ОЗОДИИ СУХАН – АСОСИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Дар панҷ соли охир озодии сухан ва матбуот ба самти устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфт.

Дар панҷ соли охир озодии сухан ва матбуот ба самти устувори сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар соҳа бисёр дигаргуниҳои мусбӣ ба амал омаданд. ВАО ба минбари фикру мулоҳизаҳои гуногун, майдони мубоҳисаҳо, овози халқ табдил ёфта истодааст.
Субот дар озодии сухан ҷузъи асосӣ ва яке аз дастовардҳои асосии сиёсати нав мебошад. Аз ҳама муҳимаш, дар ин маврид дигар роҳи бозгашт нест. Аз натиҷаҳои бадастоварда қаноатманд нашуда, ба сӯи мақсадҳои баландтар ҷидду ҷаҳд мекунем.
Бесабаб нест, ки дар маърӯзаи Президенти навинтихобшуда Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии ба вазифа оғоз кардан дар ҷамъомади муштараки палатаҳои Олий Маҷлис масъалаи назорати ҷамъиятӣ, озодии сухан ва матбуот, ки яке аз самтҳои аввалини стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мебошад, таъкид шудааст.
Аз ин рӯ, барои боз ҳам амиқтар шудани раванди бозсозии демократӣ дар мамлакат таъмини озодии сухан ва матбуот, ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтан ва паҳн кардани ахбор, озодона баён кардани фикру ақидаи худ вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Гарчанде ба баъзе амалдорон  дар чунин шароити кушоду шаффоф кор кардан, фикру мулоҳизаҳои танқидии доир ба  фаъолияти онҳо гуфташуда маъқул нест, аммо Ӯзбекистон дар ин роҳ ба пеш қадам мениҳад ва ақиб барнамегардад.
Сарвари давлат зимни суханронии худ дар бораи пурзӯр намудани масъулияти шахсони мансабдори мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар қонунгузории ҷорӣ барои монеъ шудан ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма, сензура, фишору таъқиби кормандони таҳририят, ғайриқонунӣ кашида гирифтани маводу воситаҳои техникӣ гуфта гузашт. Ин маънои онро дорад, ки ҳама рӯзноманигорон ва блогерҳое, ки қонунӣ фаъолият мекунанд, минбаъд низ таҳти ҳимояи қонун ва Президент қарор мегиранд. 
Пӯшида нест, ки мо кӯшишҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии намояндагони ВАО-ро мебинем. Ҳол он ки, танқиди холисона, сухани ҳақ самара дорад. Яъне, агар хато сари вақт ислоҳ шавад, хулосаҳои дуруст бароварда шавад, дар он сурат худи ҳамон соҳа, ҷамъият ва давлат бурд мекунад. Вагарна, иллатҳои гуногун амиқ реша медавонанд ва бартараф намудани онҳо душвор мегардад. 
Дар кишваре, ки озодии сухан ва шаффофият вуҷуд дорад, дар он ҷо зиндагии фаровон ва рушди босуръат таъмин мегардад. Аҳамияти ВАО ва блогерҳо дар Ӯзбекистони Нав беҳамто аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ дар бобати ба шаҳрвандон додани ахбори саҳеҳ ёрӣ мерасонанд.
Хулоса карда гӯем, дар мамлакати мо барои таъмини озодии сухан, гуногунии афкор, баёни ошкорои фикру зикри одамон дар амал тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Воқеан, озодии сухан ва матбуот яке аз самтҳои устувори сиёсати Ӯзбекистон аст.

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.          
     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: