МУЛОҚОТҲО БА ҲАМКОРИҲОИ ОЯНДА ЗАМИНАИ МУСОИД ФАРОҲАМ МЕОВАРАНД

Сафари ҳайате аз тоҷирону соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таҳти раёсати раиси ин ноҳия Нусратулло Салимзода, ки ба ноҳияи Риштони вилояти Фарғона сурат гирифт, дар густариши ҳамкориҳои байни ду вилояти ҳамҷавор хеле мусоидат хоҳад кард.

Меҳмонҳо нахуст аз Маркази байналмилалии кулолони Риштон боздид намуданд. Онҳо дар ин марказ бо маҳорату истеъдоди кулолони номӣ – узви Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Шарофиддин Юсуфов ва ғолиби чандин ҷашнвораҳои ҳунармандони байналмилалӣ Алишер Назиров аз наздик ошно шуданд. Онҳоро ҷилваи нақшу нигори зарфҳои гуногунсохт ва маҳсулоти сафолини дигар хеле ба ваҷд овард.
Баъд меҳмонон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Навоии шаҳри Риштон бо як гурӯҳ соҳибкорон дидору мулоқот анҷом доданд. Ин кулолон бевосита дар хонаҳои худ корхонаи хусусии кулолгарӣ ва чинибарорӣ ташкил карда ва ба истеҳсоли он машғул мебошанд. 
– Ташрифи мо ба ноҳияи Риштон, ки дар он нахустин Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди шӯравӣ аз Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов зодаву парварда шудааст, барои мо ҳодисаи хубу хотирмон мебошад. Гузашта аз ин, мардуми шаҳристони куҳанбунёди Риштон аз қадим бо ҳунари кулолгарӣ ном баровардаву шӯҳрат ёфтаанд. Намудҳои гуногуни маҳсулоти онҳоро дар бозорҳову дӯконҳои қаламрави вилояти Суғд низ пайдо кардан мумкин аст. Мо дар заминаи ин ташриф тасмим гирифтем, ки бо як қатор корхонаҳои кулолгариву чинибарории Риштон ҳамкорӣ барқарор кунем. Аз ин ҳамкорӣ соҳибкорони ду вилоят манфиатдор хоҳанд шуд, – гуфт Нусратулло Салимзода.
Дар ҷараёни ин ташриф масъалаи ҳамкории бевоситаи кулолони риштонӣ бо соҳибкорони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре ки ҳокими ноҳияи Риштон Баҳодур Холиқов изҳор намуд, ин ҳамкориҳо ҳатман натиҷаҳои хуб ба бор хоҳанд овард ва барои мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстии ду халқи бародар – тоҷикону ӯзбекон низ мусоидат хоҳанд намуд.

Дилором ДОДОБОЕВА,
роҳбари бахши ноҳияи риштонии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: