МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ҚОНУН БАРРАСӢ ШУДАНД

Пас аз номи Ӯзбекистони навро гирифтани мамлакатамон дар он дигаргуниҳои нав ба вуқӯъ пайваст.

Пас аз номи Ӯзбекистони навро гирифтани мамлакатамон дар он дигаргуниҳои нав ба вуқӯъ пайваст. Аз ҷумла, имрӯз шурӯъ аз роҳбарон то қишри аҳолии ба кӯмаки иҷтимоӣ муҳтоҷ, эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Чандест, ки роҳбарони секторҳо бино ба нақшаи корӣ дар мавзеъҳо қабули сайёр гузаронида, бо мушкилоти аҳолӣ аз наздик шинос мешаванд.
Аз тарафи қабулхонаи халқӣ ва Маъмурияти Президент дар зиёратгоҳи Бибионаи ноҳияи Чуст ба мақсади ҳаллу фасл намудани мушкилоти аҳолӣ қабули оммавӣ баргузор шуд. Дар он мудири шуъбаи Маъмурияти Президент Бегзод Болиев, муовини якуми раиси суди олӣ Робахон Маҳмудова, судяи шӯрои олии судяҳо Рустам Тангабоев, ҷонишини сарпрокурори ҷумҳурӣ Эркинҷон Йӯлдошев, ходими масъули идораи кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ Одилҷон Ёқубов ва ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов иштирок карда, муроҷиати шаҳрвандони ноҳияҳои Чуст, Поп ва Тӯрақӯрғонро шуниданд. Аз ҷумла, шаҳрвандон Фурқат Шарифбоев ва Илҳом Арслонов, ки тӯли солҳои 2009-2012 дар вазифаҳои масъули шуъбаи корхонаи унитарии «Водийгазтаъминот»-и ноҳияи Чуст кор карда буданд, дар муроҷиати худ изҳор доштаанд, ки аз ҳукми суди корҳои ҷиноӣ норозианд. Назар ба маълумоти онҳо, пас аз 8 соли қатъ гардидани фаъолияташон дар корхонаи мазкур, бино ба ҳукми моҳи ноябри соли 2019-и суд барои камомад айбдор дониста шудаанд. Дар ҷараёни суд ҷавобгарон далелҳои раднопазир оварда бошанд ҳам, он аз тарафи суд рад карда шудааст. Як сол қабл аз ин, Суди олӣ кори онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, барои азнав дида баромадан ба инстансияи поёнӣ ирсол дошт. 23 апрели соли ҷорӣ бошад, апеллятсияи ҳайати судии корҳои ҷиноӣ корро азнав дида баромада, ҷавобгаронро айбдор донист.
Ҷонишини якуми раиси суди олӣ таъкид кард, ки кори онҳо аз рӯйи тартиби касатсия тибқи қонун ҳаллу фасл карда мешавад.
Дар давоми қабул ҷамъ 138 муроҷиати аҳолӣ, аз ҷумла 89 ҷиноӣ, 45 шаҳрвандӣ, 17 ҳуқуқиву оммавӣ ва 2 муроҷиати иқтисодӣ шунида шуд. 28 муроҷиат дар ҷойи худ мусбат ҳаллу фасл гардид. 34 аризаву шикояте, ки бояд дар асоси тартиби апеллятсия ва касатсия азнав дида баромада мешуданд, мавриди эътибор қарор гирифтанд. Бино ба 76 мушкилот маслиҳатҳои ҳуқуқӣ пешниҳод гардид.
Дар натиҷаи қабули сайёр мушкилоти аҳолӣ, ки тӯли солҳо азият медод, мусбат ҳаллу фасл гардид.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: