ХАТМКУНАНДАГОНИ АЪЛОХОН СОҲИБИ МЕДАЛ ШУДАНД

Толори барҳавои Кохи фарҳанги ноҳияи Сӯх шукӯҳи тоза касб мекард.

Як гурӯҳ омӯзгорон, хатмкунандагони мактабҳои таълимоти умумӣ ва махсусгардонидашудаи ноҳия ва падару модарони онҳо дар ин толор гирдиҳам омада буданд. Дар чеҳраи ҳама шодиву сурур ва хурсандӣ гул мекард, зеро баъди чанд лаҳза беҳтаринҳо бо шаҳодатномаҳои сурх ва медали тилло ё нуқра сазовор мешаванд. 
Ба гуфтаи ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев бори нахуст фориғуттаҳсилони мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва махсусгардонидашуда ба чунин теъдоди зиёд соҳиби шаҳодатномаҳои сурх ва медалҳо мешаванд.
– Шумо фарзандони беҳтарини Ӯзбекистони Нав ҳастед, мо бо ҳар кадоми шумо ифтихор мекунем, зеро дар ояндаи наздик идомадиҳандагони корҳои бузург маҳз шумо хоҳед шуд,– изҳор намуд Сайидмӯсоев.  
Вай афзуд, ки дар ноҳия 29 мактаби таълимоти ҳамагонӣ ва 3 мактаби миёнаи махсус фаъолият мекунад. Имсол онро бештар аз 900 нафар ҷавонон хатм намуда, ба шоҳроҳи ҳаёти нав қадам мегузоранд.  Аз онҳо 84 нафар медали тилло ва 25 нафар медали нуқра ба даст оварданд. 
Ба таъкиди мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Беҳрӯз Ҳусейнов ду соли охир ҳукумати Ӯзбекистон барои хатмкунандагони мактабҳои ноҳия квотаи махсус ҷудо кард. Соли 2020 бештар аз 250 нафар бо гранти давлатӣ ба донишгоҳҳои гуногуни кишвар дохил шудаанд.  
Ба далели он ки ноҳия аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон воқеъ гаштааст, баъзан ҷавонон зимни равуо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ҳамин ҳокимияти ноҳия аз Маркази давлатии тест дархост кардааст, ки имсол низ мисли ду соли пеш хатмкунандагони мактабҳои ноҳия имтиҳонҳои дохилшавиро дар худи ноҳия супоранд.
– То оғози имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳанӯз вақти кофӣ боқӣ мондааст. Бовар дорем, ки ин дархости моро Маркази давлатии тест ба назари эътибор мегирад,– изҳор намуд ҳокими ноҳия. 
– Ман соҳиби шаҳодатномаи сурх ва медали тилло шудам. Аз чунин комёбӣ мефахрам. Дар оянда омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик мешавам ва ба фарзандони мардум забони ноби форсӣ ва мероси ғании адибонамонро сабақ медиҳам,– мегӯяд бо ифтихор хатмкунандаи аълохон Ситора Назариён.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: