Дар бораи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ маълумот дода шуд

  • Дар бораи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ маълумот дода шуд
  • Дар бораи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ маълумот дода шуд
  • Дар бораи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ маълумот дода шуд
  • Дар бораи корҳои ҷустуҷӯи геологӣ маълумот дода шуд

Сарвари давлатамон 22 ноябри соли ҷорӣ ба ҷамъияти саҳҳомии «Ўзбекнефтгаз» ташриф оварда, оид ба азхудкунии қитъаҳои пешомадноки геологӣ вазифаҳо муайян намуд.

Дар ҷаласаи имрӯза роҳбарони соҳаҳои масъул аз рафти иҷрои ин вазифаҳо ҳисобот дода, оид ба барномаи корҳои иктишофӣ ва истихроҷи геологӣ барои соли 2024 маълумот доданд.

Таъкид гардид, ки корҳо дар ду самт - нигоҳ доштани ҳаҷми истихроҷи газ дар конҳои мавҷуда ва муайян кардани захираҳои нав идома доранд. Дар солҳои охир чуқурии тадқиқоти геологӣ аз 2-3 километр ба 4-5 километр расонда шуд. Дар натиҷа захираҳои нави газ кашф карда, ба таври илова 4,4 миллиард мукаабметр ин ашёи хом ҳосил карда шуд.

Инчунин ширкати консалтингии байналмилалӣ низ ҷалб карда, бо кумаки он бисёр соҳаҳои ояндадор муайян карда шуданд.

Дар идомаи ин корҳо дар соли оянда дар майдони 3,5 ҳазор километри мураббаъ корҳои сейсмикӣ анҷом дода, чоҳҳои нави иктишофӣ парма карда мешаванд.

Дар ҷаласа масъалаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо сармояи муомилотӣ баррасӣ шуд.

Роҳҳои гузаштан ба пармакунии геологӣ ба чуқурии 6-7 километр бо истифодаи технологияи пешқадам дида баромада шуданд. Аҳамияти таъмини бефосилаи неруи барқ, инчунин таъмини интизоми пардохт дар минтақаҳо ва корхонаҳои калон таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: