурзӯр гардондани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо эътибори калон дода намешавад.
Зеро технологияҳои рақамӣ аз ҳаёти мо чунон мустаҳкам ҷой гирифтаанд, ки имрӯз на танҳо фаъолияти ҳаррӯза, балки рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро бе онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Рушди густурдаи технологияҳои рақамӣ соҳибкоронро аз мушкилоти ташвишовари идора ба идора гаштан  наҷот медиҳад. Дар натиҷа, соҳибкор вақти худро барои рушди тиҷорат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ сарф мекунад.
Фармони сарвари давлат аз 27 июли соли равон «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми самарабахши мулоқот бо субъектҳои соҳибкорӣ ва чораҳои боз ҳам пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи онҳо» аз ҷониби ҳазорон нафар соҳибкорон бо шодии зиёд пешвоз гирифта шуд.
Бо ҳуҷҷати мазкур  вакил оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ инчунин портали ягонаи интерактивии “business.gov.uz”-и Палатаи савдою саноат ба портали иттилоотии «Идораи виртуалии соҳибкор» табдил дода шуд.   
Минбаъд ба воситаи шабу рӯз қабул кардани муроҷиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ҳаллу назорат  кардани ин раванд, дар байни мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо инчунин субъектҳои соҳибкорӣ гузарондани мубоҳисаҳои мавзӯии онлайнӣ ва пурсишҳо оид ба муайян намудани мушкилоти низомнок, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ монеъ мегарданд, бартараф намудани онҳо пешниҳодҳо ташаккул дода мешаванд.  
Аз 1 августи соли ҷорӣ сар карда ба портал дар асоси муроҷиатҳое, ки дар қабулҳои сайёр аз субъектҳои соҳибкорӣ, хидмати «Call-марказ»-и назди Палатаи савдою саноат, вакил оид  ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон - соҳибкорон  расидаанд, муроҷиатҳо ворид карда мешаванд. 
Дар баробари ин, ёварони ҳокимони ноҳия (шаҳр) оид ба  рушди соҳибкорӣ дар маҳалла, таъмини шуғли аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ низ метавонанд муроҷиат намоянд. Дар ин росто, ёварони ҳоким муроҷиати субъектҳои соҳибкориро дар худи маҳалла баррасӣ намуда, барои ҳалли он чораҳо меандешанд. Агар имконияти дар сатҳи маҳалла ҳал намудан вуҷуд надошта бошад, он ба портал ворид карда мешавад.
Муроҷиатҳои ба портал воридшуда бошад, ба таври автоматӣ ё аз ҷониби вакил оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ба мақомоти дахлдори ваколатдор барои баррасӣ ва ҳаллу фасл равона карда мешавад. 
Тибқи фармон тасдиқ карда шудани схемаи ба воситаи портали иттилоотии «Идораи виртуалии соҳибкор» қабул кардан, умумӣ гардондан ва назорат кардани муроҷиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ айни муддао шуд.  Ин низом  вақту пули соҳибкоронро сарфа мекунад. Аз ҳама муҳимаш  соҳибкорон бо мушкили худ идора ба идора саргардон намешаванд.
Бо ин фармони Сарвари давлатамон муайян шудааст, ки вакил оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдою саноат ва дигар мақомоти манфиатдор оид ба қонунӣ будани санҷишҳое, ки  дар субъектҳои соҳибкорӣ гузаронда шуданд ва бинобар вазъи иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунгузории соҳаи соҳибкорӣ омӯзиш мегузаронад, ки ба маънои том намояндагони тиҷоратро ба ба фаъолӣ даъват намуда, ба ҷунбиш меорад.  
Албатта, агар барои озодона кор кардани  шахси соҳибкору кордон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад, фаъолияти ӯ вусъат меёбад. Дар кишварамон таҳти роҳбарии Сарвари давлат ба соҳибкорон дар рушди соҳа имконияту шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Роҳбарони тамоми сатҳҳо ба ҳарфҳои соҳибкорон гӯш медиҳанд, мушкилоти онҳоро мешунаванд ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод мекунанд.
Ба як сухан ифода намоем, садҳо нафар дар тиҷорати хурду миёна на бо тарсу ҳарос, балки бо боварии қатъӣ ва ҳадафҳои бузург ба кор шурӯъ мекунанд, зеро имтиёзҳо зиёд шуда, барои фаъолияти пурсамари соҳибкорон тамоми чораҳо андешида мешаванд. Фармони мазкур бешубҳа, ба рушди тиҷорат дар кишвар, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, аз ҳама муҳимаш, ба ташкил карда шудани ҳазорҳо субъбектҳои соҳибкорӣ хидмат мекунад.  
 
Ботирбек ТӮРАЗОДА,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: