«ХАЛҚ БО УМРИ ЗАБОНАШ ЗИНДА АСТ...»

Пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соли 1991 дар мактаби зодгоҳ ба кор шурӯъ намудам.

 Сарҳадҳо баста шуд.  Имкони рафту омад  набуд, ё худ мушкил гардид.  Ҳатто овозаҳое байни мардум паҳн гардиданд, ки ба Тоҷикистон мактуб ҳам намегузарад.  Ёди ҳамсабақону дӯстон маро ором намегузошт.  Рӯзе ба ҳамсабақи собиқам, истиқоматкунандаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара Баҳодур Ғиёсӣ мактуб ирсол намудам.  Дар мактуб рақами телефони мобилиамро низ зикр карда будам. 
Аз байн як моҳ гузашт.  Ба мактуб ҷавоб набуд.  Дар хона, болои кат паҳлу зада, ба овозаи “ҳатто мактубҳоро ҳам намегузаронидаанд” боварам омад.  Бо ҳамин фикру андешаҳо хобам бурдааст. 
Садои занги телефон бедорам намуд.  Гӯшакро гирифтам.  Рақам ношинос буд.  Ба гӯш наздик бурдам. 
– Ало, шумо Дилмурод. 
– Бале, ман Дилмурод.  Бо кӣ ҳарф мезанам?
– Ман, Баҳодур, аз Ворух. 
Филфавр аз ҷо бархестам.  Боварам намеомад.  Сӯҳбати пас аз 25 сол тӯлонӣ давом кард.  Хеле хурсанд шудам.  
Баъди Президент интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба таҳкими муносибатҳо бо Тоҷикистон эътибори махсус дода шуд.  Ба таъбир яхи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон об шуд.  
Бе ҳеҷ як монеа ҳамроҳи писарам Фирдавсҷон ворид ба Ворух гардидем.  Дар тӯйи никоҳи фарзандони дӯстам иштирок намудем.  Бо исфарагиёни шеърдӯсту маърифатпарвар, аз ҷумла, бародарон Додохони Эгамзод, Нарзуллои Азизиён, Маҳмудҷон Ниёзӣ, Муродҷони Музаффар, Ховари Пӯлод, Расул Додхоҳи Раҳимиён ва дигарон ошноӣ пайдо намудан бароямон бахти бузург буд.  Рӯзи дигар дар соҳили дарё аз табиати нотакрори Ворух баҳра бардошта, сӯҳбат оростем.  Шеърхониву сурудхонӣ дер давом кард.  Аз латифагӯиҳои Додохони Эгамзод рӯдакан мешудем. 
Дӯстон чанд китоб ва маҷаллаи “Ганҷи Исфара”-ро тӯҳфа доданд.  Китоб ганҷест мондагор.  Байни онҳо “Сояҳои офтобӣ”, “Аз гил то гул”-и Нарзуллои Азизиён ва “Садбарги ношукуфта”-и адиби зиндаёд Некулзамон низ буд.  Ҳамон ҷо “Садбарги ношукуфта”-ро варақ задам.  Ба ҳамкорӣ ва дастгирии аҳли муҳити адабии Исфара аҳсантҳо гуфтам. 
Аз ҳаёти кӯтоҳ, вале сермазмуну мондагори Некулзамон қаблан огоҳӣ доштам.  Аз китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти табиби ҳозиқ ва шоири зиндаёд шинос гардидам.  Пай бурдам, ки Некулзамон ба Ибни Сино эътиқоди бештаре доштааст.  Дар зиндагӣ ба ӯ пайравӣ кардааст.  Чун табиб ба мардум солимӣ эҳё карда, чун шоир аз худ осори мондагор ба мерос гузоштааст. 
Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд. 
Агар марг дастдарозӣ намекард, ҳоло ӯ шастсола мешуд.  Худо охираташро обод гардонад!
Дертар гурӯҳи дӯстони ворухӣ низ меҳмони хонадони мо гардиданд, ки аз ташрифашон хеле сипосгузорам.  Пас аз он дар тӯйи фарзандони дӯстамон аз деҳаи Косатарошони ноҳияи Панҷакент гирдиҳам омадан муяссар гашт. 
Камина бар замми касби омӯзгорӣ, ҳунари ҳофизӣ низ дорам.  Ҳамроҳи фарзандонам Фирдавс ва Фаррух дастаи ҳунарии ҳофизӣ дорем, ки дар ҷашну сури мардум хизмат мерасонем. 
Бо таклиф ва дастгирии дӯстон моро ба шаҳраки Ачинскии кишвари Красноярск ба тӯйи никоҳии фарзандони дӯст, шоири шинохтаи кишвар Нарзуллои Азизиён даъват намуданд. Чиптаи роҳ ба самти Тошканд – Новосибирск – Ачинск – Красноярск – Тошканд буд. Ҳар як воқеа дар хотирам нақш бастааст. Дар вокзали боҳашамати роҳи оҳани Новосибирск интизори қатора будем. Дар мобайни толори интизорӣ асбоби навозандагии пианино қарор дошт. Мусофирон банди андешаи худ: яке китоб мехонду дигаре масти хоб, чанде дар сӯҳбат.  Фаррухҷон бошад, паси пианино нишаста, оҳанги аврупоиро навохт. Дар толор гӯё пашша пар намезад. Оҳанг ба охир расиду садои кафкӯбӣ баланд шуд. ”Спасибо синочек, молодец!” гуфтани мусофиронро  шунида, дилам аз фараҳ лабрез гашта, ба чашмонам ашки шодӣ дамид... 
Тӯйи арӯсӣ то дер давом кард.  Ҳама масрур. Сурудҳои тоҷикӣ, рақсҳои миллӣ дили ҳар як иштироккунандаро ба ваҷд меовард. Зери оҳангҳои тоҷикӣ ба рақс омадани русдухтарон ҷолиб буд. Суханронии кӯдакон ба забони тоҷикӣ ва русӣ ҳайратовар буд. Он аз дӯстиву рафоқати ду халқ шаҳодат медод. Худро мисле дар деҳаи азизам – Эҷ мепиндоштам. Шоири рус Евтушенко фармудааст:
Халқ бо умри забонаш зинда аст, 
Бе забони модарӣ миранда аст.  
Ё худ Лоадрӣ мегӯяд:
Ман намоз орам ба пеши пои он девонае,
Ақли худ гум кард, аммо лафзи модар гум накард. 
Базм ба охир расид. Нишасти хосса оғоз ёфт. Он иборат буд асосан аз қироати шеъру латифагӯӣ. Ҳозирин бо навбат намунаҳоро аз ашъори Рӯдакӣ то шоирони муосир қироат доштанд. ”Тоҷикон табиатан шоиранд” гуфтани устод Мирзо Турсунзодаро шубҳае намонд. 
Ба дил андешидам: кош дар ҳар марзу бум ба забони модарӣ чунин эҳтиром ва сипосгузорӣ зоҳир мегардид.  Эҳтиром ба забон ҳурмати модар аст.  Сафари Красноярск хотирмон буд. 
Ҳангоми хайрбод бо дӯстон мисраъҳои Огаҳиро ба забон овардем:
Ғанимат дидаву дидор ғанимат,
Ҳамин дамҳои нотакрор ғанимат. 
Худо моро ба ҳамдигар расонад,
Ки дидаҳои мо сад бор ғанимат.  
   
Дилмурод ҚӮЗИЕВ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
Ноҳияи НУРАТОИ вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: