ҶАМЪИЯТИ ДӮСТИИ «ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН» БА КОР ШУРӮЪ КАРД

«Шоиру мутафаккирони бузурги мо – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ, Абдулло Қодирию Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулому Мирзо Турсунзода, Зулфияю Мирсаид Миршакар, Эркин Воҳидову Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар намунаҳои эҷоди худ дӯстии ҳақиқию самимии байни халқҳоямонро таҷассум намудаанд. Муносибатҳои бародаронаи халқҳоямон сарчашмаи илҳоми онҳо будааст». Шавкат МИРЗИЁЕВ

Ин суханони сарвари давлатамон моҳи марти соли сипаригардида, вақте ба кишвари ҳамсояи девордармиён – Тоҷикистон сафари таърихии давлатӣ анҷом дод, аз минбари воло садо доданд.
Президенти мо дар он сафар, ҳамчунин, бо орзумандии зиёд изҳор дошт, ки «мо ҳоло бо ҳам бисёр наздик хоҳем шуд».
Баъди ин сафари таърихӣ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд, рафтуо зиёд гардид. Чанд сол қабл ин рафтуомади озодонаро мардум дар хоб медиданд. Танҳо мурғони ҳавоӣ метавонистанд сарҳадҳои ду давлатро убур кунанд. Машқи зерини ин ҷониб, ишора ба парасту, маҳсули ҳамон солҳои диқу зиқ буд:
Зи пастиҳои мо боло бигардӣ,
Фаротар аз ғаву ғавғо бигардӣ.
Чӣ хушбахтӣ, аё мурғи ҷаҳонгард,
Ки бе «виза» ҳама дунё бигардӣ.
Сипоси сарварони ду давлат, ки имрӯзҳо мардуми оддӣ бе «виза» озодона рафтуомад доранд. Дар кишварҳоямон чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мегарданд. Дар муассисаҳои таълими олии кишварамон гурӯҳҳои тоҷикӣ кушода мешаванд, падару модарон, агар хоҳанд, фарзандонашон бо забони модарӣ таълим мегиранд, яъне дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ имкони боз шудани синфҳои тоҷикӣ пайдо шуд. Ин ҳама ба дӯстию қаробати халқҳои ӯзбеку тоҷик мусоидат менамоянд.
Дар он сафари таърихӣ байни ду давлати ҳамҷавор созишномаҳои зиёде ба тасвиб расиданд. Ҳоло навбат ба механизми амалкарди онҳост. Чанде қабл, ба мақсади таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии халқҳои ӯзбеку тоҷик дар пойтахти ҷумҳурӣ созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ – Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» ба кор шурӯъ кард. Раиси ҷамъияти мазкур Шавкат Ҳамроев ба хабарнигори мо дар ин хусус гузориш дод:
– Ҷамъомади таъсисии Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» 1 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд. Дар он гурӯҳи ташаббускор ва аъзои роҳандозии корҳои ҷамъият иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад бо хушнудӣ қайд гардид, ки Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» 4 сентябри соли 2019 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба рӯйихат гирифта шуд ва  низоми он бино ба тартиби муайянгардида ба тасвиб расид. Ҳоло ҷамъият ҳисоб-сурати бонкӣ, мӯҳр ва штампи худро дорад.
Дар гирдиҳамоӣ, ҳамчунин, вазифаҳои басе муҳим ва нақшаи кории ҷамъият дар семоҳаи чорум мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо бо сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Маркази фарҳанги миллии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва Маркази фарҳанги миллии ӯзбекон дар Тоҷикистон рӯйи эътибор гардонда шуд. Иштирокдорон, қайд намуданд, ки гузарондани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ба таҳким бахшидани  робитаҳои дӯстии байни ду давлат мусоидат менамоянд.
Таъкид гардид, ки баргузор намудани  маҳфилҳои адабӣ, намоишгоҳҳо бо шоиру нависандагон ва мусаввирони ду халқ, мулоқотҳои ошкоро бо тоҷикони маскуни Ӯзбекистон, бо иштироки намояндагони ду миллат гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ натиҷаи матлуб мебахшад. 
– Шавкат Раҳимович, Шумо гуфтед, ки дар ҷамъомади таъсисӣ вазифаҳои басе муҳим ва нақшаи кории ҷамъият дар семоҳаи чорум муҳокима гардид. Мушахассан, метавонед хонандагонро аз ин нақшаҳо огоҳ созед?
– Ба чашм. Мисолан, мо ба нақша гирифтаем, ки байни Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон», Маркази фарҳанги миллии тоҷикони Ӯзбекистон, сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Тоҷикистон дар Ӯзбекистон робитаҳои ҳамкориро ба роҳ монем. 
Иштирок дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангие, ки ба таҳкими равобиту дӯстии халқҳои ду мамлакат мусоидат менамоянд, ба нақшаи доимии мо ворид шудааст. Тибқи нақша мо бояд сари чанд вақт бо тоҷикони Ӯзбекистон доир ба мавзӯъҳои мухталиф суҳбату вохӯриҳо баргузор намоем, тавассути сафоратхонаи Ӯзбекистон бо ҳамватанони дар Тоҷикистон буда тамос бигирем. 
Якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, тавассути роҳандозии робита байни соҳибкорони ду мамлакат, кӯмак расондан ба ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ яке аз вазифаҳои мост. Ҷамъияти мо ба тарғиби иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон саҳм гузоштанист. Ба ҷуз ин, мо дар доираи имкон ба ҳалли мушкилоти соҳаҳои муайян кӯмак хоҳем кард.
Бале, тоҷикону ӯзбекон тӯли садсолаҳои зиёд дар як минтақа ҳамзистии осоишта доштаанд. Биноан, муштаракоти диниву фарҳангӣ, мазҳабӣ ва суративу сиратӣ доранд. Урфу одат, тарзи либоспӯшӣ ва арзишҳо низ қариб ки яксонанд.
Гуфтанӣ будем, ки нуқтаҳои пайванди таърихӣ низ ба қаробати ин ду халқи заҳматписанд ва бунёдгар мусоидат менамоянд. Боқӣ, бисёр мехостем, ки нақшаҳои неку наҷиби Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» ба амал татбиқ гарданд ва дӯстиву бародарии халқҳои мо беш аз пеш таҳким ёбад.

А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори
 «Овози тоҷик».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: