Имрӯзҳо бо ташаббуси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятиву ноҳиявии он дар маҳалҳо баҳри баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ, ҳуқуқи сиёсӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, афкори интеллектуалӣ ва ғайра корҳои зиёд амалӣ мешаванд.

Ба наздикӣ ба мақсади баланд бардоштани саводомӯзии ҳуқуқӣ, афзудани фикрронии танқидӣ ва таҳлилӣ, рушди санъати нотиқии ҷавонон дар байни мактабҳои касбу ҳунар ва таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Бӯка давраи ноҳиявии озмуни интеллектуалии “Мунозира” баргузор шуд.

Имрӯзҳо бо ташаббуси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятиву ноҳиявии он дар маҳалҳо баҳри баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ, ҳуқуқи сиёсӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, афкори интеллектуалӣ ва ғайра корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Ба наздикӣ ба мақсади баланд бардоштани саводомӯзии ҳуқуқӣ, афзудани фикрронии танқидӣ ва таҳлилӣ, рушди санъати нотиқии ҷавонон дар байни мактабҳои касбу ҳунар ва таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Бӯка давраи ноҳиявии озмуни интеллектуалии “Мунозира” баргузор шуд.  Дастаҳо тариқи қуръапартоӣ ба ҷамоаҳои “Тасдиқ” ва “Инкор” ҷудо карда шуданд. Ба аъзои ҳайати ҳакам ва вазифаи Time keeper мутахассисони соҳибмалака интихоб гардиданд. Дар охири мусобиқа мувофиқи хулосаи ҳакамон дастаи “Ситораҳои нав”-и техникуми агротехнологияи ноҳия (дар байни мактабҳои таълими касбӣ) ва ҷамоаи “Ҷавонони бунёдкор”-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 46 (дар байни мактабҳои таълими умумӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуда, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд. 
Дар сурат: лавҳа аз ҷараёни озмуни “Мунозира”-и давраи ноҳиявии Бӯка.
Суратгир: Қ. КАРИМОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: