ITFC ба Ӯзбекистон 715 миллион доллар қарз дод

Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоративу молиявӣ (ITFC) ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 715 миллион доллар қарз дод.

Ин маблағ барои дастгирии кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ ва бахши тиҷорати хурду миёнаи кишвар масраф мешавад.

ITFC ва Ӯзбекистон дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи ҳамоҳангсозии арабӣ дар Тошканд созишномаҳо имзо карданд.

Маблағҳои ITFC дар ҳаҷми 600 миллион доллар барои дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ, молиявисозии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин мустаҳкам кардани корхонаҳои давлатӣ ва тиҷорати хурду миёна дар бахшҳои муҳим, аз қабили дорусозӣ, коркарди хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нассоҷӣ ва истеҳсолот равона карда  хоҳад дод.

Дар чаҳорчӯби созишномаи мурабаҳа, Ӯзбекистон барои харидории маҳсулоти кишоварзӣ 100 миллион доллар дарёфт хоҳад кард, то дар тӯли сол дастрасии гандум таъмин шавад, ки ба эътидол овардани нархи гандум барои фермерони маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ба ғайр аз дастгирии соҳавӣ, ITFC инчунин дар ҳамкорӣ бо АгроБонк ва филиали фаръии он "SmartBank" 15 миллион доллар ҷудо кардааст. Ҳадафи ин иқдом ба афзоиши саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии Ӯзбекистон тавассути пешниҳоди роҳҳои ҳалли молиявиву тиҷорат аст. Маблағгузории мазкур ба дастгирии бахшҳои саноати хӯрокворӣ, кишоварзӣ, истеҳсолот ва нассоҷӣ нигаронида шуда, инчунин барои ҳавасмандгардонии маблағгузории лоиҳаҳои сабз бо ҳадафҳои рушди устувор пешбинӣ шудааст.

Созишномаҳо ӯҳдадориҳои ITFC-ро на танҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ӯзбекистон, балки ба мусоидат ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ тавассути барномаи "Ҳамкории тиҷоратии Осиёи Марказӣ+" (TCCA+) таъкид мекунад.

Ин барнома ба афзоиши ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ миёни шаш кишвар, мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ нигаронда шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: