КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА ДАР МОҲИ ШАРИФ

Моҳи шарифи Рамазон бо фазилатҳои хубаш аз дигар моҳҳо ба куллӣ фарқ мекунад.

Ин моҳ на танҳо моҳи ибодат, балки моҳи меҳру саховат ҳам мебошад. Ба дармондагону ночорон меҳру саховат нишон додан аҷру савоби бузург ҳам дорад. Ба муносибати Иди Фитр аз номи халқи саховатпешаи Ӯзбекистон ба халқи Афғонистон кӯмаки навбатии инсонпарварона расонида шуд. 
Корвони маҳсулот, ки аз 48 тонна орд, 48 тонна гандум, 15,7 тонна равғани растанӣ, 10 ҳазору 20 дона гӯшти консерв, 22 тонна макарон, 24 тонна шакар ва 100 ҳазор дона хӯриши тезтайёр иборат буд, тавассути боҷхонаи Ҳайратони Тирмиз ба шаҳри Ҳайратони (шимоли вилояти Балх) Афғонистон интиқол ёфт. Ба ин муносибат дар ҳудуди ширкати Астраси шаҳри Ҳайратон бо иштироки намояндагии махсуси Ӯзбекистон дар Афғонистон Исматулло Эргашев, муовини якуми ҳокими вилояти Сурхондарё Анвар Орипов ва вазири иқтисодиёти ҳукумати муваққатии Афғонистон Динмуҳаммад Ҳаниф ва дигар мақомоти расмӣ маросими супоридани ин кӯмаки башардӯстона баргузор шуд. Мақомоти Афғонистон барои ин кӯмаки беғаразона ва башардӯстонаи Ӯзбекистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: