ТАЪЛИМИ БОСИФАТ МАРОМИ МОСТ

Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат

Литсейи ҳарбию академии “Темурбеклар мактаби”-и ноҳияи Шаҳрисабз марбути Вазорати вазъиятҳои фавқулода мебошад ва бинои боҳашами он дар шафати қасри қадимаи «Оқсарой»-и таърихӣ бунёд ёфтааст. Назар ба таърихнигораҳо замоне ин макон мавзеи буду боши соҳибқирон Амир Темур будааст. Дар зодгоҳи ин шахси таърихӣ ташкил шудани чунин як таълимгоҳ, ки барои мактабҳои олии кишвар шогирдони варзида омода месозад, маънои рамзӣ дорад.
Директори литсейи ҳарбию академӣ Ҳусниддин Абдуқодиров гуфт, ки ояндаи неки Ӯзбекистон ба ҷавонони ватанпарвар ва содиқ вобаста аст. “Темурбеклар мактаби” моҳи январи соли 2021 пас аз сохта ба истифода дода шудани бинои нави замонавӣ расман ифтитоҳ ёфт, аммо аз моҳи ноябри соли 2020 ба кори тадрис оғоз кардааст.
– Раҳбари давлат бо имзои чунин қарор ният дошт, ки ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият ёбанд ва барои сохтори мудофиаи кишвар ва дигар ниҳодҳои низомии он захираи мутахассисони варзида омода гарданд, – гуфт зимни сӯҳбат директори литсей. – Ба ин мақсад соли сеюм аст, ки хонандагони мактабҳои ҷумҳурӣ пас аз хатми синфи нӯҳум дар асоси озмуни махсус ба шогирдии ин таълимгоҳ пазируфта мешаванд. Дар литсей ҳоло дар маҷмӯъ 250 нафар хонанда ба таҳсили илм машғуланд ва таълимгоҳ тибқи нақша имкон дорад, ки ҳар сол тадриси 150 нафар муҳассилони иқтидормандро фаро бигирад.
Дар ин маскани илм хонандагон ду сол таҳсил мегиранд ва пас барои идомаи хониш ба мактабҳои олии кишвар мераванд. Назар ба гуфтаи директор, шогирдонаш пас аз хатми мактаби мазкур агар ба донишгоҳҳои ҳарбии кишвар ҳуҷҷат супоранд, ба миқдори 30 дарсад соҳиби имтиёз мешаванд. Агар мактаби олии дигарро интихоб кунанд, 15 дарсад имтиёз ба даст меоранд. Ин аст, ки аз тамоми ҷумҳурӣ садҳо нафар хонанда ҳуҷҷат супоридаву орзу мекунанд, ки ин ҷо таълим бигиранд. Барои муҳассилон аз ҳисоби давлат ҷойи хоб, се навбат ғизо ва сару либос ройгон дода мешавад. Дар литсейи мазкур танҳо писарон таҳсил мегиранд ва ба тарбияи онҳо мутахассисон аз рӯи реҷаи махсус шуғл меварзанд. Хоса, ба тарбияи ҷисмонии ҷавонон эътибори алоҳида дода шуда, толорҳои гуногуни варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавӣ амал мекунанд. Ҳамчунин кафедраҳои фанҳои дақиқу гуманитарӣ бо ҷиҳози таълими ҳозиразамон фароҳам гаштааст.
Ҳ. Абдуқодиров таъкид кард, ки устодони литсейро дар асоси озмун аз тамоми гӯшаи кишвар ҷамъ овардаанд. Айни ҳол 11 нафар муаллими тоифаи олӣ, 5 нафар тоифаи аввал, 4 нафар тоифаи дуюм ва 7 нафар омӯзгори соҳиби маълумоти олӣ ба хонандагон таълим медиҳанд. Дар байни онҳо чандин нафар соҳибони мукофотҳои давлатӣ, ба монанди «Фидоии таълими халқ» ва «Аълочии таълими халқ» низ ҳастанд.
Як нафар аз устодони ин даргоҳи илм Зиёдулло Кенҷаев гуфт, ки шогирдони литсейи мазкур фанҳои дақиқ, аз ҷумла математика, физика ва кимиёро ба таври амиқ меомӯзанд ва 65 дарсади таълимро дарсҳои амалӣ ташкил мекунанд.  
Ҳарчанд ба ташкил шудани литсейи мазкур фурсати бисёре нагузаштааст, аммо дастовардҳои шогирдони он чашмрасанд. Ба қарибӣ байни литсейҳои ҳарбию академии “Темурбеклар мактаби” ва “Ёш чегарачилар” дар мавзӯи “Мо такягоҳи  Ӯзбекистони Нав” сабқати фаннӣ доир гардид, ки дар бахши ҷумҳуриявии он доир ба корҳои эҷодӣ аз “Темурбеклар мактаби” Рамзиддин Усмонқулов ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар номинатсияҳои “Даъват ба ҷасорат” ва “Барои ғояҳои парастиши субот”-и озмун Ҷаҳонгир Худойбердиев ва Ҷонмуҳаммад Аҳадов ғолиб дониста шуданд. Ҳ. Абдуқодиров аз муваффақиятҳои шогирдони худ болида гуфт, ки барои таълим ва тарбияи чунин хонандагон ҳиссаи устодони пешқадами таълимгоҳ хеле арзанда аст. Устоди фанни физика Ҳафиз Қаюмов дар ихтисоси худ кори илмиро ба поён расонида, ба унвони доктори улуми фалсафа (PhD) мушарраф шудааст. Боз 4 нафар муаллими литсей барои дарёфти дараҷаи илмии PhD тадқиқоти илмӣ мебаранд. Ҳ. Қодиров таъкид кард, ки cоли 2023 Cоли эътибор ба инсон ва таълими босифат эълон гардид. Ин масъулият мо  – омӯзгоронро водор месозад, ки ба таълим ва тарбияи ҷавонони ватанпарвар нерӯи дучандон сарф созем. Ояндаи дурахшони Ӯзбекистони Нав маҳз ба насли хирадманд вобаста аст.

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори “Овози тоҷик” дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: