ХОНАНДА ҲАДДИ АҚАЛ ЯК КАСБРО ОМӮЗАД

Санъат ва арзишҳои миллӣ дар бобати рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Дар маҳаллаи Бахмалсойи ноҳияи Сайҳунобод бо иштироки ҳокими вилоят Ғафурҷон Мирзоев, вазири таълими халқ Бахтиёр Саидов, роҳбарони шуъбаҳо, масъулони соҳаи таълим, аҳли ҷомеа ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади видеоселекторие, ки бахшида ба рушди маорифу мактаб ва санъат баргузор шуда буд, роҳбари мамлакат таъкид кард, ки хатмкунандагони мактаб бояд ҳадди ақал як касбро омӯзад ва як асбоби миллиро навохта тавонад. Дар чорабинӣ аз ин ҷамъомади видеоселекторӣ лавҳаҳо намоиш дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба 41 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сайҳунобод ва 26 муассисаи таълимии вилоят 7 намуди асбобҳои миллӣ, китобҳои бадеӣ ва таълимӣ, таҷҳизоти варзишӣ ва компутерҳои замонавӣ дода шуд. Ба омӯзгори забони англисии мактаби миёнаи рақами 40-уми Сайҳунобод Момогул Қудратова, ки шогирдони ӯ ба мактабҳои олӣ бештар дохил шудааст, аз тарафи ҳокимияти ноҳия маблағи пешпардохти хонаи бисёрошёна супурда шуд. 
Вазир Бахтиёр Саидов ба сухан баромада, аз таваҷҷуҳ ба соҳаи таълим дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳокими вилоят нишони сарисинагии «Халқ таълими ҳомийси»-ро тақдим намуд.

Д. ШУҲРАТЗОД,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: