ҶАВОНОН ВА ИСТИҚЛОЛ

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замон насли ҷавон дар кишварҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ва давлату ҳукумат қарор гирифтаанд.

Таърих гувоҳ  аст, ки дар ҳама давру замон насли ҷавон  дар кишварҳои мухталиф мавриди таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ва давлату ҳукумат қарор гирифтаанд. Ин ҷо  суоле сар мезанад, ки чаро чунин аст? Чаро ҷавонҳо бештар мавриди таваҷҷӯҳи  давлат қарор мегиранд? Ин савол бояд дар зеҳни ҳар ҷавони кишвар давр занад, албатта, ҷавобҳои он низ вобаста ба донишу ҷаҳонбинии ҳар нафар гуногун хоҳад буд. Ҷавобҳои зиёде ба ин суол пайдо намудан мумкин аст, аммо  возеҳтар он аст, ки  ба хотири фардои ободу дурахшон ва рушди кишвар ин насл мавриди таваҷҷӯҳ ва дастгирӣ қарор мегиранд. Аз ин лиҳоз имрӯз зарур аст ҷавонони кишвар дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи бевоситаи давлату ҳукумати кишвар  ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни  ҷумҳурӣ сайъу талош намоянд.  
Истиқлолият, ки чун неъмати бебаҳо насиби халқи мо гардид, шароити созгореро ба вуҷуд овард, ки  ба хотири рушду пешрафт насли ҷавон метавонанд саъю талош намоянд.  Ин масъулият дар замири онҳо пеш аз ҳама он шӯълаи меҳру муҳаббати Ватанро бедор намуд. Маҳз, ҷавонони худшиносу худогоҳ ва  ватандӯсту ватанпарвар метавонанд дар оянда барои ин Ватани азиз  хидмати арзандаро анҷом диҳанд. Аз ин хотир, созандаву ташаббускор парвариш намудани ҷавонон аз  вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Албатта, дар мактабу донишгоҳҳо барои дар ин рӯҳия тарбия намудани ҷавонон талошҳои зиёд анҷом дода мешавад. Аммо, муҳит ва ҷомеа низ  дар ин самт таъсири зиёд расонида метавонад. Имрӯз моро зарур аст, ки аз синни томактабӣ оғоз намуда, меҳри Ватанро дар қалби кӯдакону наврасон ҷойгир намоем ва барои ин аз ҳама имконияту шароитҳо истифода барем. Зеро дар ҳоли ҳозир яке аз муҳимтарин ҳадафҳои панҷ ташаббуси сарвари давлат маҳз ба ҳамин нуктаҳо равона карда шудаанд. Ин панҷ ташаббус, ки алҳол дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дар амал татбиқ мегарданд, барои рушд ва инкишофи қобилият ва истеъдоди наврасону ҷавонон, кашфи ҷавонони соҳибистеъдод аҳамияти калон доранд. Насли ҷавон метавонад аз даврони мактабӣ қобилият ва истеъдоди худро аз рӯи ин панҷ ташаббус кор барад, маҳорати худро нишон диҳад. 
Мусаллам аст, ки дар ҳама давр ҷавонони  эҷодкору  ихтироъкор  дар рушду пешрафт  ва таррақиёти кишвар саҳмгузоранд, аз ин лиҳоз   ҳар як  ҷавон бояд боре сари ин масъала андеша намояд, ки барои Ватан чӣ коре анҷом дода метавонад? Албатта, на ҳама эҷодкору ихтироъкор мешаванд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳар нафар вобаста ба шавқу завқи хеш ба коре меҳру муҳаббат дорад. Ва агар ҳар ҷавон саривақт дарк намояд, ки ба кадом касб ё пешае дилбастагӣ дорад ва бо назардошти ин пайи омӯзиши он кӯшиш намояд, метавон гуфт, ки  фардо аз ӯ ҳатман нафъе ба ҷомеа хоҳад расид. Ба ин маънӣ,  бояд ҷавонон аввалан ба илму донишомӯзӣ таваҷҷӯҳи зиёд дошта бошанд ва вобаста ба имкону шароит ва малакаи хеш касби дилхоҳро интихоб намоянд. Интихоби касб барои ҳар як  шахс хеле муҳим аст, зеро агар ба касби дилхоҳи хеш машғул гардед, метавон гуфт, ки шумо  барои пешрафти кишвар саҳм мегузоред, аммо агар ба касбе, ки дӯст намедоред, машғул гардед, чизеро интизор будан ғайри имкон аст.   
Истиқлолияти кишвар ва рушду пешрафти ҷаҳони муосир имрӯз тақозо дорад, ки  ҷавонони  кишвари мо  ба илму дониши замонавӣ рӯй оварда, кор бо технологияҳои муосирро  аз худ намоянд. Хушбахтона, дар замони истиқлолият  ҳама гуна шароиту имконият барои омӯзиши илмҳои замонавӣ муҳайё мебошад.  Пас, имрӯз  муҳим ва зарур аст, ки бо шавқу завқи дучанд  дар талаби илму дониш бошем.      
Раванди ҷаҳонишавӣ ва истиқлолияти кишвар имрӯз моро водор менамояд, ки беш аз пеш ба масоили худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таваҷҷӯҳ дошта бошем. Аз ин лиҳоз бидуни худшиносӣ ва нерӯи созанда мо наметавонем ба чизе умед бибандем. Дар ин маврид бояд таъкид намуд, ки тақвият бахшидан ба  раванди ташаккули андешаи солими ҷавонон  ва дар рӯҳияи бедории миллӣ тарбият намудани онҳо вазифаи ҳар як фарди солимфикри давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. 
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз  фарзандони асилу худогоҳ  бо талошу ҷоннисориҳои хеш барои ҳифзи муқаддасоти халқи худ замина фароҳам овардаанд. Дар ҳама давру замон фарзандони фарзонаи миллат новобаста аз ҳаводиси айём тавонистанд, ки таъриху  фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси худро ҳифз намоянд. Номи бузургони мо дар саҳифаҳои рӯшани таърих сабт шудааст  ва ҳама  хидмати барҷастаи  онҳо  барои  мо  ҷавонони  имрӯз,  ояндасози  ин сарзамин, бояд  сабақи  ҳаёт бошад.
Ҷавонон бояд фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвари азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. 
Ин ҳама ғамхориву дастгириҳои ҳукумат дар даврони истиқлолият масъулияти ҳар як фарди ҷавонро бамаротиб афзун намуда, барои ободиву пешрафти кишвари азиз пайваста талош намуданро тақозо дорад. 

Меҳровари ҚОДИР.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: