ДУХТУР ВА ҲУҚУҚШИНОС

Духтури яҳудие, баъди хатми донишгоҳ, дар бемористонҳои Амрико кор пайдо накард.

Духтури яҳудие, баъди хатми донишгоҳ, дар бемористонҳои Амрико кор пайдо накард. Биноан, қарор дод, ки клиникаи хурди хусусӣ кушояд. Кушод ва дар даромадгоҳи он эълонеро насб намуд:
«Барои муолиҷа бояд 20 доллар пардозед. Агар ба дардатон шифо наёбед, ба шумо 100 доллар баргардонда хоҳад шуд».
Чашми ҳуқуқшиносе ба эълон афтоду дар худ андешид: «Метавон 100 доллар ба даст даровард, бояд аз имконият истифода бурд». Ин гуфт ва вориди клиника гардид.
Байни ӯву духтур чунин гуфтугӯ сурат гирифт:
Ҳуқуқшинос:
— Духтур, чандест, ки тамъро ҳис намекунам.
Духтур:
— Хоҳари шафқат, аз қуттии рақами 22 доруро оварда ба даҳони бемор чаконед!
Ҳуқуқшинос:
— Тфу! О, ин керосин-ку?!
Духтур:
— Табрик мекунем, тамъро ҳис кардед. Аз шумо 20 доллар.
Ҳуқуқшиноси бахашмомада пулро пардохт. Вале баъди ду рӯз, барои ба мақсад расидан, вориди клиника шуд.
Ҳуқуқшинос:
— Духтур, хотираамро гум кардаам. Ҳеч чиз дар ёдам намемонад.
Духтур:
— Хоҳар, аз қуттии рақами 22 доруро оварда се қатра ба даҳони бемор чаконед.
Ҳуқуқшинос (дар ҳолати эътироз): 
— Охир ин керосин аст! Шумо дафъаи аввал ҳам ба даҳони ман керосин чаконда будед!
Духтур:
— Табрик, хотираатон баргаштааст. Аз шумо 20 доллар.
Ҳуқуқшиноси башӯромада пулро пардохту баъди як ҳафта, барои ба даст овардани 100 доллар, такрор даст ба дари клиника бурд.
Ҳуқуқшинос:
— Духтур қобилияти биноиям гум шудааст. Ҳеч чизро намебинам.
Духтур:
— Афсӯс, барои муолиҷаи чунин беморӣ дору надорем. Бигиред, ин 100 доллар аз они шумо.
Ҳуқуқшинос (ба рӯйи пул нигариста): 
— О, ин на 100, балки 20 доллар аст!
Духтур:
— Табрик, бародар, муолиҷа натиҷаи матлуб бахшид. Бояд 20 доллар пардозед.

Таҳияи Дурандеш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: