Ўзбекистон – Эрон: инновация, саноат ва технология

Дар Теҳрон ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов аз Хонаи инноватсия ва технологияи Эрон дидан кард.

Аъзои ҳайат бо дастовардҳои пешқадами ҳамкорони эронӣ дар бахшҳои илм, фанновариҳои саноатӣ ва рақамӣ, тиҷорат ва кишоварзӣ ошно шуданд.

Зимни боздид аз ин Марказ бо ноиби президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури инноватсия ва фанноварӣ Сурен Сатторӣ гуфтушунид сурат гирифт. Ҷонибҳо тадбирҳои фаъолсозии ҳамкориҳои дуҷонибаи илмию техникиро дар бахшҳои ояндадор, аз ҷумла дар бахшҳои биотехнология, тандурустӣ, бахши IT, нанотехнология ва кишоварзӣ баррасӣ карданд. Муҳимияти ба роҳ мондани ҳамкории зичи байниидоравӣ бо Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд карда шуд, ки ин имкон медиҳад ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба ва технологияҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ба низом оварда шаванд.

Ҳамчунин ба ҷалби ширкатҳои инноватсионии баландтехнологии Эрон барои тавсеаи фаъолият дар Ӯзбекистон ва табодули таҷриба ва мутахассисон бо корхонаҳои пешрафтаи саноатии Ӯзбекистон таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд. Дар бораи роҳандозии ҳамкориҳои амалӣ миёни технопарки “Пардис” дар Теҳрон ва Технопарки инноватсионии “Яшнобод” дар Тошканд тавофуқ ҳосил шуд.

Ҷониби Эрон пешниҳод кард, ки донишгоҳҳои бонуфуз, пажӯҳишгоҳҳо ва намояндагони бахши хусусии Ӯзбекистон барои ширкат дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм ва инноватсия дар Эрон, аз қабили “Iran Lab Expo”, “Innotex” ва “Innoweek” ҷалб карда шаванд, инчунин семинарҳои якҷоя ва конфронсхои илмӣ мунтазам ташкил карда шавад. Ба фаъолсозии шарикӣ дар соҳаи дорусозӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Омодагии тарафайн барои густариши ҳамкорӣ дар заминаи ҷорӣ кардани таҷрибаи пешқадами эронӣ дар тавлиди доруҳои пизишкии маъмул ибрози назар шуд.

Бинобар ҷамъбасти музокирот  дар бораи рушди мулоқот байни вазорату идораҳои соҳавии ду кишвар бо мақсади пеш бурдани ҳамкории амалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак дар соҳаи инноватсия, илм ва технологияҳо тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: