Имкони супурдани имтиҳонҳои байналмилалӣ фароҳам мегардад

Ба гуфтаи раҳбари дафтари матбуоти Агентии муассисаҳои таълими Президент Дилфуза Собирова мувофиқи қарори Президенти мамлакат аз 19 июли соли 2021 ва бар асоси талаби Агентии сатҳи байналмилалӣ (International Advanced Levels) барои арзёбии дониш ва маҳорати донишомӯзони даъвогар аз рӯи фанҳои STEAM (фанҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ, санъат ва риёзиёт) ва барои тақдими сертификатҳои AS ва A-LEVEL татбиқи амалиёт барномарезӣ шудааст.

Ба гуфтаи раҳбари дафтари матбуоти Агентии муассисаҳои таълими Президент Дилфуза Собирова мувофиқи қарори Президенти мамлакат  аз 19 июли соли 2021 ва  бар асоси талаби Агентии сатҳи байналмилалӣ (International Advanced Levels) барои арзёбии дониш ва маҳорати донишомӯзони даъвогар аз рӯи фанҳои STEAM (фанҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ, санъат ва риёзиёт) ва барои тақдими сертификатҳои AS ва A-LEVEL татбиқи амалиёт барномарезӣ шудааст.
– Ба сифати иҷрои ин қарор соли 2021 дар ҷумҳурии мо 4 мактаби президентӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштанд. Расидагӣ ба ин сатҳи баланд имкон фароҳам меоварад, ки дар баробари ба даст овардани чанд ҳуқуқ, инчунин ҳаққи баргузоркунии имтиҳонҳои байналмилалиро низ барои мо   медиҳад, – изҳор намуд Д. Собирова.
Мавсуф афзуд, ки ба таври мисол, ташкилоти Cam-bridge Assessment Inter-national Education дар ҷумҳуриамон 4 мактаби президентӣ, яъне мактабҳои президентӣ, воқеъ дар Тошканд, Нуқус, Хева ва Намангонро ба сифати маркази баргузор кардани имтиҳонҳои байналмилалӣ эътироф намуд. Ин барои донишомӯзон имконияти хеле хуб медиҳад, зеро минбаъд онҳо барои супурдани имтиҳонҳои байналмилалии А-level озими кишварҳои хориҷӣ нахоҳанд шуд. Онҳо метавонанд дар қаламрави кишвари худамон имтиҳонҳоро супоранд. 
– Ин имтиҳонҳо натанҳо барои таҳсилкунандагони мактабҳои президентӣ, балки барои даъвогарони дилхоҳ низ ҷорӣ мегардад,–мегӯяд Дилфуза Собирова. – Агар ин мавзӯъро ташреҳ карданӣ бошам, ин сертификат барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи дилхоҳ роҳи васеъ боз мекунад. Сертификати A-Level дар 1 ҳазору 750 донишгоҳи 95 кишвари дунё эътироф карда мешавад. Ба ин феҳраст ҳамаи донишгоҳҳои ба 20 беҳтарин  дохилнамудаи созмони Ti-mes Higher Education дохиланд.
 Ба таъкиди ӯ натиҷаҳои имтиҳонҳо на дар намои хол ё фоиз, балки ҳуруфи  A, B, C, D, E ифода меёбанд ва баҳои аз ҳама баланди A star (A*) шумурда мешавад. Одатан дар муассисаҳои таълими олии хориҷӣ аз рӯи фанҳо имтиҳон гирифта намешавад. Маълум шуд, ки дар онҳо яке аз талабҳои барои номзадҳо гузошташуда соҳибшавӣ ба сертификатҳои байналмилалӣ мебошад.
Яке аз чунин сертификатҳои созмони Cambridge Assessment International Education тақдимнамуда маҳз сертификатҳои A-level, инчунин AS ва IGCSE мебошанд. Ин сертификатҳо дараҷаи дониши ҷавононро нисбат ба ягон фан возеҳ нишон медиҳанд.
Аз сертификатҳои A-level, инчунин сертификатҳои AS ва IGCSE-ро низ медиҳад. Ин сертификатҳо барои дохилшавӣ дар баъзе донишгоҳҳои хориҷӣ аз даъвогарон талаб карда мешавад.
Нуктаи дигар ин аст, ки довталабон, новобаста аз синфе, ки дар он таҳсил мекунанд, инчунин вобаста ба дониш ва хоҳиши худ метавонистаанд ҳама гуна имтиҳонҳоро супоранд. Барои имтиҳон зиёда аз 50 намуди фанҳо пешниҳод карда мешудааст ва довталаб метавонистааст аз 3 то 5 фанро интихоб кунад. 
– Имсол хатмкунандагони мактабҳои президентӣ имкон пайдо мекунанд, ки аз фанҳои пешниҳодшуда, аз қабили математика, информатика, химия, биология, физика имтиҳон супоранд. Cambridge Assessment барои синну сол ягон маҳдудият ҷорӣ накардааст. Барои ҳамин даъвогарон метавонанд аз фани дилхоҳ имтиҳон супоранд. Маълумоти дигари муҳим ин аст, ки созмони Cambridge Assessment International Education ҳар сол варақаҳои имтиҳониро дар вебсайтҳои расмии худ мегузорад, – таъкид намуд Д. Собирова. 
Тибқи маъмулӣ, имтиҳонҳо дар саросари ҷаҳон дар моҳҳои май-июнь баргузор мегарданд. Гуфта мешавад, барои онҳое, ки дар ин мавсим холҳои кофӣ ба даст наовардаанд, дар моҳҳои октябр-ноябр имконияти дигар дода мешавад. 
Имтиҳон дар тамоми ҷаҳон дар як рӯз, дар як вақт гузаронда мешудааст. Санҷиши онлайни тест ташкил карда намешудааст, созмони Cam-bridge Assessment саволномаҳоро ба марказҳое мефиристодааст, ки ба стандартҳои муқарраршуда ҷавоб медодаанд ва нозирон дар имтиҳонҳо иштирок мекардаанд.
– Вақти рӯйхатгирии довталабон дар Ӯзбекистон баъди 20 январи соли равон шурӯъ мегардад. Маълумоти иловагӣ дар бораи азрӯйхатгузарӣ дар вебсайти расмии агентӣ гузошта мешавад, – иброз намуд Д. Собирова.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: