РЕГИСТОН – ИНШООТИ ҶОЛИБИ САЙЁҲИИ ҶАҲОНӢ

Дар Самарқанд маросими супурдани сертификатҳо ба иншооте баргузор шуд, ки ба рӯйхати Созмони «Иншооти ҷолиби сайёҳии ҷаҳонӣ» ворид шудаанд.

Дар чорабинӣ котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодии Авросиё Владимир Пискурев, муовини ҳокими вилояти Самарқанд Р.Қобилов ва дигарон дар бораи рӯйхат ва аҳамияти он ҳарф заданд.
Дар иҷлосияи дуюми Шӯрои Авросиё оид ба масъалаҳои фарҳанг, илм ва таълим, ки 7 ноябри соли 2017 дар шаҳри Анталия (Туркия) баргузор шуд, Баённома «Дар бораи оммавӣ кардани иншооти ҷолиби сайёҳӣ ба манфиати рушди устувори ҳамҷамъиятҳо, халқҳо ва миллатҳо» қабул гардид. Дар доираи татбиқ сохтани Баённома Кумитаи байналхалқии масъалаҳои ҷолибияти сайёҳӣ ва рушди устувори сайёҳӣ таъсис ёфт. Мақсади асосии фаъолияти он оммавӣ кардани ҷойҳои диданӣ ва ҳудудҳо дар роҳи рушди устувори ҳамҷамъиятҳо, халқҳо ва миллатҳо муайян гардид.
– Кумитаи байналхалқӣ рӯйхати иншооти ҷолиби сайёҳии ҷаҳониро дар сатҳи ҷаҳонӣ тартиб медиҳад, нав мекунад ва эълон менамояд, дар ин замина ба ҷойҳои моддиву табиии шоистаи диққат ва иншооти маданияти ғайримоддӣ эътибор медиҳад, – гуфт Р.Қобилов. – Дохил кардани иншооти муайян ба рӯйхати иншооти ҷолиби сайёҳии ҷаҳонӣ аз тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияи Кумитаи байналхалқӣ ҳаллу фасл мегардад. То имрӯз ба рӯйхат иншооти мероси моддӣ ва ғайримоддие, ки дар 198 шаҳри кишварҳои узви созмон воқеъ мебошанд, дохил карда шудаанд.
– Мероси умумиҷаҳонии моддӣ ва ғайримоддӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба қайд гирифта ва ҳифз карда мешавад, – гуфт котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодии Авросиё Владимир Пискурев. – Рӯйхате, ки мо тартиб медиҳем, ба тарғибу ташвиқ ва ҳифзи иншооте мусоидат мекунад, ки дар тамоми ҷаҳон эътибор доранд. Ба сайёҳон имконият дода мешавад, ки иншооти воқеан ҷолибро интихоб намоянд. То имрӯз ба рӯйхати мо 2200 иншооте, ки дар гӯшаву канори гуногуни ҷаҳон воқеъ мебошанд, дохил карда шудаанд. Инак, ин рӯйхат бо  майдони Регистон ва маҷмӯи Шоҳи Зинда пурра карда шуд. Овоздиҳӣ дар тӯли чаҳор сол идома ёфт, ба иншооти мазкур сайёҳони 198 давлат баҳои баланд доданд. Он чиз боиси эътибор аст, ки беш аз 50 фоизи овоздиҳандагон дар бораи он, ки Регистон бояд иншооти аввалин барои зиёрати сайёҳони ҷаҳон бошад, ибрози ақида намуданд.
Иншооте, ки ба рӯйхати созмони «Иншооти ҷолиби сайёҳии ҷаҳонӣ» дохил карда шудаанд, аз ҷониби 900 оҷонсии машҳур, аз ҷумла CNN, Euronews, BBC, Sinxua, SNN ва ғайра тарғибу ташвиқ карда мешаванд.

Ғ. ҲАСАНОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: