КОМЁБИИ МЕҲНАТИИ КИРМАКПАРВАРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО

Кирмакпарварони диловари вилояти Бухоро дар ҷумҳурӣ аввалин шуда супоришоти шартномавии ба давлат супоридани пилларо сарбаландона иҷро карданд.

Имсол дар вилоят беш аз 3 ҳазор хоҷагии фермерӣ ё ки қариб 40 ҳазор нафар звеною хонакорон 46 ҳазору 467 қуттӣ кирмак парвариш намуда, зиёда аз 2 ҳазору 700 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол карданд. Ҳосилнокӣ дар миқёси вилоят аз ҳар қуттӣ 60-65 килограммӣ, дар звеноҳои пешқадам 85-100 килограммиро ташкил намуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки масъулияти кластерҳои азнавкоркунӣ: дар ноҳияҳои Шофиркон ва Ғиҷдувон «Gijduvon ipak tola», дар ноҳияҳои Ҷондор ва Рометан «Romstar», дар ноҳияҳои Вобканд ва Когон «Kumushkent ipagi», дар ноҳияи Бухоро «Silk geruis», дар ноҳияи Пешкӯ «IMANSTAR», дар ноҳияҳои Олот ва Қарокӯл «Qorako’l ipak cluster» афзуд ва ба кирмакпарварон шароити зарурӣ муҳайё карда шуд.
Дар комёбии имрӯза саҳми бонкҳои маҳаллии «Агробонк», «Микрокредитбонк», «Қишлоққурилишбонк», «Капиталбонк» низ арзанда гардид. Ба туфайли кумаки онҳо ба звеноҳо ба андозаи бештар аз 23 миллиард сӯм аванс дода шуд.
Барои ҳар як килограмм пиллае, ки аз нақша зиёдатӣ дода шуд, 40-45 ҳазор сӯмӣ мукофот гирифтани кирмакпарварон ба онҳо рӯҳбаландӣ бахшид. Аз баъзе андозҳо озод гардидан ва ҳангоми ба нафақабароӣ як сол стажи меҳнатӣ ҳисобида шудани як мавсими кирмакпарварӣ низ кормандони соҳаро дилгарм намуд.
Бо мақсади зиёдтар гардондани бошуғлфарогирии аҳолӣ имсол нисбат ба дигар солҳо 10 фоиз – 4,5 ҳазор қуттӣ кирмак зиёдтар дода шуд. Дар натиҷа онҳое, ки шомили «дафтарҳо» буданд, ҳам соҳиби кор ва ҳам соҳиби даромад гардиданд. Ҳамин тариқ, дар давоми мавсим 110 ҳазор нафар бо кор таъмин шуданд.
Дар вилоят сари сол 5 ҳазор килограмм тухми тут корида шуда, захираи 100 миллион бех ниҳоли тут фароҳам омад. 
Ҳоло пилласупорӣ идома дорад. Баъди қабули ҳосили мавсимҳои якуму дуюм истеҳсоли пилла дар вилоят ба 3 ҳазор тонна мерасад.
Аз ҳисоби азнавкоркунии маҳсулот 850 тонна абрешими нимтайёр омода гашта, он содир  мегардад.
Моҳҳои август-сентябр дар вилоят дар мавсимҳои сеюм ва чорум 6970 қуттӣ кирмак парвариш меёбад. То охири сол боз 400 тонна пилла дастрас мегардад ва даромади аҳли деҳот меафзояд.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: