БОНУИ ПЕШҚАДАМУ МЕҲНАТДӮСТ

Шуғл варзидан бо корҳои кишоварзӣ, ба хусус, тоб овардан ба душвориҳои обу ҳавои чаҳор фасли сол барои занони деҳа кори осон нест.

 Нигора Ҷӯнашева аз шумораи бонувоне мебошад, ки дашту саҳроҳои ноҳияи Попи вилояти Намангонро обод намуда, дар пахтаву гандумкорӣ дастовардҳои зиёдро ноил гаштааст.
Хоҷагии фермерии «Интизор Поп», ки ӯ сарварӣ менамояд, аввали моҳи сентябр супоришоти солонаи пахтачиниро иҷро кард. 
Дар ҷамъомади фермерони пешқадам, ки дар маркази вилоят баргузор шуд, ҳокими вилоят меҳнати ӯро барои фермерони дигар ҳамчун намунаи ибрат нишон дод.
– Меҳнат бахт меорад, – гуфтаанд, гузаштагони мо. Агар меҳнати инсон дар назди дигарон эътироф ва қадрдонӣ гардад, худи ҳамин аз хастагиҳо халос мекардааст, – гуфт Н. Ҷӯнашева. – Хоҷагиамон 20 нафар аъзо дорад. Барои онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардем. Онҳо аз аввали баҳор аз таҳти дил меҳнат мекунанд. Дар 25 гектар замин пахта ва дар 42 гектар гандум коштем. Гандум ҳосили хуб дод. Аз ҳар як гектари он 70 сентнерӣ ҳосил гирифтем. Гандуми аз нақша барзиёдро ба аъзоёни хоҷагӣ тақсим карда додем. 
Замини аз ҳосил холишуда барои кишти дуюм ба бошандагони маҳаллаҳои Янгиер ва Марғизор супурда шуд.
Нигора барои ҳамаи мо намунаи ибрат аст, мегӯянд аъзоёни хоҷагӣ, ӯ тракторронӣ, обёрии замин, нигоҳубини пахтаву гандум – ҳамаашро ӯҳда карда метавонад.
Тухми гандум, ки бо ниятҳои нек кошта шуд, аллакай сабзида, қолии сабзро мемонад. Аз ин бармеояд, ки фермерон аз ҳосили фаровон ва ризқи соли оянда дилпур ҳастанд. Барои ин ба замин нигоҳубин лозим ва ба ҳосил эътибор бояд дод.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: